Полковник Холдорбекова: "Милиса ҳам инсон аст – гоҳ нарму гоҳе дағал" ВИДЕО

Субҳи Зебо Холдорбекова ба фарқ аз занони дигари коргар дар Тоҷикистон бо интихоби либос ва ороишоти зиёд шуруъ намешавад. Либоси кории ӯ ягона ва муайян аст. Ӯ 25 сол боз ҳар субҳ бо либоси низомӣ аз хона берун меояд.

Одами дағал дар ҳама самту соҳа ҳаст ва милиса истисно нест.

​Полковники милиса Зебо Холдорбекова ба ҳайси муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонон кор мекунад. Гоҳе ҳамчун модар кӯдакони оворагарду душвортарбияро насиҳат мекунад ва гоҳе дигар аз онҳо баёнот мегирад.

Холдорбекова рӯзи 10-уми ноябр, дар рӯзи милиса гуфт, ба низоми сахти кор, аз ҷумла ҳолатҳои изтирорӣ одат кардааст. Вай иқрор мешавад, ки барояш чун як зан ва модари кӯдакони хурдсол солҳои аввали кор дар соҳаи милиса сахт буд. "Ҳолатҳое буд, ки бояд соати 7-и субҳ бо либоси низомӣ дар қатор саф мекашидем ва айни замон бояд кӯдаконро бо шиками сер ба боғча мебурдам", - нақл кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Занони милиса: "Мо ҳам одамем, гоҳ нарму гоҳе дағал"

Бо вуҷуди ин ҳама, номи исми маъмурони милиса дар солҳои охир борҳо дар қазияҳои марбут ба фасод ва зӯроварӣ зикр шудааст. Ошкор шудани баъзе қазияҳои зӯроварии пулис низ мақоли як замон машҳури "милисаи ман - ҳомии ман"-ро камранг кард. Вале ин зани полковник мегӯяд, ҳамеша кӯшиш мекунад, то ошкор шудани ҷиноят бо ноболиғони гумонбар дар бетартибиву ҷиноят муносибати нарм дошта бошад.

Зебо Холдорбекова

Ӯ хуб медонад, ки масъулияташ ҷиддӣ аст ва бо сарнавишти наврасон машғул аст. Қишре, ки аз паёмади амалу рафтори худ хуб огоҳ нест. "Ҳамеша як фикр дорам, ки ноболиғ барои амалҳои худ ҷавоб гуфта наметавонад. Дуруст аст, ки бояд ҳама барои кори кардаи худ посух гӯяд, аммо бояд бо додани ҷазо иктифо накард. Дарди дили ӯро шунид ва барояш бояд гуфт, роҳи дуруст кадом аст", - афзуд ӯ.

Ин зани полковник медонад, ки гоҳе барои иҷрои талаботи корӣ, баъзеҳо нисбат ба ӯ ва ҳамкоронаш эҳсоси бадбиниву нафрат мекунанд, аммо мегӯяд, кораш ҳамин аст ва бояд гумонбар ё ҷинояткор барои ҳар амали ғайриқонунии худ ҷазо гирад. Зебо Холдорбекова инкор намекунад, ки бархе аз милисаҳо зимни ошкор кардани ҷиноят ва боздошти муҷрим, аз лаҳни сахту дурушт кор мегиранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сокинони Душанбе: Полис хушахлоқ, касбӣ ва орӣ аз фасод бошад

"Милисаҳо ҳам инсонанд ва ҳар кас хислати гуногун дорад. Одами дағал дар ҳама самту соҳа аст ва милиса ҳам истисно нест. Сафи кормандони милиса зиёд аст ва миёни онҳо афроде ҳам ҳаст ки баъди хидмати артиш ба кор омадаанд ва маълумоти олӣ надоранд", - мегӯяд ӯ. Аммо ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ҳамкории ин ниҳод бо ҷомеа сол аз сол густариш ёфта, бовари сокинон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ меафзояд.

Азиза Давлатшоева -- муаллифи "Гимни милиса"

Ҳоло мисли полковники милиса Зебо Холдорбекова дар сафи кормандони Вазорати умури дохилӣ 1500 зану духтари дигар кору фаъолият доранд. Аксарият дар бахшҳои идориву ҳуҷҷатгузорӣ кор мекунанд ва инро ҳам ба тавоноии занон марбут медонанд.

Азиза Давлатшоева, полковники милиса, ки дар Академияи ВКД ба донишҷуён дарс мегӯяд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди онки милиса як касби мардона шинохта мешавад, теъдоди духтарон дар солҳои охир барои таҳсил бештар мешавад. Ӯ, ки муаллифи "Гимни милиса" ҳам ҳаст, мегӯяд, ҳоло шогирдони академия дар тамоми бахшҳои Вазорати корҳои дохилӣ кор мекунанд. "Асосан онҳо дар шӯъбаҳои тафтишот, таҳлилгар, котибот ва кадр, ки нисбатан сабуктар аст, кор мекунанд", - шарҳ дод ӯ.

Беадолатиҳо Баҳригулро аз Дарвоз ба Академияи ВКД овард

Имсол ба фарқ аз солҳои қаблӣ ҳам теъдоди донишҷуёни Академияи милиса бештар шудааст. Танҳо имсол 26 духтар донишҷӯи Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шудаанд. Баҳригул Бобиева, курсанти Академияи ВКД-ро беадолатиҳо дар ҷомеа аз ноҳияи дурдасти Дарвоз ба пойтахт овард.

Ин духтари ҷавон мегӯяд, ҳар боре ҳодисаи зӯроварии мардони хонаводаро нисбат ба занон медид, тасмимаш барои милиса шудан ҷиддитар мешуд. Барои амалӣ шудани орзуяш падар ба ӯ кумак кардааст. Баҳригул гуфт, "вақте занон дар оила гирифтори хушунат мешаванд ва ҳуқуқи онҳо поймол мешавад, хуб аст, ки сафи занони милиса зиёд бошад. Зеро занҳо дарди занҳоро хуб мефаҳманд."

Баҳригул Бобиева дар гурӯҳе, ки таҳсил мекунад, ягона духтар аст ва ба гуфтаи худаш дар аввал барояш чандон осон набуд. Вале ҳоло одат кардааст.

101 соли милисаи тоҷик

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон яке аз бузургтарин ниҳоди интизомӣ дар кишвар аст, ки Раёсатҳои алоҳидаи мубориза бо маводи мухаддиру терроризм дорад ва Хадамоти шиносномаву додани ҳуҷҷати ронандагӣ ба шаҳрвандон ва хадамоти оташнишонӣ марбути он аст.

Дар Тоҷикистон ҳар сол рӯзи 10-уми ноябрро ҳамчун "Рӯзи милисаи тоҷик" таҷлил мекунанд.

Таърихи милисаи тоҷик амалан аз соли 1917, вақте аввалин ҷузъу томҳои корҳои дохилии сурх дар Хуҷанд таъсис ёфтанд, оғоз мегирад. Милисаи Тоҷикистони Шӯравӣ 6-уми феврали соли 1924 таъсис шуд ва то соли 2006 "Рӯзи милисаи тоҷик" рӯзи 6-уми феврал феврал буд.

Баҳригул Бобиева

Се сол боз ислоҳоти ин сохтор ба тадриҷ ҷараён дорад. Тибқи барномаи ислоҳот, дар баробари табдили номи милиса ба пулис, як силсила ислоҳоти дигаре ҳам роҳандозӣ хоҳад шуд, ки ҳадафаш, ба гуфтаи мақомот, боло бурдани эътимоди мардум ба мақомоти умури дохилӣ ва ба ҳомии воқеии қонуну тартибот табдил додани онҳост.

Ҳамчунин дар як соли ахир бархе аз милисаҳои фарбеҳро ба харобшавӣ маҷбур карданд, ҳамаро ба тамошои намоишномаҳои театрӣ фиристоданд, якчанд кормандро барои истифодаи шиканҷа ба ҷавобгарӣ кашиданд ва бо таҳияи "телефони боварӣ" назорати ҷомеаро аз рӯи фаъолияти пулис ва ҷинояткорӣ бештар карданд.

Аммо, бо ин ҳама, ба гуфтаи сокинону коршиносон, барои ба даст овардани эътимоди мардум маъмурони милисаро роҳи мушкилу тӯлонӣ дар пеш аст.