Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милисаҳои тоҷик аз ҳаққи душаҳрвандӣ маҳрум шуданд


Аз ин ба баъд маъмурони милиса дар Тоҷикистон ҳаққи доштани шаҳрвандии кишвари дигарро надоранд ва дар сурати ифшо шудан, ин кормандон билофосила аз кор барканор мешаванд. Ин қонун аз милисаи қаторӣ то вазирро дарбар мегирад, зеро фаъолияти онҳо бо "сирри давлатӣ", рабт дорад.

Дар иҷлосияи рӯзи 7-уми июни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба қонун "Дар бораи милиса" тағйирот ворид гардид, ки тибқи он, фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, ашхоси бидуни шаҳрвандӣ ва душаҳрвандӣ дар ниҳодҳои умури дохилаи кишвар, мамнӯъ шуд. Ин тарҳро дар порлумон Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон, муаррифӣ кард.

Аз ин ба баъд маъмурони милиса дар Тоҷикистон ҳаққи доштани шаҳрвандии кишвари дигарро надоранд ва дар сурати ифшо шудан, ин кормандон билофосила аз кор барканор мешаванд.

Аз ин қабл, дар моҳи декабри соли 2014 дар Тоҷикистон санаде тасвиб шуд, ки бар асоси он шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бо ду шаҳрвандӣ, ҳаққи фаъолият дар вазорати умури хориҷаро надоранд. Дар моҳи ноябри соли 2016 чунин мамнӯъият дар нисбати кормандони ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон, ҷорӣ гардид.

Ҳамчунин, тибқи тағйирот ба Қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” масъулони ниҳодҳои давлатӣ низ наметавонанд мақоми душаҳрвандӣ дошта бошанд. Ин талабот ба пизишкону муаллимҳо рабт намегирад, зеро ин афрод хизматчиёни давлатӣ ҳисоб намеёбанд.

Тоҷикистон танҳо бо Русия санади ду шаҳрвандӣ имзо карда ва ин санад аз 29 декабри соли 1996 амал мекунад. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санади ҳуқуқиеро тасвиб карда ва барои ашхосе, ки душаҳрвандии худро пинҳон медорад, ба миқдори аз 20 то 30 нишондиҳанда (аз 1 то 1,5 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ гардид.

Зимнан, дар соли ҷорӣ дар қиболи кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон муқаррароте интишор шуда ва корманди милисаи фарбеҳ ва вазни зиёд дошта, аз сафҳои ин ниҳод ихроҷ хоҳанд шуд. Дар моҳи гузашта дар мавриди бо ҳамин далел аз ниҳодҳои умури дохила берун шудани 10 нафар, гузориш шуда буд.

XS
SM
MD
LG