Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Welcome to Tajikistan. Милисаҳои тоҷик англисӣ меомӯзанд


"Welcome to Tajikistan" - ибораест, ки дар аввалин дарсҳои англисӣ ба милисаҳои тоҷик меомӯзонанд, то ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо сайёҳони хориҷӣ истифода кунанд.

Имсол кӯшиш мекунем, сохтани ташнобҳоро дар шоҳроҳҳо ба анҷом расонем. То ба ҳол панҷ ташноб бунёд кардем.

​Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пасманзари эълони “Соли рушди сайёҳӣ” барои шуморе аз кормандонаш омӯзиши забони англисӣ ва одоби муошират бо сайёҳонро меомӯзонад. Масъулони Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон низ гуфтанд, кормандони ниҳодҳое, ки бо сайёҳон сару кор мегиранд, бояд забони англисӣ ва муошират бо ҷаҳонгардонро биомӯзанд.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 17-уми феврал гуфт, омӯзиши забони англисӣ дар миёни кормандони ин ниҳод оғоз шудааст. Ӯ гуфт, кормандони вазорат омӯзиши забонро аз калимаву ибораҳои оддӣ оғоз кардаанд.

"Ҳар раёсат вобаста ба ғунҷоиши толорҳояшон кормандонро дар рӯзҳои махсус ба омӯзиши забони англисӣ ҷалб кардаанд. Ин таъкиди вазир аст, ки корманди милиса бояд одоби хуб дошта бошад ва забонҳоро донад. Бисёре аз кормандон забони русиро медонанд ва донистани англисӣ ҳам кори хуб аст”, - гуфт ӯ.

Тасмими бунёди 45 ҳоҷатхона

Соли 2018 дар Тоҷикистон соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ унвон шудааст. Вазорату идораҳо вазифадор шудаанд, ки барои рушди сайёҳӣ саҳм гузоранд. Арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва дохилӣ нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи сайёҳон барои саёҳат ба Тоҷикистон дар солҳои ахир афзоииш меёбад. Бо дараназрдошти ин, соли гузашта кумитаи вижа барои назорат ин соҳа таъсис ёфт.

Нуъмон Абдуғаффорзода
Нуъмон Абдуғаффорзода

Нӯъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ рӯзи 16-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, одоби муошират бо сайёҳон, фароҳам кардани шароитҳои маишӣ барои сайёҳон аз вазифаҳоест, ки бар дӯши мақомоти дахлдор гузошта шудааст. Ӯ гуфт, зери раҳбарии муовини нахуствазир дар ин масъала Шӯрои байниидоравӣ амал мекунад. Ин Шӯро марзбонон, кормандони гумрукро ва кормандони вазорати корҳои дохилиро тавсия додааст, то забони англисӣ ва муошират бо сайёҳонро омӯзанд.

Нӯъмон Абдуғаффорзода мегӯяд, бар асоси нақша то охири сол дар шоҳроҳҳои Тоҷикистон 45 ҳоҷатхона низ бунёд мешавад. "Имсол кӯшиш мекунем, ки сохтани ташнобҳоро дар шоҳроҳҳо ба анҷом расонем. Аллакай панҷ ташноб бунёд кардем. Марҳилаи дуюм сохтани истгоҳҳои дамгирӣ аст. Лоиҳаи намунавӣ аллакай омода ҳаст. Ҷадвал дорем, ки инҳо дар куҷоҳо бояд сохта шаванд”, - шарҳ дод ӯ.

“Ҷабр болои роҳбаладҳо”

Сайёҳони қазоқ соли гузашта дар Душанбе навори муносибати кормандони милиса бо худашонро пахш карданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта бар асоси ин шикоят ва шикояти як сайёҳӣ турк беш аз 20 корманди милисаро ҷазои интизомӣ дод.

Ҷамшед Орзуев, як корманди ширкати сайёҳӣ рӯзи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз расонаӣ шудани чанд мавриди бадрафтории кормандони милиса ва ҷазо гирифтани онҳо муносибат бо сайёҳони хориҷӣ тағйир кардааст. Ӯ гуфт, “ҳоло бо сайёҳони хориҷӣ боэҳтиёт муносибат мекунанд. Метарсанд, ки сабташон мекунанд ва ё аз болояшон шикоят мекунанд. Лекин ҷабр болои раҳбаладон ва ронандаҳои тоҷик аст, ки сайёҳонро аз ҷо ба ҷое мебаранд. Медонанд, ки раҳбаладону сайёҳон бинобар оне, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, метарсанд, шикоят кунанд. Роҳбаладу ронандаҳоро даъват мекунанд ва талабҳои ғайриқонуниашонро аз онҳо мекунанд. Ҳамин муносибат бартараф шавад, дигар мушкиле боқӣ намемонад”.

Назрулло Тоирбеков, коршиноси масоили сайёҳӣ мегӯяд, Тоҷикистон бо зарфиятҳое, ки дорад, шонси хуби рушд дар ин соҳаро дорад.

Ӯ гуфт: "Бахши алоҳида шудани соҳаи туризм қадами хеле муҳим буд. Ҳарчанд ин бояд барвақттар ташкил мешуд, то аз кишварҳои ҳамсоя қафо намемондем. Дароз кардани мӯҳлати будубоши сайёҳон бидуни сабт низ муҳим буд. Агар тасмимҳое, ки гирифта шудаанд, амалӣ шаванд, пешравӣ мешавад. Ҳанӯз мушкили роҳ дорем, қимати билетҳо ҳаст, хидматрасонӣ барои сайёҳон мушкил аст. Умед дорам, ки инфрасохтрҳои бахши сайёҳӣ дар ин сол низ рушд мекунад”.

“Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ” дар ҳоле эълон шуд, ки Амрико Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳои амн барои сайёҳӣ шомил кардааст. Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои раддаи аввал шомил кард, ки дар он амнияти шаҳрвандонаш таъмин шудаанд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, соли гузашта шаҳрвандони 146 кишвар аз Тоҷикистон дидан карданд. Дар маҷмӯъ шумораи сайёҳон дар соли 2017 ба беш аз 430 ҳазор нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG