Ҷаноби Хайруллоев ҳамчунин афзуд,ин қарордод Русияро аз пардохти пули иҷора раҳо мекунад ва ҳам ба низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистон ҳаққи дахлнопазирӣ медиҳад. Бар иваз Русия кумак ба навсозии нерӯҳи мусаллаҳи Тоҷикистонро ваъда додааст. Хайруллоев гуфт, Русия аз соли 2005 ба ин сӯ ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон беш аз 411 миллион доллар кумак кардааст.
Шералӣ Хайруллоев
Вакили парлумони Тоҷикистон мегӯянд, тасвиби қарордоди тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-и Русия сулҳу субот ва амнияти натанҳо Тоҷикистон, балки минтақаро мушаххас мекунад. Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумон аз тасвиби қарордоди тамдиди пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистон истиқбол карда ва онро муҳим донист. Вай гуфт, ки бо ин васила "мавқеъи дурнамои стратегии сулҳу субот ва амнияти на танҳо Тоҷикистон, балки минтақаро мушаххас кардем.»
Ҷаноби Шарифов афзуд, дар ҳақиқат ин созишнома ба манфиатҳои давлатӣ ва миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ аст ва имкониятҳоеро дар сиёсат ва муносибатҳои сиёсӣ ва низомиро эҷод мекунад. Ин вакили парлумон гуфт, хуб мешуд, ки имрӯз созишномаи модернизатсияи артиши Тоҷикистонро ҳамзамон бо ин санад ба тасвиб мерасониданд.
Шодӣ Шабдолов.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистҳои тоҷик ва вакили порлумон низ тасвиби қарордоди тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ҷонибдорӣ кард, вале гуфт, "дар ҷаҳони имрӯз, ки шоҳиди таҳаввулотҳои сиёсӣ ва низомӣ дар Шарқу Ғарб ҳастем, бояд мавқеи геополитикии худро ошкор ва нотарсида муайян кунем."
Ба ин далел ҷаноби Шабдолов мегӯяд, ин муҳимтарин созишнома ба хотири таъмини амнияти на танҳо Тоҷикистон ва Русия, балки барои манофеи кишварҳои ИДМ аст. Зеро ба гуфтаи раҳбари коммунистҳои тоҷик, ҳаводис ва ошӯбҳо дар кишварҳои Ховари Миёна, ҷанги Афғонистону дигар минтақаҳо худ далолати он аст, ки таҳдид ба амнияти ҳар кишвар вуҷуд дошта метавонад.
Аммо Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки беҳтар мебуд, ҳузури пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон аввал барои даҳ сол баста мешуд ва баъдан метавонист тамдид карда шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гуфтугӯ бо Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон
Хонум Бобоназарова мегӯяд, ҳар иқдоме ба хотири суботу оромии Тоҷикистон ва манофеъи ин кишвар аст, қобили қабул хоҳад буд. Аммо Ойниҳол Бобоназарова аз он изҳори тааҷуб кард, ки дар муддати як соли ахир бо он ки ин мавзуъ дар матбуот мавриди баҳсу баррасӣ қарор дошт, вале ҳукумати Тоҷикистон рӯшан накард, ки чӣ гуфтугузорҳое дар долонҳои ҳукумат бо ҷониби Русия мерафт.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки пас аз се рӯзи дигар ба имзои ин созишнома 1 сол пур мешавад ва дар ин муддат фикру андешаҳои мухталиф ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия садо додаанд, ки бархе аз ин санад ҷонибдорӣ карда ва иддаи дигар онро мавриди интиқод қарор доданд.
Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон ҳадафи ин созишномаро дифоъ аз манфиатҳои кишвар унвон кард.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили парлумон гуфт, «аз лиҳози усули, нигоҳи мо вакилони ҳиби наҳзат ин аст, ки Тоҷикистон чун кишвари соҳибихтиёр бояд қудрат ва тавони ҳимоят ва таъмини амнияти худро мустақилон дошта бошад.Аммо воқеияти имрӯза ин аст, ки бо назардошти таҳдидҳо ва хатарҳое, ки дар минтақа вуҷуд дорад,эҳтимоли он зиёд аст, ки дар ҳамин марҳила мо мустақилон натавонем амнияти худро таъмин кунем. Агар манфиатҳои давлатии мо талаб кунад, ки дар ҳамин марҳила Тоҷикистон дар қаламрави худаш пойгоҳи низомии яке аз кишварҳои дустро ҷо кунад,шояд беҳтарин интихоб боз ҳам Русия бошад.» Бо ин ҳама Кабирӣ пешниҳод кард, ки аз ин ба баъд ҳангоми қабули чунин санадҳо ва ба хотири шафофият, бояд назари мардум ва ҷомеа гирифта шавад.