Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон созишномаи пойгоҳи 201-ро ба парлумон фиристод


Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз, 18 сентябр, cозишномаи шароити будубоши пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро барои тасвиб ба парлумон пешниҳод кард.

Аз маркази матбуоти президент ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар асоси моддаи 9-и Қонун “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Созишномаи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод кардааст.

Ин созишнома ҳанӯз 5-уми октябри соли 2012 миёни раисҷумҳурони Русияву Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин - дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Парлумон ва президенти Русия ҳанӯз моҳи апрел ин созишномаро ба тасвиб расонданд. Ин қарордод замони ҳузури ин пойгоҳро дастикам то соли 2042 тамдид карда, Русияро аз пардохти пули иҷора раҳо мекунад ва ҳам эътои ҳаққи дахлнопазирӣ ба низомиёни рус дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Ба дарозо кашида шудани тасвиби ин созишнома аз сӯи давлати Тоҷикистон дар расонаҳои Русия мавриди баҳсҳои зиёд шуда буд. Аз ҷумла Тоҷикистонро барои иҷро накардани тааҳҳудаш бо шарики стратегӣ муттаҳам мекарданд. Мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, ки пас аз тасвиб шудани ду созишномаи дигар – созишномаи шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва созишномаи интиқоли маводи нафтӣ, ин санади муҳим низ ниҳоӣ хоҳад шуд.

Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия 8-уми феврали соли 2013 ба имзо расида, низ барои тасвиб ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҳанӯз 6 феврали соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст. Ин қарордод фурӯши билдуни боҷи гумрукии 1 миллион тонна маводи сӯхт ба Тоҷикистон танҳо дар соли равонро дар назар дошт, вале бо онки то поёни сол 100 рӯзи дигар мондааст, гумон аст, ки ин санад - ҳатто дар сурати тасвиб шуданаш - иҷро шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар авоили моҳи август дар мулоқоти ғайрирасмиаш бо Владимир Путин дар Маскав ваъда дод, ки созишномаи пойгоҳ ба муҷарради аз таътил баргаштани вакилони парлумони Тоҷикистон тасвиб хоҳад шуд. Бархе расонаҳо ҳадс заданд, ки ваъдаи тасвиби созишномаи пойгоҳ шояд дар ивази ваъдаи ҳимояти Маскав аз номзадии Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.

Амирқул Азимов, раиси Кумитаи дифоъ, амният ва тартиботи ҳуқуқии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки вакилони парлумон то як моҳи дигар мавзӯи тасвиби созишномаи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард. Оқои Азимов аз шарҳи бештари ин масъала ва гуфтани таърихи мушаххаси баррасии мавзӯи пойгоҳ дар парлумон худдорӣ кард, вале ғолибан ин созишнома то боздиди Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия ба Тоҷикистон тасвиб хоҳад шуд.

Ин изҳороти вакили аршади парлумони Тоҷикистон дар ҳоле буд, ки муовини вазири корҳои хориҷаи Русия Григорий Карасин низ рӯзи 10 сентябр дар сӯҳбат бо рӯзномаи "Коммерсант" гуфтааст, «мо мунтазирем, ки парлумони Тоҷикистон созишномаи пойгоҳи ҳарбии 201-умро дар рӯзҳои наздик ба тасвиб мерасонад.»

Ин дипломати рус ҳамчунин гуфтааст, ки дар баробари тамдиди замони будубоши пойгоҳи низомӣ кишвараш ӯҳдарориҳои зиёдеро бар дӯш гирифта, аз ҷумла ба навсозии техникаи ҳарбии Тоҷикистон кӯмак карда, дар роҳи фурӯши маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ва ҳамчунин барои муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламраваш сабукиҳо хоҳад дод.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумони Тоҷикистон ба «Озодӣ» гуфт, дар ҳоли ҳозир Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия дар парлумон баррасӣ мешавад ва Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ҳанӯз ба парлумон нарасидааст. Вай афзуд, ин як пакети созишномаҳост ва ҳама дар якҷоягӣ ба баррасӣ гирифта ва тасвиб мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон ҳам бар ин буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба истиснои ин созишномаҳо барои тасвиби созишномаи шароити будубоши пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон пуштибонии Маскавро низ аз худ дар интихоботи президентии моҳи ноябр интизор дошт.
XS
SM
MD
LG