Тавофуқ дар мавриди кумак ба таҳкими ҳифозати марзҳои Тоҷикистону Афғонистон аз уҷмлаи қарорҳоест, ки дар нишасти рӯзи 23 сентябри Шӯрои сарони кишварҳои узви СПАД дар Сочии Русия эълон шуд. Раисиҷумҳури Русия ва мизбони нишаст Владимир Путин гуфт, "тамоми сенарияҳои рушди вазъият ба назар гирифта шуда, "тадобири пешгирикунанда андешида мешаванд. Мо ба Тоҷикистон барои таҳкими марзҳои Тоҷикистону Афғонистон кумаки изофии муштарак мерсонем. Ҳамчунин ҷиҳати таҳияи барномаи вижа барои муҷаҳҳаз гардондани ин қисмати марз тавофуқ кардем."
Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа низ баъди анҷоми нишасти сарон ба хабарнигорон гуфт, кумакҳо барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ду самт ироа хоҳанд шуд: "Якум, ироаи кумакҳои оҷил ба Тоҷикистон дар амри таъмини марзбонон бо заруртарин чизоҳе, ки барои боло бурдани сатҳи ҳифозати марзҳо лозим доранд. Ва дувум, таъсиси барномаи байнидавлатии таҷҳизоти инженериву фаннии марз бо Афғонистон, ки марзи берунии тамоми кишварҳои узви СПАД аст. Ва аз вазъи он амнияти тамоми ин кишварҳо вобаста аст."
Бордюжа ҳамин тавр, аз ёриҳои Русия ба марзҳои Тоҷикистон ситоиш кард ва гуфт, ин ёриҳо имрӯз ҳам аз сатҳи кумакҳое, ки Амрико мерасонад, бештар аст ва дар оянда боз ҳам хоҳад афзуд.Дабири кулли СПАД аммо зарурати бозгашти марзбонони Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро инкор кард ва гуфт, сухан танҳо дар бораи ба қадри кофӣ муҷаҳҳаз кардани марзбонони тоҷик меравад.
Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Сочӣ расман хостори кумаки Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ(СПАД) дар роҳи таҳкими марзи ин кишвар бо Афғонистон шуд.Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 23 сентябр дар нишасти Шӯрои СПАД дар Сочии Русия сухан меронд, аз кишварҳои узви ин созмон хост, то барои таҳкими ҳифозати 1370 километр марзи мустақими кишвараш бо Афғонистон ба Душанбе дасти ёрӣ дароз кунанд. Оқои Раҳмон гуфт, "таҳдидҳои ношӣ аз қаламрави Афғонистон имрӯз рӯ ба афзоиш дошта, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мураккаб боқӣ мемонад."
Ӯ мустақиман ба марзҳои ҷанубии СПАД наздик шудани "манбаъҳои ноамнӣ"-ро таҳдид хонд ва изҳори умедворӣ кард, ки нишасти Сочӣ "заминаи тасвиби қарорҳо барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон хоҳад шуд." Бино ба гузориши хабаргузории Интерфакс, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла аз афзоиши нуфузи ҳизби исломии Туркистон дар вилоёте, чун Бадахшони Афғонистон ва бо гурӯҳҳои маҳаллӣ забон як кардани ин ҷунбиш, ки аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон ҷудо шудааст, изҳори нигаронӣ кард.
Баррасии вазъи марзи Афғонистон ва роҳҳои кумак ба таҳкими ҳифозати марзҳои Тоҷикистону Афғонистон аз масоили аслии матрӯҳа дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Сочӣ ном бурда мешавад. Ин нишаст рӯзи 23 сентябр оғоз ёфт. Ба гуфтаи Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия, дар ин нишаст аввал вохӯрии сарони кишварҳои узви СПАД баргузор шуда, баъдан чанд санади муҳим ба имзо расонида мешавад.
Дар ҳошияи нишасти сарони СПАД мулоқоти руасои ҷумҳуриҳои Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар дошта шудааст. Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки Шӯрои Маҷлиси намояндагон - маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон - рӯзи 23 сентябр ба раванди тасвиби созишномаи пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон расман шурӯъ кард.
Ин паймон, ки замони ҳузури пойгоҳи Русияро дастикам то соли 2042 тамдид мекунад, ҳанӯз дар моҳи октябри соли 2012 имзо шуда буд, ҳанӯз да моҳи апрел аз сӯи Русия комилан тасвиб шуд. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун дар тасвиби он маътал мекард. Мақомот мегуфтанд, сабаби тӯл кашидани масъала ин аст, ки Душанбе мехоҳад Русия ваъдаҳои додааш, аз уҷмла ироаи сабукиҳо барои муҳоҷирони тоҷик ва фурӯши бидуни боҷи маводи сӯхташ ба Тоҷикистонро низ ба иҷро бидарорад. Аммо ба бовари мунтақидон, далели асосӣ ин буд, ки доираи ҳоким мехостанд, "ок"-и Маскав барои номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябрро ба даст биоранд.
Дар нишасти имрӯзаи СПАД яке аз масъалаҳои мавриди баҳс тақвияти ҳамкориҳо дар доираи СПАД барои хатарҳое, ки аз ҷониби Афғонистон бармеоянд, гуфта мешавад. Масъалаи кумак барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон дар сатҳи роҳбарони кишварҳои узви ин созмон баррасӣ шуда, дар назар аст, санаде ҳам дар ин замина ба имзо расад. Аммо дар ҳоли ҳозир миқёс ва шеваи ироаи ин кумакҳо маълум нест.
Ин ҳам дар ҳолест ки дабири кулли созмони СПАД Николай Бордюжа 10-уми сентябри соли равон вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро "печида" арзёбӣ карда, гуфта буд, "ин марз ба тақвият ниёз дорад."
Хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон, ки то як соли дигар бояд ба поён бирасад, нигарониҳо дар бораи дурнамои вазъи амниятии Афғонистон ва кишварҳои ин сӯи рӯди Омӯ, бахусус Тоҷикистонро бештар кардааст. Расонаҳо ва бархе мақомҳои Русия бо таъкид ба заъфи моливу низомии Тоҷикистон чанд сол боз пешниҳоди ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардондани нирӯҳои марзбонии Русияро, ки соли 2005 ин марзро тарк гуфтанд, матраҳ мекунанд.
Ин мавзӯъ бахусус дар ҷараёни музокироти тӯлкашидаи мавзӯъи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дубора матраҳ шуд, вале дар қарордоде, ки пиромуни ин пойгоҳ дар октябри соли 2012 байни Душанбеву Маскав ба имзо расид, ҳарфе дар бораи бозгашти марзбонҳои рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон набуд. Таҳлилгарон мегуфтанд, ки Маскав зоҳиран натавонистааст Душанберо барои гузашт аз як бахши истиқлолияташ, ки истиқрори нирӯҳои хориҷӣ дар марзҳояш амалан ҳамин мазмунро дорад, розӣ кунонад.
Бархе таҳлилгарони низомӣ мегӯянд, пешниҳоди кумакҳо ба тақвияти нигоҳубини марзи Тоҷикистону Афғонистон аз тариқи СПАД низ дар асл идомаи ҳамон фишорҳои Маскав аст, ки мехоҳад ба ҳар роҳе нуфузи низомиаш дар соҳили Омӯро эҳё кунад. Қарори маълум, нирӯи асосӣ ва меҳварӣ дар СПАД маҳз Русия аст, ки 5 кишвари дигари пасошӯравиро тавассути ин эътилофи низомиву амниятӣ дар қаламрави нуфузаш ҳифз кардааст.
СПАД 15 майи соли 1992 дар Тошканд таъсис ёфта, ба ин далел, чанд сол номи "Паймони Тошканд"-ро дошт. Ин эътилофи амниятӣ соли 2002 ба СПАД табдили ном кард ва дар ҳоли ҳозир кишварҳои Русия, Беларусу Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.