Сайфулло Сафаров: "Чаро бо инҳо, ки яроқ надоранд, музокира накунем?"

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти Варшава.

Эҳтимоли музокира бо гурӯҳҳои мухолифи давлат ҳарфи ғайриинтизоре буд, ки дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз ҷониби ҳайати ҳукумати Тоҷикистон садо дод.

Баёнияе, ки шубҳаву гумон дар бораи он зиёд аст ва ҷанҷолу муноқиша байни ду тараф дар як кишвари аврупоӣ ин эҳтимолро боз ҳам камтар мекунад.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон рӯзи 14-уми сентябр ва ду рӯз қабл аз тарки Варшава, мизбони ҳамоиши ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, мақомот омодаанд, бо он мухолифоне, ки омодаи бозгашт ба ватан ҳастанд, вориди гуфтугӯ шаванд.

Сайфулло Сафаров

Ду сол пайиҳам ҳукумати Тоҷикистон маҳз ба сабаби роҳ ёфтани мухолифони ҳукумат ва бахусус аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ба ҳамоиши солонаи ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо намоянда нафиристод.

Имсол ҳайати ҳукумат гуфт, танҳо баъди “қабул шудани шартҳояшон аз тарафи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо” розӣ шуданд, ки дар нишаст ширкат кунанд.

Ҳукумат бо як ҳайат, дар раъси Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ, ба Варшава сафар кард ва бо лаҳни зоҳиран нармтаре бо онҳо вориди гуфтугӯ шуданд.

Ин далел, ки ҳайатҳои мухолифин ва ҳукумат бо вуҷуди ихтилофоти амиқ сари як миз нишастанд ва дар долонҳо зоҳиран бо ҳам суҳбат мекарданд, умедвориеро ба вуҷуд овард, ки шояд дар мавқеи ҳукумат нисбат ба мухолифин дигаргуние ба вуҷуд омада бошад. Ҳарчанд на ҳама ба ин бовар доранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Рӯзи дуюми мухолифину ҳукумат дар Варшава бо муноқиша тамом шуд. 2 ВИДЕО

Аъзои ҳайати ҳукуматӣ, ки ба Варшава омаданд, мегӯянд, ҳадафи омаданашон ҳам ба пойтахти Лаҳистон ва ҳузур дар як ҳамоиш дар баробари мухолифон, санҷидану донистани онҳое буд, ки худро мухолифони давлат меноманду, сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро пайваста танқид мекунанд.

"Биёянд, бо ақл, бо саводу дониш мубориза кунанд"

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ рӯзи 17-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо амри раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш ширкат карданд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф дар баробари посух ба гузоришҳо дар Тоҷикистон, ҳамчунин “шинос шудан бо гурӯҳҳои мухталиф дар ҷаласаи САҲА” буд.

Ба қавли Сайфулло Сафаров, онҳо бо ин гуруҳҳо, ки “ кӣ ҳастанд, чиҳо мегӯянд, сатҳи фарҳангиашон то куҷо ҳаст, сатҳи таҳаммулпазириашон то кадом дараҷа ҳаст ва то куҷо боақл шудаанд ва ё ҳоло ҳам аскарони асримиёнагӣ ҳастанд ё на” шинос шуданд.

Сайфулло Сафаров мегӯяд, воқеан ба ин гуруҳҳо, пешниҳоди музокира кард ва аз онҳо даъват кард, то ба ватан баргарданд. Ӯ гуфт, бо чанде аз афроди насли бузургсоли мухолифин гуфтугӯ дошт, ки пазмони бозгашт ба ватан ҳастанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эҳтимоли афв хонаводаи баъзе зиндониҳоро умедвор кардааст. ВИДЕО

“Раҳбари давлати мо бо Абдуллои Нурӣ, Ҳимматзода ва гуруҳҳои ҳарбие, ки бо яроқ мардумро куштанд, сулҳ кард ва онҳоро овард. Пас чаро бо инҳо, ки ба ҳадди онҳо хатарнок нестанд ва ба андозаи онҳо яроқ надоранд, музокира накунем? Ба хотири наҷоти мардуми худ аз шарри ин гуруҳҳо музокира мекунем. Биёянд, бо ақл, бо саводу дониш мубориза кунанд ва Тоҷикистони азиз ободтар шавад, на вайрон” – гуфт, Сайфулло Сафаров.

Беэътимодии мухолифон ба пешниҳоди мақомот

Шарофиддин Гадоев пешниҳоди аъзои ҳайати ҳукуматиро самимӣ намешуморад.

Шарофиддин Гадоев, як узви созмони “Паймони миллӣ”- гурӯҳе, ки иддае аз мухолифинро муттаҳид кардааст, рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, шахсан чунин пешниҳод гирифтааст, вале ба самимияти он бовар надорад.

“Ҳарчанд Сайфулло Сафаров гуфтанд, ки ба ҳалли баҳсҳо аз тариқи музокирот розӣ ҳастанд ва гуфтанд, супориш гирифтаанд, вале фикр мекунам, бояд ҳукумат инро тасдиқ кунад. Ин як пешниҳод аст ва агар воқеӣ бошад, паймон шартҳояшро дар миён хоҳад гузошт, лекин фикр мекунам, ин ҷиддӣ нест” - гуфт Гадоев.

Зимнан, Сайфулло Сафаров гуфт, воқеан, дар музокира бо ин гурӯҳҳо тасмимгиранда нест, вале ҳарфу пешниҳодҳои онҳоро ҳатман ба ҳукумат мерасонад.

“Онҳо гуфтанд, ки шахсони музокиракунанда дар зиндон ҳастанд. Лекин то куҷо давлат бо нафароне, ки иттиҳомашон собит шудааст ва дар зиндон ҳастанд, музокира мекунад, намедонам. Гуфтам, ки Тоҷикистон меравем. Пешниҳоди шуморо меомӯзем ва баъд аз он ба шумо паём дода мешавад. Инро давлати Тоҷикистон мекунад. Бахшидан салоҳияти президент аст, тасмимро ҳукумат мегирад. Мо фақат намоянда ҳастем” – гуфт, Сайфулло Сафаров.

Манзур аз зиндониҳо аъзои раёсати Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва дигар аъзои Гуруҳи 24 аст, ки бо гуноҳҳои ифротгароӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат дар Тоҷикистон ҷазо гирифтаанд.

Умеде ба ояндаи чунин музокира надорам

Хуршеди Атовулло, рӯзноманигори тоҷик яке аз онҳоест, ки ба баргузории ҳаргуна музокирот хушбин нест. Ӯ, ки соли 2016 дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо мухолифон ҳамсуҳбат шудааст, рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “бадбахтона, ин насли мухолифин он насле нест, ки ҳукумат бо онҳо музокира кунад”.

Ба қавли Хуршеди Атовулло, “насли қаблии мухолифин, дурандеш ва сиёсатмадороне буданд, ки ҳарфашон дар ҷомеа вазн дошт”.

Хуршеди Атовулло бовар надорад, ки музокироте сурат мегирад.

“Ин насл ба ҷуз баҳс дар Фейсбук ва аз гиребони рӯзноманигорон гирифтан қодир ба кори бузургтаре нестанд. Аз ин рӯ фикр мекунам, ки ҳукумат бо онҳо сари мизи музокирот наменишинад. Онҳо ҳатто бо ҳам, дар дохили худ ихтилоф доранд. Агар насле, ки ман дар Варшава дидам музокиракунандагон ҳамонҳо бошанд, умеде ба ояндаи чунин музокира надорам” - гуфт, Хуршеди Атовулло.

Худи рафтори намояндагони ҳукумат ва мухолифон ҳам дар Варшава, баёнгари он буд, ки ду тараф чандон майли музокирот надоранд. Ҳарчанд дар долонҳои нишаст бо ҳам бо ханда суҳбат мекарданд, аммо дар нишастҳои расмӣ ҳамдигарро “террористу диктотурӣ” мехонданд.

Дар шаҳри Варшава аз миёни мухолифони ҳукумати Тоҷикистон асосан аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва аъзои Гуруҳи 24 ҳузур доштанд, ки фаъолияти ҳардуро дар Тоҷикистон мамнуъ кардаанд. Гуруҳи дигар аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ё хабарнигороне буданд, ки дар кишварҳои гуногуни аврупоӣ паноҳанда шудаанд.

Сиёсати давлат дар Тоҷикистон ин аст, ки бо гуруҳҳое, ки ифротӣ ва террористӣ эълон шудаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ музокира намекунад.

Баҳсу ҷадалҳои намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони давлат ҳам дар дохил ва ҳам дар ҳошияи ҷаласаи солонаи ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо сурат гирифт, ки рӯзи 10-уми сентябр шуруъ шуд.

Нишаст то 21-уми сентябр идома мекунад, вале ҳайати ҳукумат танҳо дар панҷ рӯзи аввал ширкат кард ва ба интиқодҳои мухолифин ва созмонҳои ҷамъиятӣ посух дод. Аз ҷумла ба интиқодҳои созмонҳои ҳуқуқ дар бораи саркӯби мухолифону дигарандешон ва нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.