Мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони мухолифин гуфтанд, ки полиси Полша муноқишаи миёни аъзои ҳукумат ва оппозитсиюнро мавриди санҷиш қарор додааст. Ба иттилои сафири Тоҷикистон дар Олмону Полша Маликшо Неъматов, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, "вале ходимони полиси Варшава омилони ин моҷароро даъват ва суолу ҷавоб кардааст".
- Намояндагони мухолифин гуфтанд, ки шоми 11-уми сентябр аз полиси Полша хостанд, занозании пушти дарҳои маҷлисгоҳи САҲА-ро таҳқиқ кунад. Намояндагони САҲА мегӯянд, ки мақомоти созмон таҳқиқи худро дар заминаи ин ҳодиса ба роҳ мондаанд.
Решаҳои мушкилро бояд на дар Варшава, балки дар Душанбе суроғ кард
Шикояти мухолифон ба полиси Полша
Дар ҳодисаи 11-уми сентябр дар беруни меҳмонхонае, ки ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башари САҲА ҷараён дорад, бархӯрди як намояндаи ҳукумат ва фаъолони мухолифин рух дод. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябр гуфтанд, ин ҳодиса "иғво" буд, ки бо ҳадафи ҷалби таваҷҷӯҳ ба ҳайати мухолифон ташкил шуд. Аммо ҷониби мухолифин, аз ҷумла ҲНИТ, ин ҳодисаро "як ҳамла ба мухолифон" унвон карда, худро "ҷабрдида" меноманд.
Рӯзи чаҳоршанбе баъзе аз намояндагони мухолифон гуфтанд, шоми дирӯз се нафаре, ки худро ҷабрдидаи латту кӯби намояндагони ҳукумати Тоҷикистон меноманд, ба полиси шаҳри Варшава шикоят кардаанд. Сулаймони Орзу, Вайсиддин Одинаев ва Шӯҳрати Раҳматулло, намояндагони мухолифин гуфтаанд, ки дар як идораи полиси пойтахти Полша (Лаҳистон) ариза навишта, намояндагони ҳукумати Тоҷикистонро дар ҳамла ва латту кӯб шуданашон муттаҳам намудаанд.
Мухолифин мегӯянд, ки ин ҳодиса бетаҳаммулии намояндагони ҳукумат дар баробари фаъолони опозитсияро ба намоиш гузошт.
Рӯзи 12-уми сентябр ба Вайсиддин Одинаев дубора ҳақи ширкат дар ҷаласа дода шуд. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки амалкарди намояндаи ҳукумат дар як кишвари аврупоӣ ғайри қобили қабул аст.
Мақомот: "Иғво тарҳрезишуда буд"
Намояндагони мақомоти тоҷик ин ҳодисаро “тарҳрезишуда” номиданд. Онҳо гуфтанд, дар ин ҳодиса Сулаймони Орзу махсус ба гӯши намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Берлин Фатҳуллобек Асламов расид ва баъди ин дипломати дигар Мурод Саидзода ба рӯяш бо мушт зад. Ин саҳна дар як навори видеоии нашршуда дар вебсайти Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дида мешавад.
Маликшо Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Полшаву Берлин дар вокуниш ба ҳодисаи рӯзи сешанбе гуфт, ин "як иғво" буд ва "мақомоти САҲА набояд аъзои созмони экстремистиро ба як ҷаласаи ҳуқуқи башар роҳ медоданд". Баъди ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 ҲНИТ дар Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Иттиҳоме, ки худи ин ҳизб комилан қабул надорад.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Варшава Маликшо Неъматов гуфт, мухолифин ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ "тамоми чораҳоро андешиданд, ки як иғво барангезанд". "Ҳаракати аввал таҳдид ба намояндаи ҳукумати Тоҷикистон буд. Яъне, ҳаракат ба назди гӯши як корманди мо. Вақте як намояндаи дигар барои пешгирии ин ҳолат рафт, бо ҳақорату дашномҳои дағал рӯ ба рӯ шуд. Дар сурати набудани нафароне, ки бояд амниятро таъмин кунанд, кормандони мо аз худ дифоъ карданд".
Сафир гуфт, умед дорад, полиси Полша ба ин ҳодиса баҳои ҳуқуқӣ медиҳад, чунки чанд узви мухолифин бо ин ҳодиса иктифо накарда, ба мошини дипломатии Тоҷикистон ва дипломатҳои дохили он “таҳдид ва амалҳои бағазаборанда” карданд.
САҲА ҳодисаро таҳқиқ мекунад
Мақомоти Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар дар Варшава гуфтанд, муноқишаеро, ки рӯзи 11-уми сентябр дар беруни маҷлисгоҳи САҲА миёни ҳайати ҳукуматӣ ва мухолифони тоҷик рух дод, таҳқиқ мекунанд. Томас Раймер, сухангӯи созмон мегӯяд, муноқишаи аъзои ҳайат дар беруни меҳмонхонае рӯй дод, ки дар он ҷаласаҳои САҲА ҷараён дорад. Вай гуфт, баъди ин ҳодиса масъулони САҲА санҷиши ҳодисаро ба роҳ мондаанд.
Томас Раймер рӯзи 12-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо дар ин муноқиша аз ҳеҷ тараф ҷонибдорӣ намекунем. Масъулияти мо таъмини тартибот ва амният дар дохили маҷлисгоҳ ва макони баргузории ин маъракаҳо мебошад. Ҳодиса дар беруни меҳмонхона (макони баргузории маҷлисҳои САҲА) ва дар маконе рух дод, ки онҷоро назорат намекунем. Ин вазъро мушкилтар мекунад. Мехоҳем, ки хусусияти сулҳомези ҷаласа барои ҳама иштирокдорони он на танҳо дар чаҳорчӯби ин маърака, балки дар берунаш ҳам ҳифз шавад”.
Инҷо иштибоҳи як нафар буд, ки натавонист лаҷоми эҳсосоти худро ба даст гирад.
Томас Раймер гуфт, барои таъмини амният ва назорат аз тартиботи ҷаласа ходимони касбии амниятӣ ҷалб шудаанд ва онҳо ҳам кори худро идома медиҳанд. Ӯ гуфт, масъулини созмон низои миёни аъзои ҳайати Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад ва баъди ин ҳодиса мешавад гуфт, ки дигар ҳама чиз ором ва бидуни мушкил пеш меравад. “Дар таҷрибаи 22-солаи ташкили ҳамоишҳои Варшава чунин ҳодисаҳо рух додааст ва ҳоло ҳам онҳо барои ҳарду ҷониб ҳарфи гуфтание надоранд”, - гуфт сухангӯи созмон. Вай таъкид кард, ин ҷаласа макони муколама ва гуфтугӯ аст.
Назарҳо аз Тоҷикистон
Аз охирин таҳаввулоти Варшава ҷомеашиносони тоҷик аз расонаҳои интернетӣ огоҳӣ ёфтанд. Бархе мегӯянд, ҳодисаи ахир баёнгари он аст, ки бо вуҷуди риояи одоби муошират ва дипломатияи тоҷикӣ ҳангоми ширкат дар дохили як маҷлисгоҳ, на ҷониби ҳукумат ва на мухолифин ба муколама бо якдигар омода нестанд.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Душанбе, гуфт, он чи ки рух дод, “як иштибоҳи дипломатӣ” буд. Ӯ гуфт, “мухолифин ба дасти намояндаи ҳайати ҳукумат шиори худашонро доданд ва хостанд, онро акс гиранду намояндаи ҳукумат ба ин амал ҷавоб гардонд. Гумон намекунам, ки ҳайати хукумат аз аввал чунин як вазифае назди худ гузошта буд, ки мухолифинро “саркӯб” кунад. Раҳбари ҳайати ҳукумати Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дипломати сатҳи хеле баланд аст ва ҳеҷ гоҳ розӣ намешавад, ки кор ба муштзаниву занозанӣ кашида шавад. Инҷо иштибоҳи як нафар буд, ки натавонист лаҷоми эҳсосоти худро ба даст гирад. Агар мо мехоҳем ба ҷаҳониён фарҳанги аслии тоҷиконро нишон диҳем, пас ҳарду ҷонибро зарур аст, ки дар мавриди рафтори худ дар чунин ҷамъомадҳо ҷиддӣ фикр кунанд”.
Ҳуқуқшиноси шинохта Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, дар ин ҳодиса масъулияти ҷониби ҳукумат бештар аст. Ҳоло, ба назари ӯ, “ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони мухолифин муштарак аз САҲА узр пурсанд”. Ӯ гуфт, нақши ин созмон дар кумак ба Тоҷикистон хеле баланд аст.
Як коршиноси дигар гуфт, моҷарои сарзада ҳодисае беш нест ва набояд ҷонибҳо фурсати худро ба он чи ки дар Варшава рух дод, сарф кунанд. Ба андешаи ҷомеашинос Меҳмоншо Шарифзода, "решаҳои мушкилро бояд на дар Варшава, балки дар Душанбе суроғ кард".
Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава ду сол боз ба мушкил печидааст. Соли 2016 иштироки мухолифин ва эътирози густардаи онҳо ҳайати ҳукуматро маҷбур кард, ҷаласаро аз нимаш тарк кунад. Соли гузашта ҳукумат ҳозир нашуд, намояндагонашро ба Варшава фиристад. Имсол ҳукумат ҳайаташро фиристод ва ба қавли Маликшо Неъматов, он ҳам ба хотири эҳтироми Душанбе ба САҲА. Ӯ мегӯяд, ҳузури онҳо ба маънои созиш бо намояндагони мухолифин нест.
Як коршиноси тоҷик бидуни бурдани номаш гуфт, ки ҳоло дар рӯ ба рӯи ҳукумати Тоҷикистон насли дувуми оппозитсиюн истодааст, ки ба фарқ аз насли аввали он нерӯву таъсири чандон надорад. "Он замон оппозитсия як нерӯи таъсиргузор буд. Ҳоло шароит ва нирӯ фарқ мекунад. Ҳозир ҳукумат ин нирӯро чандон ҷиддӣ намегирад ва аз рафтораш ҳам маълум аст", - хулоса кард коршинос.