Талошҳои ҳукумат барои баргардонидани мухолифони сиёсиро бархе тарси ҳукумат, талош барои заъиф сохтани мухолифин ва баъзеи дигар “ғамхорӣ ба раҳгумзадагон” унвон мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон, ду соли ахир, талош дорад, мухолифони худро, ки пайваста сиёсатҳои онро танқид мекунанд, ба қавле “ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар” баргардонад.
Намунаи охир Шарофиддин Гадоев, фаъоли сиёсӣ ва мунтақиди ҳукумат аст, ки рӯзи 15-уми феврал дар Душанбе пайдо шуд. Мақомот мегӯянд, ӯ “ихтиёрӣ баргашт”, вале худаш дар видеое, ки гӯё пеш аз сафараш ба Маскав сабт шудааст, гуфтааст, ки агар дар Тоҷикистон буд, пас ӯро “рабудаанд.” Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch ҳам бозгашти ихтиёрии Гадоевро зери суол бурдааст. Дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 15 феврал Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, ногаҳон дар Душанбе пайдо шудани Шарофиддин Гадоевро як хабари мавриди нигаронӣ аст ва “дар ин қазия инчунин Русия ҳам масъулият дорад ва имкон дорад, ки бозгардони маҷбурии ӯ бо ризоияти Русия шудааст”.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик баргардонидани мухолифин аз хориҷро коста гардонидани нуфузашон ва зери шубҳа бурдани дархостҳои паноҳандагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Аврупо медонад. Садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар чаҳор соли ахир аз кишварҳои аврупоӣ паноҳандагӣ хостаанд ва бисёриҳо таъқиби сиёсӣ ва ақоиди диниро сабаб овардаанд.
Талош барои таъсир гузоштан ба парвандаҳои паноҳҷӯён
Муллоҷонов мегӯяд, ҳоло парвандаҳои аксари паноҳҷӯён дар ҳоли баррасӣ аст ва на ҳамаи онҳо соҳиби мақоми паноҳанда шудаанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, агар “бозгаштҳои ихтиёрӣ” бештар шавад, мумкин аст, кишварҳои мизбон дар тасмимҳояшон таҷдиди назар кунанд.
Ӯ гуфт: “Ҳукуматҳои Аврупо шояд ба онҳо бигӯяд, бубинед, чанд кас баргашт, ба онҳо на ҷазо доданд, на зарар расид. Дар ин замина метавонанд, муроҷиати паноҳҷӯёнро рад кунанд”.
Сиёсатшинос мӯътақид аст, ки мақомот агар теъдоди бештари мухолифинро баргардонад, ҳамон қадар ба нуфузи мухолифин, ки дар хориҷи Тоҷикистон шакл мегиранд, зарба мезанад.
Ба гуфтаи Муллоҷонов, афзоиши теъдоди мухолифин дар хориҷ ва талоши онҳо барои тағйири афкори созмону кишварҳои Аврупо нисбат ба Тоҷикистон, ҳукуматро ба таҳияи “барномаи бозгашт” водор кард.
Мухолифин дар хориҷи Тоҷикистон, ба гуфтаи сиёсатшинос, таъсири мустақим ба ҳаёти сиёсӣ надоранд, вале таваҷҷуҳи созмону ҳукуматҳои Аврупоро ба мушкилот, нақзи ҳуқуқи башар дар кишвар ҷалб мекунанд ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори сокинон таъсир мерасонанд.
Паноҳҷӯии шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ аз соли 2015 ва баъди ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифо бештар шуд. Ҳукумат гуфт, ки ошӯбро Ҳизби наҳзати исломӣ тарҳрезӣ кардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Иддаое, ки ҳизб онро қотеона рад мекунад. Пас аз ошуб дар 16-уми сентябри соли 2015 мақомот даҳҳо узви ин ҳизбро боздошт карданд. Дар маҷмӯъ, пас аз ин ҳодиса, фишор болои дигарандешон афзоиш ёфт ва садҳо нафар, аксаран мухолифин аз кишвар хориҷ шуданд.
Бино ба оморҳои мухталиф, то кунун бештар аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд.
"Таззод. Аввал берун карданд, ҳоло бармегардонанд"
Саидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари тоҷики муқими Аврупо мегӯяд, мақомоте, ки худашон як замон сабаби фирори дигарандешон шуданд, ҳоло мехоҳанд, онҳо баргарданд.
“Аз таззодҳои муҳити сиёсии Тоҷикистон аст, ки чанд тан дар ниҳодҳои қудратӣ ду-се сол пеш нақшаи аз кишвар берун кардани мухолифин, дигарандешон ва рӯзноманигорони мустақилро пиёда карданду акнун барномаи бозгардонидани онҳоро рӯйи даст гирифтаанд. Дар умум, ин нишонаи заъфи идораи президентӣ аст”, – гуфт ӯ.
Таҳлилгар мегӯяд, талош барои баргардонидани мухолифин ва дигарандешон сиёсати тарҳрезишудааи ҳукумат, ё баёнгӯи сиёсати нави озодипарастӣ ва таҳаммули дигарандешӣ нест. Ба гуфтаи Саидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, агар чунин мебуд, ба Шокирҷон Ҳакимов, профессори ҳуқуқшинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳадди аққал иҷозаи кор медоданд.
«Ин гуна сиёсат мавҷуд нест, балки амалиёти гуруҳҳои алоҳида аз сохторҳои қудратӣ аст, ки ду ҳадаф дорад. Ширин кардани худ дар назди президент ва меросбарони эҳтимолии ӯ мондан дар вазифа» гуфт ӯ.
Амалиёти бозҳои ҷангӣ?
Дӯстмуҳаммадиён аз ин гуруҳҳо “бозҳои ҷангӣ” ном мебарад, ки ба гуфтаи ӯ, ҳукуматро ба саркӯби гуруҳҳои мухолиф, расонаҳои мустақил ва дигарандешон дар чанд соли пеш мӯътақид карданд. Саидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён мегӯяд, мақомот ҳам онҳоеро мухолиф мешиносанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ садо баланд мекунанд. Вале дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ӯ, гурӯҳҳои мухолифин, ки дар хориҷ аз кишвар ҳузур доранд, "чандон калидӣ ва таъсиргузор ба ҳаёти сиёсии Тоҷикистон нестанд", вале “бошаҳои ҷангӣ” онҳоро ба ҳукумат хатарнок ҷилва медиҳанд.
Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, аз он сабаб мақомоти қудратӣ ба баргардонидани афрод аз Аврупо машғуланд, ки онҳо ба ҷинояте муттаҳам мешаванд ва фирор кардаанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Сафаров, мақомот барои такроран даст назадан ба ҷиноят онҳоро бармегардонад. Ӯ афзуд, ҳамаи онҳо мухолифони ҳукумат нестанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Решаи мушкилро на дар Варшава, балки дар Душанбе бояд ҷуст"“Мо бо ин гуруҳҳо дар Варшава сyҳбат доштем. Эҳсос кардем, ки албатта дар миёни онҳо, ки худро мухолифин медонанд, як рақобати ҷиддӣ, як шикофи ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ин гуруҳҳо шикаст мехӯранд. Мо кушиш мекунем, ки аксариятро баргардонем. Медонам, ки аз дасти онҳое, ки худро мухолифин меноманд, чизе намеояд,” – гуфт ӯ.
Ду созмоне, ки ҳоло аъзояш бештар барои бозгашти ихтиёрӣ ташвиқ мешаванд, дар Тоҷикистон бо қарори додгоҳи олӣ “террористӣ ва экстремистӣ” эътироф шудаанд.
Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви собиқадори Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, далел ин буд, ки ҳукумат ҳамеша аз мухолифи худ тарс дошт ва онҳоро дар канори худ таҳаммул накард. Ӯ гуфт, ки мақомот фикр карданд, ки бо зиндонӣ кардани чанд нафар ва берун кардани қисми дигар нерӯҳои мухолиф аз байн меравад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистон Кабириро ғоибона ба зиндон маҳкум кард“Аммо диданд, ки баръакс шуд. Мухолифин ваҳдати дигар меёбанд. Ин далолат бар он мекунанд, ки мухолифин қувват мегиранд ва он чизе, ки бар хилофи қонун бар зидди аҳзоби сиёсӣ кор бурданд, ҳоло дигар маҷбуранд, ки даст ба панҷа бошанд. Ҳоло, ки мехоҳанд, мухолифинро бо зӯрӣ аст, ё бо зора аст, ё бо зар баргардонанд" - гуфт ӯ.
Расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар ду соли ахир аз “бозгашти ихтиёрӣ”-и даҳҳо узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” гузоришҳо нашр кард. Зоҳиран, тамаркуз низ бештар болои ин ду гуруҳ аст, ки аксари аъзояшон дар кишварҳои аврупоӣ паноҳанда ҳастанд.