Тоҷикистон: Туман парвози "Ural Airlines"-ро ба таъхир андохт

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки иллати таъхир дар парвози ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" аз Санкт-Петербург ба Душанбе, вазъи номусодии ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон будааст. Вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 30 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки парвозҳои ин ширкат аз шаҳрҳои Русия ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон бидуни таъхир ва дар соати мушаххас анҷом шудааст.

Шералӣ Ганҷалзода таъкид кард, ки Тоҷикистон танҳо бо парвозҳои ширкати “Ямал” мухолифат дошта, вале ширкатҳои дигари русӣ, бо шумули "Уралские авиалинии" бидуни ҳеҷ монеа ва мушкил парвозҳои

Шералӣ Ганҷалзода гуфт, ки Тоҷикистон бо парвозҳои ширкати "Уралские авиалинии" ҳеҷ мушкил надорад.

худро ба шаҳрҳои Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 30 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ба ҳол ин парвоз анҷом нашуда ва сабабҳои он низ аз ҷониби ин ширкати русӣ шарҳ дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд, ки аз соати 12-и рӯзи 30 декабр қабулу парвози ҳавопаймоҳо аз рӯи ҷадвал сурат мегирад ва ба ҳолати оддӣ даромадааст. Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи ин фурудгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба далели тумани ғафс аз шаби 29 декабр то нимаи аввали рӯзи 30 декабр, ки Душанберо фаро гирифта буд, ҳавопаймоҳо натавонистанд ба ин фурудгоҳ парвозҳо анҷом диҳанд. Аз ҷумла ҳавопаймои "UTAir", ки шаби гузашта аз Маскав ба Душанбе парвоз карда буд, ба далели вазъи номусоиди ҳаво маҷбур шуд дар Тошканд фуруд оянд.

Мусофирони хатсайри Санкт-Петербург Душанбе рӯзи 29 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъулони ширкати "Уралские авиалинии" иллати ба таъхир афтодани ин парвозро ба ҷониби Тоҷикистон рабт додаанд. Ҳудуди 160 муҳоҷири тоҷик ду рӯз боз дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург дармондаанд. Ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" бояд соати 22-и шаби 28 ба 29 аз Санкт-Петербург ба Душанбе парвоз мекард.

Абуалӣ, яке аз мусофирон, рӯзи 29 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвози онҳо бояд тавассути ҳавопаймои "Уралские авиалинии" сурат мегирифт, аммо масъулони ширкат аввал замони парвозро ба таъхир андохта ва сипас гуфтаанд, "билетҳои худро супоред". Абуалӣ гуфт, ки феълан онҳо дар дохили фурудгоҳ ва дар шароити бад қарор доранд, чун барояшон на обу ғизо ва на ҷойи хоб пешниҳод нашудааст.

"Масъулони ширкат хуб суҳбат намекунанд. Ақаллан мегуфтанд, ки парвоз барои чанд соат ё чанд рӯз ба таъхир гузошта шуд, фаҳмидан мумкин буд. Тоқат кардан мумкин буд. Инҳо ҳеҷ шарҳ намедиҳанд ва танҳо мегӯянд, ки мақомоти худатон шуморо дастгирӣ намекунанд, мо чигуна дастгирӣ кунем?", - афзуд ӯ.

Дар ширкати "Уралские авиалинии" тасмими бекор кардани парвоз аз Санкт-Петербург ба Душанберо то ҳол шарҳ надоданд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабари банд мондани ҳудуди 160 муҳоҷири тоҷик дар Пулковоро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки консули фахрӣ барои арсидагӣ ба ин масъала ба фурудгоҳ фиристода шудааст. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон, рӯзи 29 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои онҳо низ маълум нест, чаро парвози ҳавопаймои "Уралские авиалинии" ба Тоҷикистон сурат нагирифтааст.

"Уралские авиалинии" дар ҳоле парвозаш аз Санкт-Петербург ба Душанберо анҷом надод, ки қаблан низ Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, роҳи ин ширкат ба кишвар баста нашудааст. "Моҷарои ҳавоии" Тоҷикистону Русия беш аз як ҳафта боз идома дорад.

Ин моҷаро баъди он сар зад, ки ду ҳавопаймои ширкати русии “Ямал” рӯзҳои 20 ва 21 декабр бо тақрибан 200 мусофир натавонистанд ба Душанбеву Хуҷанд парвоз кунанд. Раҳбарияти ширкат гуфтанд, ки онҳо дар баробари "Уралские авиалинии" ҳаққи парвоз аз фурудгоҳи "Жуковский"-и вилояти Маскав ба ду шаҳри Тоҷикистонро доштанд, аммо ҷониби Душанбе ин иддаоро рад намуда ва Русияро ба нақзи созишномаи иртиботи ҳавоӣ айбдор кард.