Tcell: "Додситонӣ дархости таҷҳизот накардааст"

Ширкати Tcell мегӯяд, ки хабарҳо дар бораи муроҷиати Додситонии кулли Тоҷикистон барои даст ёфтан ба дастгоҳҳои назорат бар мухобироти ин ширкат, аз воқеият дур аст.

Ширкати Tcell рӯзи 23-юми декабр бо нашри як баёния хабарҳо дар мавриди дархости Додситонии кулли Тоҷикистон аз ин ширкат барои дар ихтиёри мақомоти додситонӣ гузоштани дастгоҳҳои назорат бар мухобиротро аз воқеият дур хонд.

Ин дар ҳолест, ки ширкати Teliasonera, ки Tcell бахши тоҷикистонии он ба шумор меравад, рӯзи 22-юми декабр дар сомонаи расмиаш навишт, ки дар тирамоҳи соли ҷорӣ Додситонии кулли Тоҷикистон аз ин ширкат хостааст, то дар корҳои тафтишотии исёни генерал Абдуҳалим Назарзода, дастгоҳҳои муосири назорат бар мухобиротро дар ихтиёри ин ниҳод гузорад.

Аммо дар баёнияи ширкати Tcell, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошта шуд, гуфта мешавад, ки воқеан тирамоҳи соли ҷорӣ бо дархости раиси Ситоди пешгирӣ ва узвияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ дар Ироқ ва Сурия, ки дар назди Додситонии кулли кишвар фаъолият мекунад, дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, барои онҳо модем ва барои муддати кӯтоҳ интернет пешниҳод шуд. Аммо баёния мегӯяд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон барои насби ҳеҷ намуди таҷҳизоти гӯшдиҳанда ва ё кадом дастгоҳи махсус ба ширкати Tcell муроҷиат накардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам дар мавриди дархости ин ниҳод аз ширкати Тeliasonera барои дар ихтиёри додситонӣ гузоштани дастгоҳҳои пешрафтаи назорат бар мухобирот, ибрози беиттилоӣ кард. Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 23 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз омӯзиши қазия, дар ин замина расман ибрози назар хоҳанд кард.

Ширкати Teliasonera дар шарҳи ин дархост гуфта буд, ки дар тирамоҳи соли ҷорӣ Додситонии кулли Тоҷикистон аз ин ширкат хостааст, то дар корҳои тафтишотии исёни генерал Абдуҳалим Назарзода, дастгоҳҳои муосири назорат бар мухобиротро дар ихтиёри ин ниҳод гузорад.

Дар баёнияи ширкати Teliasonera гуфта мешуд, ки Додситонии куллии Тоҷикистон далели ин дархостро ба ниёзи Ситоди пешгирӣ ва узвияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ дар Ироқ ва Сурия, ки дар назди додситонӣ фаъолият мекунад, рабт додааст.

Тибқи ин баёния, Додситонии кулл гуфтааст, ҳамчунин, ин дастгоҳҳо барои бозрасии ҷиноятҳои вазнине, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ содир кардаанд, истифода хоҳад шуд.

Telisonera ҳамзамон гуфт, ин ширкат муваззаф аст, ки ба таври шаффоф муштариёнро аз ҳамагуна пешниҳодҳои ғайримаъмулии ниҳодҳои давлатӣ огоҳ созад ва ба муштариён итминон диҳад, ки ҳарими хусусии онҳо ҳифз хоҳад шуд.

Ғафур Эркаев, раиси анҷумани ширкатҳои мобилӣ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон қонун дар бораи воситаҳои бозрасию ҷустуҷӯӣ амал мекунад ва бар асоси ин қонун, дархости Додситонии кулл бо назардошти амали террористӣ, як амри маъмулӣ маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи оқои Эркаев, ин иқдом ҳуқуқи муштариёни ширкатҳои мухобиротиро поймол намекунад, зеро ин амал дар доираи қонун сурат мегирад ва ин ба манфиати амнияти давлату кишвар аст.

Аммо иддае аз сокинон ва фаъолони ҷомеа бар ин назаранд, ки дархости Додситонии кулли Тоҷикистон аз Тeliasonera, ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол карда, ҳатто имкон дорад он аз сӯи сохторҳои давлатӣ ба манфиати нафароне истифода шавад.

Гулафшон Соқиева, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, агар ширкати Тeliasonera пешниҳоди Додситонии куллро пазирад, ба эҳтимоли зиёд телефонҳои журналистон ва фаъолони ҷомеаи шавҳрвандӣ гӯш карда мешаванд.

Ба гуфтаи ин рӯзноманигори тоҷик, “қаблан ҳам гуфта мешуд, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон ба ҳама ширкатҳои мобилӣ дастрасӣ доранд ва телефонҳо гӯш карда мешаванд, ки ин поймол кардани ҳақи муштарии ширкат аст. Ширкатҳои мобилӣ низ борҳо сомонаҳоро масдуд карданд ва ҳам алоқаро хомӯш, аммо боре надидем, ки аз муштариёнашон узр пурсида бошанд. Ҳоло танҳо Teliasonera аст, ки ошкоро ба муштариён гуфт, ки Додситонии кулл чунин дархостеро аз онҳо кардааст.”

Акмал Қурбонов, ки дар бозори Шоҳмансур симкорт савдо мекунад, мегӯяд, ӯ ҳамчун шаҳрванд зидди он аст, ки сӯҳбатҳои телефонияш гӯш карда шаванд. Зеро “агар Тeliasonera пешниҳоди Прокуратураи генералиро қабул кунад, пеш аз ҳама ин ба ширкатҳои мобилӣ зарбаи иқтисодӣ мезанад. Ришва боз зиёдтар мешавад. Баъд метарсем, ки кормандони мақомот аз ин истифода карда, одамонро таҳдид накунанд.”

TeliaSonera дар соли 2002 дар натиҷаи ҳамоиши ширкати финнии Sonera бо ширкати шведии Telia таъсис ёфта, яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротии Аврупо ба шумор меравад. TeliaSonera дар Озарбойҷон зери номи Azercell Telekom, дар Гурҷистон бо номи Geocell, дар Молдова бо номи Moldcell, дар Қазоқистон бо номи Кcell ва дар Тоҷикистон бо номи Tcell фаъолият мекунад.

TeliaSonera моҳи марти соли 2010 вориди бозори телефонҳои мобил ва Интернети Тоҷикистон шуд ва бо харидории ширкатҳои “Индиго Тоҷикистон” ва “Сомонком” ба ҷои онҳо бренди Tcell-ро ҷорӣ кард.

Tcell баъди 5 соли фаъолият дар ин бозор бо тақрибан 3,3 миллион муштарӣ баъди “Вавилон”, ки теъдоди корбаронашро 3,5 миллион нафар мегӯяд, дар ҷои дуюм меистад. Дар маҷмӯъ дар бозори мухобироти Тоҷикистон 10 ширкат амал мекунанд, ки умдатаринҳояш баъди “Вавилон” ва Tcell ширкатҳои русии “Мегафон” ва Beeline мутаносибан бо 1,8 ва 1,3 миллион муштарӣ мебошанд.

Tcell ҳамин тавр, дар баҳори соли равон барномаи нави сӯҳбатҳои интернетиро бо номи “Чӣ гап?” ба бозор дароварда буд, ки тавонист бо ҷалби 100 ҳазор муштарӣ худро ба унвони рақиби шабакаҳои Viber ва WhatsApp дар Тоҷикистон матраҳ кунад. Омори солҳои охир нашр нашудааст, вале дар соли 2011 – дар соли дуюми фаъолияташ дар бозори Тоҷикистон – Teliasonera ба буҷаи ин кишвар 230 миллион сомонӣ, муодили 50 миллион доллар бо қурби он замон, андоз супурдааст.