Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Teliasonera аз Тоҷикистон меравад. Tcell ба кӣ мемонад?


Ширкати шведии Teliasonera эълон кард, ки бозори 6 кишвари АвроОсиё, аз ҷумла Тоҷикистонро батадриҷ тарк мекунад.

Ширкати шведии Teliasonera рӯзи 17 сентябр эълон кард, ки барномаҳояш дар кишварҳои АвроОсиё, аз ҷумла дар Тоҷикистонро батадриҷ мебандад ва дар оянда рӯи бозори Аврупо ва худи Шветсия тамаркуз хоҳад кард. Ин ширкат дар бозори Тоҷикистоон низ аз тариқи бренди Tcell беш аз 3 миллион муштарӣ дорад.

Улвия Ҳасанзода, ноиби президенти Teliasonera дар умури равобит бо ҷомиа рӯзи 17 сентябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, то замоне ки Tcell моли Teliasonera аст, чизе дар низоми кораш тағйир нахоҳад ёфт: “Ширкат дар ҳоли ҳозир ба сурати маъмулӣ ба кораш идома медиҳад. Чизе дар пешбурди бизнесаш дигар намешавад. Қарори тарки минтақаи АвроОсиё, аз ҷумла бозори Тоҷикистон тоза қабул шудааст ва мо аз ҳоло наметавонем ончиро, ки дар оянда рух хоҳад дод, шарҳ бидиҳем.”

Аммо Улвия Ҳасанзода эътироф кард, ки бренди Tcell метавонад ба дасти ширкатҳои дигар гузарад: “Ин аниқ аст, ки Teliasonera дар оянда тарки минтақаи АвроОсиё мекунад. Вале ин ки бо брендҳояш чӣ хоҳад шуд, ба харидори оянда ва шароити қарордоду муомила бо ин харидор вобаста аст, ки оё соҳиби ояндаи Tcell ин брендро дар бозори Тоҷикистон ба ҳамин ном ҳифз мекунад ваё номашро тағйир медиҳад.”

Teliasonera тағйири стратегияи ин ширкат ва тасмимаш дар бораи тарки бозори 6 кишвар – Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Молдова ва Непалро рӯзи 17 сентябр дар як нишасти вижаи хабарӣ эълон кард.

Йоҳан Деннелинд, президент ва мудиромили Teliasonera дар як нишасти вижаи хабарӣ бо эълони чунин тағйири куллӣ дар барномаҳои ширкаташ гуфт: “Мо медонем, ки ин як вазифаи мураккаб аст, ки фурсат металабад. Мо ин корро бозор ба бозор батадриҷ анҷом хоҳем дод, чунки ҳар кишвар ва ҳам амалиёт вазъияти нотакрори худашро дорад. Вале ҳадаф барои доим тарк кардани тамоми ин минтақа аст. Мо раванди коҳиши ҳузури TeliaSonera дар АвроОсиёро ба хотири он оғоз кардем, ки стратегияи худро хубтар иҷро кунем.”

Стратегияи нави ин ширкат тамаркуз рӯи бозори Шветсия ва Аврупо ва сохтани як имиҷи нав аз Teliasonera дар бозор гуфта мешавад. Масъулони ширкат мегӯянд, раванди коҳиши ҳузури Teliasonera дар бозори АвроОсиё шурӯъ шудааст, вале ҳанӯз маълум нест, ки ин раванд чанд муддатро дар бар хоҳад гирифт.

Teliasonera дар Озарбойҷон бренди Azercell, дар Узбакистон COSCOM ва дар Қазоқистон бренди Kazсell-ро мечархонд. TeliaSonera моҳи марти соли 2010 вориди бозори телефонҳои мобил ва Интернети Тоҷикистон шуд ва бо харидории ширкатҳои “Индиго Тоҷикистон” ва “Сомонком” ба ҷои онҳо бренди Tcell-ро ҷорӣ кард.

Tcell баъди 5 соли фаъолият дар ин бозор бо тақрибан 3,3 миллион муштарӣ баъди “Вавилон”, ки теъдоди корбаронашро 3,5 миллион нафар мегӯяд, дар ҷои дуюм меистад. Дар маҷмӯъ дар бозори мухобироти Тоҷикистон 10 ширкат амал мекунанд, ки умдатаринҳояш баъди “Вавилон” ва Tcell ширкатҳои русии “Мегафон” ва Beeline мутаносибан бо 1,8 ва 1,3 миллион муштарӣ мебошанд.

Tcell ҳамин тавр, дар баҳори соли равон барномаи нави сӯҳбатҳои интернетиро бо номи “Чӣ гап?” ба бозор дароварда буд, ки тавонист бо ҷалби 100 ҳазор муштарӣ худро ба унвони рақиби шабакаҳои Viber ва WhatsApp дар Тоҷикистон матраҳ кунад. Омори солҳои охир нашр нашудааст, вале дар соли 2011 – дар соли дуюми фаъолияташ дар бозори Тоҷикистон – Teliasonera ба буҷаи ин кишвар 230 миллион сомонӣ, муодили 50 миллион доллар бо қурби он замон, андоз супурдааст.

Бо ин ҳол, бо эълони стратегияи нави TeliaSonera маълум нест, ки сарнавишти “духтари тоҷик”-аш – Tcell – чӣ хоҳад шуд? Масъулони ин ширкат мегӯянд, то дарёфти ҷузъиёти бештар аз шарҳи масъала худдорӣ мекунанд. Вале афроди огоҳ мегӯянд, Tcell бо миллион муштарӣ ва он эътиборе, ки дар ин бозор дорад, дар ҳеҷ сурат бехаридор нахоҳад монд.

TeliaSonera дар соли 2002 дар натиҷаи ҳамоиши ширкати финнии Sonera бо ширкати шведии Telia таъсис ёфта, яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротии Аврупо ба шумор меравад.

Гулнора Каримова дар "ҳабси хонагӣ"
Гулнора Каримова дар "ҳабси хонагӣ"

Исми ин ширкат дар ду соли охир дар пайи рӯ задани моҷарои тахаллуфоти молии Гулнора Каримова - духтари калонии президенти Узбакистон – вирди забони расонаҳо шуд. Бино ба таҳқиқотҳо, аз ҷумла бар асоси гузориши Маркази таҳқиқоти ҷиноятҳои созмонёфта, духтари президенти Узбакистон барои роҳ додани ширкатҳои хориҷии мухобиротӣ ба бозори ин кишвар садҳо миллион доллар ва дар маҷмӯъ 1 миллиард доллар пора гирифтааст. Муаллифони ин гузориш мегӯянд, танҳо TeliaSonera ба Гулнора Каримова 381 миллион доллар, "Вымпелком" ва ширкати зери назари он "Альфа-Телеком" – 176 миллион доллар ва МТС 350 миллион долларро ҳадя кардаанд. Илова ба ин, тахминан 90 миллион доллари дигарро духтари президент аз ду ширкати насби ноқилҳои фибро-нурӣ ба даст овардааст.

Дар пайи фош шудани ин моҷаро раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов духтараш Гулнораро ба ҳабси хонагӣ андохт ва ӯ аз тирамоҳи соли 2013 ба ин тараф дар манзилаш дар шаҳри Тошканд дар иҳотаи маъмурони амниятӣ ба сар мебарад. Додгоҳҳои Узбакистон дар ин муддат дастикам 9 тан аз шарикони Гулнора Каримоваро ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон карданд.

Ҳамзамон дар чандин кишвари Аврупо алайҳи Каримова ва шариконаш бо иттиҳоми шустушӯи пул парвандаҳо кушодаанд ва Амрико дар моҳи июл 300 миллион доллар пулеро, ки бовар меравад, ба Каримова ва ёрони ӯ тааллуқ доранд, дар ҳисобҳои бонкӣ мунҷамид кард.

XS
SM
MD
LG