Бо гузашти ду рӯз аз боздошти 2,5 кило маводи мухаддир дар фурудгоҳи Душанбе мақомот то ҳол аз гуфтани исми соҳиби бор худдорӣ мекунанд.
Додситонии нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, тафтиши қазияи боздошти 2,5 кило героин дар фурудгоҳи Душанберо такмил карда, ба додситонии кулл фиристодааст. Саъдулло Қаюмов, як масъули додситонии нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи дастури дохилӣ пахши иттилоъ ба салоҳияти маркази матбуоти додситонии кулл аст: «Ахбори махсус фиристода шудааст. Он ҷо муроҷиат кунед ва бевосита тафсилоти воқеаро аз онҳо дарёфт хоҳед кард. Ҳама тафсилот дар дасти додситонии кулл аст.»
Рӯзи 16 сентябр дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба «Озодӣ» гуфтанд, ки гӯё писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларусро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт кардаанд. Бино ба ин манбаъ, ки нахост номаш гуфта шавад, Қоимдод Қоимдодов бо иттифоқи ҳамсараш Муштарӣ Муборакшоева субҳи 16 сентябр тавассути хатсайри 631 аз Душанбе ба Маскав ва аз онҷо бояд ба Минск парвоз мекарданд, вале ҳангоми гузаштан аз расмиёти гумрукии фурудгоҳи Душанбе аз сӯи кормандони гумрук боздошт шуданд. Ин манбаъ афзуд, онҳо вақте мавриди шакк қарор гирифтанд, ки дар бағочи онҳо мошини тафтишоти коло маводи шубҳаангезеро нишон дод ва вақте бағочро боз карданд, аз «махфигоҳ» - и махсуси ҷомадони онҳо 2,5 кило маводи мухаддир кашф шуд.
Аммо субҳи рӯзи 17 сентябр маркази матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон эълон дошт, ки дар ин қазия нофаҳмиҳо ба вуҷуд омадаанд. Нурулло Шарипов, сарвари шӯъбаи матбуоти ин ниҳоде, ки боздоштро анҷом додааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ба таҳқиқи ҳодиса додситонии нақлиёт машғул аст:
«Ҳоло таҳқиқ мешавад, ки бор аз кӣ аст, зеро дирӯз як нафари дигар ҳам дар ин робита дастгир шудааст. Ин сухан расмист. Дар фурудгоҳ ҳоло чунин низом аст, ки бағоч аз як роҳ, мусофир аз роҳи дигар меравад. Ҳоло мақомоти тафтишотӣ бояд муайян кунанд, ки бағоч ба кӣ тааллуқ дорад?»
Бино ба манобеъи ғайрирасмӣ, гӯё Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус аз Минск ба Душанбе омадааст, аммо вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин иттилоъро таъйид ва ё такзиб накард.
Абдулфайз Атоев, сухангӯи ин вазорат мегӯяд, дар мавриди ин қазия то ҳол аз мақомоти дахлдор иттилоъе дастрас накардаанд: «Аз ин хотир ҳоло чизе гуфта наметавонем ва дар ин бора ҳам иттилоъе надорем. Асли қазия чӣ аст, ягон иттилоъи ҷиддӣ вуҷуд надорад.»
Қоимдод Қоимдодов, писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус аст. Вай дар шаҳри Минск дар вазифаи референти Додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (СНГ) кор мекунад. Маркази матбуоти ин ниҳод дар тамоси телефонӣ бо «Озодӣ» гуфт, мавсуф дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад ва дар бораи ӯ ҳоло маълумоте надоранд.
Онҳое, ки бо Қоимдодод Қоимдодов ошноӣ доранд, аз ҷумла Улфатхонум Мамадшоева, ки мегӯяд, якуним моҳ бо ӯ дар курси ронандагӣ таҳсил кардааст, мегӯянд, ӯ яке аз ду писари Қозидавлат Қоимдодов аст ва табиатан инсони беозору бофарҳанг аст: «Онҳо ба мисли фарзандони дигар соҳибмансабон бодигариву феъли озор додани мардумро надоранд. Таасуроти ман ин аст, ки онҳо ҳатто ба монанди падарашон серҳаракат нестанд. Қоимдод орому шармгин аст ва то чизе напурсӣ, сухан намекунад. Ин бардошти якуниммоҳаи ман аз шиносоӣ бо ӯст.»
Қозидавлат Қоимдодов 64 сол дошта, аз он намояндагони Бадахшон аст, ки аз оғоз то ба имрӯз дар тими раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кор мекунад. Аз поёни соли 1992, ки оқои Раҳмон ба қударт расид, Қозидавлат Қоимдодов муовини аввали раиси Маҷлиси Олӣ ва аз соли 2000 муовини сарвазири Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози ҳукуматии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон буд. Соли 2005 сафири Тоҷикистон дар Туркманистон таъин шуд. Аз соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Беларус ва намояндааш дар тамоми ниҳодҳои ИДМ аст. Ҳамзамон аз солҳои 2011 – 2012 сафирии Тоҷикистон дар Литва, Латвия ва Эстонияро низ ба зимма дорад.
Боздошти наздикони афроди баландмартаба ва дипломатҳои Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар гузашта низ дар сархатти хабарҳо қарор доштанд. Соли гузашта додгоҳ Фаридун Умаров, мулаққаб ба “Пантера”, муовини сардори бахши мубориза бо маводи мухаддири ноҳияи Фархор дар вилояти Хатлон ва бародари муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Мансур Умаровро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамон сол Маҳмадулло Маҷидов, писари сарвари нерӯҳои воҳиди махсуси вазорати корҳои дохилӣ Ҳабибулло Маҷидов ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.
Расонаҳои Русия аз маҳкум шудани Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2008 дар Маскав хабар дода буданд. Дар поёни соли 2011, дар пайи раҳоии ду халабони рус аз зиндони Тоҷикистон, Рустам Ҳукумов низ аз зиндони Русия раҳо ёфт ва ба Тоҷикистон баргашт. Як додгоҳ дар Душанбе имсол нашрияи “Имрӯз Нюс”-ро, ки ин ду қазияро ба ҳам алоқаманд кард, бар асоси даъвои Рустам Ҳукумов бо ҷурми тӯҳмат ба шаъни ӯ 50 000 сомонӣ товон баст.
Дар гузаштаи дур, дар Русия аз боздошти як дипломати тоҷик бо 6,5 кило героин хабар пахш карда буданд. Соли 2001 намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Қазоқистон бо 24 кило героин боздошт ва ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад