Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пантера" ва "Ҳаммер" ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят бурданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Фаридун Умаров ва Рустам Ҳайитов аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино, ки онҳоро дар қочоқи маводи мухаддир муҷрим шинохта буд, ба додгоҳи Душанбе шикоят бурдаанд.

Фаридун Умаров бо лақаби "Пантера" ва Рустам Ҳайитов, мулаққаб ба "Ҳаммер", аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдаанд.

Як манбаъ дар ин додгоҳ гуфт, ҳарду ва бақия шариконашон ҳукми додгоҳро ғайримунсифона хонда, тақозо кардаанд, ки парвандаи онҳо бознигарӣ шавад. Ин манбаъ ҷузъиёти дигари шикояти онҳоро ошкор накард.

Аммо дар гузашта вакили дифои ин парванда боздошти ин афрод, аз ҷумла Рустам Ҳайитов тавассути Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ва тафтишоти парвандаи ин гурӯҳро ҳам таҳти суол қарор дода гуфта буд, ки дар ин ҷо меъёрҳои Кодекси мурофиавӣ-ҷиноии Тоҷикистон нақз шудааст. Ба қавли ӯ, бо парвандаҳое, ки вобаста ба муомилоти маводи мухаддир амалӣ мегардад, мақомоти Оҷонси назорати маводи мухаддири назди президент ва вазорати умури дохилӣ машғул мешаванд ва ин ба салоҳияти Оҷонси мубориза бо фасод дохил намешавад.

Додгоҳи ноҳияи Сино моҳи августи соли ҷорӣ Фаридун Умаров, собиқ муовини раёсати мубориза бо маводи мухаддири шӯъбаи милисаи ноҳияи Фархорро ба 7 ва Рустам Ҳайитовро, ки ба қавли тафтишот, ҳамчун қочоқбари умда бо 42 кило героин боздошт шуда буд, ба 24 соли зиндон маҳкум карда буд.

Фаридун Умаров, бародари муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон -- Мансур Умаров, ҳамчунин аз рутбаи низомии афсар маҳрум шуда, бино ба иттилои додгоҳ, ҳамчун масъули мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир худ дар қочоқи ин навъи мавод ширкат кардааст.

Шикояти Фаридун Умаров ва Рустам Ҳайитов тоза ба додгоҳи шаҳри Душанбе расида, ба қавли манбаи мо, мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG