Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав бо эътироз аз пардохт нашудани музди кори худ даст ба коршиканӣ заданд.
Бино бар хабарҳои расида, 26 муҳоҷири тоҷик, ки аз тарафи ширкати манзилу коммуналии қисмати шарқии шаҳри Маскав ба тоза кардани кӯчаҳо ҷалб шудаанд, бо баргузории як тазоҳурот дар кӯчаи 16-уми Парковая талаб доранд, ки маоши нимсолаи онҳо пардохт шавад. Аммо ширкати кордиҳанда, ки ба минтақаи «Восточное Измаилово» марбут аст, гуфтааст, ба иллати мушкилоти молӣ наметавонад ҳоло музди ин кормандони худро бидиҳад.
Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия намояндаи иттиҳодияи муҳоҷирони кории тоҷик баъд аз сӯҳбат бо эътирозгарон гуфтааст, ки ширкати кордиҳанда на танҳо маоши роҳрӯбони тоҷикро пардохт накардааст, балки таҳдид дорад, ки онҳоро аз хобгоҳи ин муассиса берун мекунад.
Каромат Шарипов, раиси ҷамъияти «Муҳоҷирони кории Тоҷикистон» мегӯяд, «ин одамон намедонанд ба куҷо раванд, идораи давлатӣ кори онҳоро ҳал намекунад, ба сафорат рафтан фоида надорад, дар идораи пулис ба онҳо таҳдид мекунанд.» Ба гуфтаи Каромат Шарипов ду раҳбари ин идора аз кор рафта, зимоми раҳбарӣ ба дасти нафари навбатӣ гузаштааст. Идораи манзиливу коммуналӣ бо муҳоҷирони тоҷик қарордод надорад ва ин ҷанбаъ онро дар ҳоли ноилоҷӣ қарор додааст.
Талаби муҳоҷирони тоҷикро Раёсати хадамоти манзиливу коммуналии минтақаи шарқии Маскав пуштибонӣ мекунад. Ба гуфтаи Андрей Иванов, сухангӯи ин раёсат, ҳоло дар байни ширкати кордиҳанда, бонке, ки ба ин ширкат хизмат мерасонад ва маъмурияти ноҳия гуфтушунид ҷараён дорад, то роҳи ҳалли мушкил пайдо гардад. Агар маълум шавад, ки ин ширкат аз уҳдаи пардохти маоши кормандон намебарояд, он гоҳ масъалаи таҳти назари мустақими идораи коммуналии давлатӣ гузаштани муҳоҷирони корӣ матраҳ хоҳад шуд.
Бори аввал нест, ки муҳоҷирони раҳрӯб даст ба коршиканӣ мезананд. Хабаргузориҳои русӣ аз қавли идораи коммуналӣ гуфтаанд, ки дар рӯзи барфбоди шадиди 29 ноябр 30 дар сади кормандон ба кор набаромаданд ва гуфтанд, ки дигар ба ивази 10 ҳазор рубл кӯчаҳоро тоза намекунанд. Коршикании муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳоле ҷараён дорад, ки мавҷи дуввуми барфбод кӯчаҳои пойтахти Русияро пур карда, кормандони идораи коммуналӣ бидуни танаффус роҳҳоро аз барф тоза мекунанд.
Бо вуҷуди истифодаи нирӯи ҳадди аксари идораҳои поккорӣ ва техникаи барфрӯбӣ аксар шаҳрҳои Русия, бо шумули Маскав, гирифтори раҳбандон шудаанд ва дар баъзе минтақаҳо тули роҳбандон ба чандин километр мерасад. Дар ҳоле, ки нирӯи идораҳои поккории кӯчаҳо ба шоҳроҳҳо равона шудааст, кучаву пасткӯча ва ҳавелии биноҳои истиқоматӣ барфпӯш боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи ҳукумати Маскав, бинобар барфбоди ҳафтаи гузашта ва шаби гузашта баландии барф дар ҷодаҳо ба 63 сантиметр баробар шудааст. Дар ин муддат кормандони соҳаи коммуналӣ 1 миллиону 960 тонна барфро аз ҷодаҳо берун бурданд. Дар маҷмуъ дар фаъолиятҳои поккории шаҳр аз барф 12 ҳазор техника ва 7 ҳазор корманд сафарбар шудаанд.