Дар шарқи Маскав гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик ба нишони эътироз аз тайи чанд моҳ пардохт нашудани ҳаққи корашон аз руфтани барфи хиёбонҳо сарпечӣ кардаанд.
Раиси ҷунбиши “Муҳоҷирони кори тоҷик” Каромат Шарипов ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки кӯчарӯбон ба куҷо муроҷиат карданашонро намедонанд, "зеро дар департаменти ободонӣ мушкилро ҳал намекунанд, ба сафорати Тоҷикистон рафтан маъное надорад, дар полис ба онҳо таҳдиди ихроҷ мекунанд". Каромат Шарифов афзудааст, ба кӯчарӯбон таҳдид кардаанд, ки агар барфҳои кӯчаву паскӯчаҳоро нарӯбанд, онҳоро аз хобгоҳ меронанд. Ба гуфтаи ӯ, мушкил боз дар он аст, ки масъулини хадамоти коммуналии Маскав бо кӯчарӯбон созиши корӣ имзо накардаанд.