Беш аз 100 муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Калинингради Русия барои баргузории чемпионати ҷаҳонии "Футбол-2018" таҳти раҳбарии ФИФА варзишгоҳ месозанд, мегӯянд, ҳудуди панҷ моҳ боз маош нагирифтаанд.
Чаҳор моҳ шуд, ки пул равон карда намешавад. Ду ҳазор доллар қарздорам. Панҷсад долларашро аз ҳамроҳон гирифта фиристодам ва ҳоло ҳар рӯз қарздорон падарамро гаранг карда гаштаанд
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, аз ин муҳоҷирон шикоят дарёфт накардааст, вале дар як соли ахир 50 миллион рубли муҳоҷирони тоҷик, беш аз 800 ҳазор долларро аз корфармоён пас гардондааст.
“Қарз аз маросими тӯйро напардохтам”
Саид Ҳакимов, муҳоҷири 45-солаи тоҷик, ки дар сохтмони варзишгоҳи Калининград кор мекунад, рӯзи 17-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, панҷ моҳ боз ҳамсару чаҳор фарзандаш дар Тоҷикистон бо пули қарз зиндагӣ мекунанд. Ӯ гуфт, ҳаққи аз варзишгоҳ берун шудан надоранд ва инҷо се вақт барояшон ғизову ҷои хоби ройгон низ медиҳанд, аммо пардохт нашудани маош зиндагии хонаводҳои муҳоҷирон дар Тоҷикистонро мушкил кардааст.
Ӯ гуфт, “инҷо музди меҳнатро барои ҳар соат медиҳанд. Як соат кор 120 рубл аст. Дар як моҳ то 30-32 ҳазор рубл (беш аз 500 доллар) бояд бигирем. Аз ин ҳисоб 5 ҳазораш дар патент мегардад ва 26-28 ҳазор кор мекунем. Пули зиёд нест, лекин фарзандон ба он эҳтиёҷ доранд. Ҳоло аз тамоми фурӯшгоҳҳо ва дӯстон қарздор шудаанд.”
Пардохт нашудани маош нақшаҳои аксар муҳоҷиронро ба ҳам задааст. Фирдавс Ҷабборов, муҳоҷири дигаре, ки дар ин сохтмон кор мекунад, гуфт, моҳи март дар ватан бо қарз маросими издивоҷашро баргузор карда, ба Русия омад, то қарзро баргардонад. “Лекин чаҳор моҳ шуд, ки пул равон карда намешавад. Ду ҳазор доллар қарздорам. Панҷсад долларашро аз ҳамроҳон гирифта равон кардам, лекин дигар ҳар рӯз қарздорон падарамро гаранг карда гаштаанд”, - гуфт ӯ.
"Қирғизҳо эътироз карданд, маошашонро гирифтанд"
Дар варзишгоҳи шаҳри Калининград, ки то охири соли 2017 бояд сохта шавад, беш аз 500 намояндагони халқу миллатҳо аз кишварҳои Шӯравии собиқ кор мекунанд. Қаҳрамон Розумов, саркоре, ки бештари тоҷикон зери дасти ӯ дар ин варзишгоҳ кор мекунанд, рӯзи 17-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маоши муҳоҷирони тоҷик ба зудтарин фурсат пардохт мешавад.
Розумов сабаби таъхири маоши муҳоҷиронро шарҳ надод, аммо гуфт, ин ба мушкили ширкате вобаста буд, ки муҳоҷиронро барои кор дар инҷо ҷалб кардааст. “Ҳоло мушкил ҳал шудааст ва рӯзҳои наздик ваъда шуд, ки ҳама коргарон маошашонро мегиранд”, - гуфт ӯ.
Тоҳир Исматов, муҳоҷири дигари тоҷик, гуфт, беш аз чаҳор моҳ боз чунин ваъда мегиранд, вале маълум нест, ки кай маош пардохт мешавад. Ӯ гуфт, муҳоҷирони қирғиз низ се моҳ маош нагирифта буданд, вале ҳафтаи гузашта корпартоӣ карданд ва маошашон фавран пардохт шуд. Ӯ гуфт, “бачаҳои тоҷик ҳама метарсанд, ки рӯйирост шикоят кунанд. Ҳама якгапа нестанд. Метарсанд, ки ҳамин ҷойи корашонро аз даст медиҳанд.”
Хадамоти муҳоҷират: 50 миллион рубл баргардонда шуд
Муҳоҷирони тоҷике, ки дар сохтмони варзишгоҳи Калининград кор мекунанд, гуфтанд, аз ин мушкил ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон нома навиштаанд, вале намояндагии ин хадамот гуфт, то ҳанӯз нома дарёфт нашудааст. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, пардохт нашудани маош аз ҷониби корфармоён ба назар мерасад ва дар як соли ахир онҳо беш аз 50 миллион рублро аз корфармоён ба муҳоҷирон баргардондаанд.
Ӯ гуфт, “мо шикояти муҳоҷиронро баррасӣ кардем. Бисёре аз корфармоён бо роҳи сӯҳбат ҳаққи муҳоҷиронро, ки моҳҳо надода буданд, доданд. Баъзеҳо пардохт накарданд ва мо ба тариқи додситонӣ ва додгоҳ ҳаққи муҳоҷирони тоҷикро баргардонидем. Агар шикояти ин муҳоҷирон ба дасти мо бирасад, ҳатман дахолат мекунем.”
Ин масъули Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт, аксаран ширкатҳои хусусӣ аз пардохти муҳоҷирон сарпечӣ мекунанд. “Бисёре аз муҳоҷирони мо низ шартномаи меҳнатӣ надоранд, ки ин кори худашонро дар баҳсҳои судӣ мушкил мекунад. Вақте муҳоҷир шартномаи меҳнатӣ бо корфармо дорад, гирифтани ҳаққи ӯ осонтар аст. Бисёре аз муҳоҷирони мо шартномаҳои шифоҳӣ доранд”, - гуфт Аҳмадов.
Чаро муҳоҷир то охирин лаҳза шикоят намекунад?
Баъзеҳо пардохт накарданд ва мо ба тариқи додситонӣ ва додгоҳ ҳаққи муҳоҷирони тоҷикро баргардонидем. Агар шикояти ин муҳоҷирон ба дасти мо бирасад, ҳатман дахолат мекунем
Аксари муҳоҷирони тоҷик, ба гуфтаи коршиносон, вақте аз пардохт нашудани маоши худ ба додгоҳ шикоят мекунанд, ки дигар умеде барои кор дар он коргоҳ ё ширкат надоранд. Умедҷон Валиев, як муҳоҷири тоҷик, ки 15 сол боз дар Русия ба сар мебарад, гуфт, муҳоҷирони тоҷик аз шикоят кардан метарсанд, чун фикр мекунанд, кор ба манфиаташон ҳал намешавад. “Чанд омил муҳоҷири тоҷикро беҷуръат кардааст, ки барои ҳаққаш дар Русия шикоят намекунад. Метарсад, ки баъди шикоят аз кор пеш мекунанд ва дар ватан кор надорад. Аз тарафи дигар бовар надорад, ки ба шикояташ дуруст расидагӣ кунанд. Сеюм худаш тамоми санадҳои кораш дуруст нест ва пеши корфармо ҳам муттаҳам аст”, - гуфт ӯ.
Сохтмони варзишгоҳ барои мусобиқаи ҷаҳонии “Футбол-2018” дар 12 шаҳри Русия ду сол боз идома дорад. Русия соли 2014 дар пайи қуръакашӣ дар Бразилия мизбонии бозиии ҷаҳонии “Футбол-2018”-ро бар дӯш гирифт. Дар сохтмони варзишгоҳҳо садҳо тоҷик кор мекунанд, вале бори аввал аст, ки як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик аз чунин варзишгоҳ аз пардохт нашудани маошашон шикоят мекунанд.
Тибқи иттилои расмӣ солона то 600 ҳазор ва бинобар омори дигар беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон хонаводаашонро аз ҳисоби кор дар Русия таъмин мекунанд.