Ҷараёни барҳам додани Хадамоти федероли муҳоҷират дар Русия (ФМС) тоза ба анҷом расидааст.
Фармон дар мавриди барҳам додани ин ниҳод ва ба ихтиёри Вазорати корҳои дохилии Русия гузаштани салоҳиятҳои онро Владимир Путин моҳи апрели имсол содир карда буд. Вале ҷараёни ба ихтиёри ин вазорат рафтани салоҳиятҳои Хадамоти федеролии муҳоҷират нав ба поён расидааст. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки ин тағйирот дар ниҳодҳои масъули назорати муҳоҷират дар Русия, кишвари асосии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон, ба будубоши муҳоҷирон чӣ таъсир гузоштааст?
Абдулло Давлатов, раҳбари собиқи Иттиҳоди тоҷикони Русия, рӯзи 29-уми август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, тағйироти муҳим ин аст, ки баъди барҳам хӯрдани Хадамоти федеролии муҳоҷират танҳо 30 дарсади кормандони он ба раёсати вобаста ба муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ шомил шудаанд.
"Тағйироти муҳим"
Вай афзуд, "як тағйироти муҳими дигаре, ки ахиран вобаста ба муҳоҷират дар Русия қабул шуд, ин Кодекси қонунвайронкунии маъмурӣ аст. Тибқи тағйироти охир дар ин қонун ҳамакнун муҳоҷирони корӣ пас аз гирифтани патент дигар муваззаф нестанд, ки худро дубора дар қайд гузоранд. Қаблан, барои дубора дар қайд нагузоштан муҳоҷиронро метавонистанд, ки аз Русия ихроҷ кунанд. Ҳоло тибқи ин тағйирот дигар муҳоҷиронро барои ин ҳақ надоранд аз Русия ихроҷ кунанд."
Дар ҳамин ҳол, худи муҳоҷирон мегӯянд, бо барҳам хӯрдани ФМС ва ё Хадамоти федеролии муҳоҷират онҳо сабукие дар будубошашон эҳсос накардаанд. Чанде аз муҳоҷирони тоҷик, ки бо Озодӣ ҳамсуҳбат шуданд, гуфтанд, дар шаҳрҳои калон, бахсус Маскав, дар ду ҳафтаи охир рейди мақомоти интизомӣ идома дорад, ки фаъолияти муҳоҷиронро дар соҳаи нақлиёт месанҷанд.
"Санҷиш давом дорад..."
Сорбон Ҳалимов, яке аз мусоҳибони мо, ки дар Маскав ба таксиронӣ машғул аст, гуфт, "ду ҳафта шуд, ба кор намебароем. Чунки рейд ҷараён дорад ва агар ба даст афтӣ, дар давоми се рӯз дупортатсия мекунанд. Чанде аз рафиқони мо ба даст афтода, депортатсия шуданд ва то 5 соли дигар ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд."
Мо мефаҳмем, ки бархӯрди мақомоти рус бо муҳоҷирон ба хотири ворид нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёи ташкилкардаи Русия аст.Иззат Амон
Бино ба маълумоти Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия танҳо дар се моҳи аввали соли равон аз қаламрави Русия беш аз 26 ҳазор нафар ихроҷ карда шудаанд. Абдулло Давлатов мегӯяд, сӯхтори фоҷиабори охир, ки бар асари он дар яке аз чопхонаҳои Русия 14 муҳоҷири Қирғизистон ва асосан занҳо ҳалок шуданд, метавонад баҳонае барои боз ҳам сахттар кардани назорат аз болои муҳоҷирон шавад.
Аммо бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, новобаста ба тағйироти сохторӣ дар идораҳои назорати муҳоҷирон дар Русия шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ба тадриҷ сахттар мешавад. Иззат Амон, ҳуқуқшиноси тоҷики муқими Маскав, мегӯяд, сахтгириҳои Кремл нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ба равобити расмии Душанбеву Маскав бармегардад.
Ӯ гуфт, "албатта, Кремл нисбат ба тоҷикон як сиёсати хосро пиёда карда истодааст. Мо мефаҳмем, ки ин бархӯрди мақомоти рус ба хотири ворид нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёи ташкилкардаи Русия аст."
Бино ба иттилои охирини Раёсати вобаста ба муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 878 ҳазору 533 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд. Беш аз 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло аз ҳаққи ворид шудан ба Русия маҳрум шудаанд.