Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ: Даромади оилаҳои тоҷик 22% афзудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба ҳисобҳои Бонки Ҷаҳонӣ, интиқоли пули муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷа, махсусан Русия, ба ватан афзоиш ёфтааст.

Дар гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ, ки вазъи сокинони Тоҷикистон аз моҳи январ то июни имсолро дар бар мегирад, гуфта шудааст, агар як муҳоҷири кории тоҷик дар гузашта ба хонаводааш ба ҳисоби миёна 632 сомонӣ мефиристод, ҳоло ин рақам ба 981 сомонӣ баробар шудааст. Бонки Ҷаҳонӣ иддао дорад, ки ин баландтарин нишондод дар тӯли як соли охир аст.

Афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон ба ҳисоби миёна дар як соли охир бесобиқа будааст. Аз соли 2014 бо ворид шудани иқтисоди Русия ба марҳилаи рукуд, ҳаҷми пули интиқолии муҳоҷирони корӣ низ ба тадриҷ коҳиш ёфт.

Иддаои он ки рушди иқтисод коҳиш ёфт, талабот ба муҳоҷирон ҳам кам мешавад, чандон сиҳҳат надорад.
Юрий Крупнов

Дар соли гузашта муҳоҷирони корӣ аз Русия каме беш аз 1 миллиарду 200 миллион доллар ба Тоҷикистон пул фиристоданд. Дар ҳоле ки пули интиқолии онҳо ду-се соли қабл аз гардонандаи аслии чархи иқтисоди Тоҷикистон ҳисоб мешуд ва артиши беш аз 1 миллионнафарии муҳоҷирони тоҷик соли 2013 танҳо аз Русия беш аз 4 миллиард доллар ба ватан фиристода буданд. Ин маблағ нисфе аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медод.

Крупнов: Вазъи иқтисоди Русия ҳанӯз беҳ нашудааст

Юрий Крупнов, роҳбари Пажӯҳишгоҳи демография ва муҳоҷирати Русия, рӯзи 27-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, афзоиш ёфтани ҳаҷми пуле, ки як муҳоҷир ба Тоҷикистон мефиристад, ҳанӯз ба маъное нест, ки иқтисоди Русия ба вазъи қабл аз буҳронӣ баргаштааст. Ӯ гуфт, "иқтисоди Русия ҳоло ба вазъияти нав мутобиқ шуд. Қурби рубл нисбатан муътадил аст. Айни замон муҳоҷирон бештар машғули корҳои ҷисмоние ҳастанд, ки доштани тахассусро талаб намекунад. Аз ин рӯ, он корҳое, ки муҳоҷирон машғуланд, мисли боркашониву роҳрӯбӣ новобаста ба буҳрон идома мекунанд."

Юрий Крупнов
Юрий Крупнов

Крупнов афзуд, иқтисоди Русия ҳанӯз ба кундӣ пеш меравад, аммо бинобар куҳнаву фарсуда шудани таҷҳизоту мошинолоти корхонаҳо бисёре аз кордеҳон ба нерӯи кории арзон ниёзи бештар пайдо мекунанд. "Бинобар ин, иддаои он ки рушди иқтисод коҳиш ёфт, талабот ба муҳоҷирон ҳам кам мешавад, чандон сиҳҳат надорад," - шарҳ дод ӯ.

Бонки Ҷаҳонӣ баъди аз оғози буҳрон ва коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон, ки даромади аксарияти хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз он вобаста аст, вазъи некуаҳволии мардумро зуд-зуд месанҷад. Натиҷаи пажӯҳиши охир, ки моҳи май ва июнро дар бар мегирад нишон додааст, пас аз он ки ҳаҷми интиқоли пули як муҳоҷир ба ҳисоби миёна то ба 981 сомонӣ боло рафааст, даромади сокинони Тоҷикистон ҳам 22 дарсад афзудааст.

Пул зиёд шудааст, муҳоҷирон - кам?

Бо ин ки муҳоҷирон ба оилаҳои хеш дар Тоҷикистон бештар пул мефиристанд, аммо шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия кам мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар ним соли равон дар муқоисса ба соли гузашта 8 дарсад кам шудааст. Дар ин муддат, ба иттилои мақомоти расмӣ, 306 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кишварро ба қасди кор дар Русияву Қазоқистон тарк кардаанд. Дар ҳоле ки соли гузашта 311 ҳазор нафар ба ин ду кишвари муҳоҷирпазир сафар карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дод, ки барои муҳоҷирони кории тоҷик дар кишварҳои нав имконияти пайдо кардани ҷойи корро фароҳам кунанд.

XS
SM
MD
LG