"Ирсоли муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Қатар тақрибан ниҳоӣ шуд"

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки масъалаи ирсоли муҳоҷирони корӣ аз кишвар ба Қатар тақрибан ниҳоӣ шудааст. Ҳоло созишномаи миёни Тоҷикистону Қатар дар бораи танзими нирӯи корӣ пурра таҳия шуда, дар қадами баъдӣ бояд мувофиқати порлумон ва, сипас, президентро ба даст орад.

“Кор дар Қатар ҳам осон нахоҳад буд”

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар сурати ниҳоӣ шудани созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни маҳдудият ё лимит метавонанд, дар бозори кори ин кишвари арабӣ машғулият пайдо кунанд. Қатар яке аз кишварҳои алтернативиест, ки Тоҷикистон мехоҳад, дар гуногунҷабҳа шудани бозори кори шаҳрвандонаш дар хориҷа аз он истифода кунад. Вале бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳамонгуна ки таҷрибаи Русия нишон дод, ин давлати арабӣ ҳам аз назари вижагиҳои фарҳангиву иҷтимоиаш барои корҷӯёни тоҷик чандон осон нахоҳад буд.

Маҳалли сохтмоне дар Қатар

Бекорӣ ва камбуди даромад дар бозори кори Тоҷикистон солона беш аз 1 миллион сокини кишварро ба Русия ба ҷустуҷӯи кор мебарад. Душанбе солҳо боз дар андешаи он аст, ки аз вобастагии танҳо бозори кори як кишвар раҳо шавад.

“Танҳо мутахассис мефиристем”

Лоиҳаи созишнома дар бораи танзими нирӯи корӣ дар Қатар пурра омода шуда, ҳукумати Тоҷикистон низ ба он ризоят додааст. Масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз рӯи ин созишнома интиқоли муҳоҷирон ба Қатар танҳо аз ҷониби мақомоти расмӣ амалӣ карда мешавад ва ширкатҳои хусусӣ ба ин кор ҳақ нахоҳанд дошт.

Як масъули вазорат бидуни бурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “тартиби ирсоли коргарон ба Қатар чунин сурат мегирад. Ҷониби Қатар дархостҳо барои қабули муҳоҷиронро ба Вазорати меҳнат пешниҳод мекунад. Вазорат дар асоси дархости Қатар коргаронро омода менамояд. Тибқи созишнома корфармо вазифадор аст, роҳкиро, суғурта ва пули визаи кормандро пардохт кунад. Инчунин, корфармо вазифадор аст, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷойи хоб, шароити хуби корӣ таъмин карда, дар ҳолати маҷруҳ шудан ё фавтидани корманд ҷубронпулӣ пардозад. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ хоҳанд дошт, ки ҳар сол яке бор рухсатии меҳнатӣ бигиранд.”

Бинои Вазорати меҳнат

Ба таъкиди ин масъули вазорати меҳнат, онҳо масъалаи ба дасти гурӯҳҳои қочоқбари инсон наафтодани шаҳрвандонро низ дар назар гирифтаанд. “Ҳарчанд дар лоиҳаи созишнома барои сафари марду зан маҳдудият муқаррар нашудааст, аммо ҷониби Тоҷикистон талош мекунад, ба Қатар бештар мардонро фиристад”, - гуфт ин ҳамсуҳбати мо афзуд, “чун ҷониби Қатар мехоҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон дар сохтмонҳо кор кунанд ё ронандагӣ намоянд. Ин корҳо барои занон вазнин аст.”

Ин созишнома танҳо интиқоли кормандонро аз Тоҷикистон ба Қатар пешбинӣ кардааст ва Тоҷикистон аз ин кишвари арабӣ муҳоҷир қабул намекунад. Ҷузъиёти дигари ин созишнома мушаххас нест. Аз ҷумла, маълум нест, ки пардохти андози коргарон чӣ гуна сурат мегирад. То куҷо кори ин шаҳрандон дар хориҷа дар нафақаи онҳо ҳисоб мешавад? Маоши миёнае, ки бо он ба кор қабул мешаванд, чанд аст? Мақомот гуфтанд, ба тамоми саволҳои дигар дар марҳилаҳои баъдӣ мешавад посух гирифт.

Тарҳи масҷиди бузургтарин дар Тоҷикистон, ки бо сармояи Қатар сохта мешавад

Тоҷикистон кишварест, ки аз Қатар дар фосилаи 2 ҳазору 400 километр ҷойгир буда, ҷазиракишваре дар Халиҷи Форс аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қатар 323 миллиард долларо ташкил медиҳад, ки бар сари ҳар аҳолиаш 144 ҳазор доллар рост меояд. Мақомоти тоҷик борҳо Қатарро яке аз кишварҳои ҳампаймони араби худ гуфтаанд. Тоҷикистону Қатар дар кишварҳои якдигар сафорат доранд.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қатар соли 1994 барқарор шуда, нахустин сафари президенти Тоҷикистон ба Қатар моҳи майи соли 2007 сурат гирифтааст. Қатар дар сармоягузории чандин лоиҳаҳои муҳим дар Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ ва сохтмони маҷмааи “Диёри Душанбе” иштирок дошт.

“Наҷҷорӣ гуфта бурданд, аммо сангкашонӣ фармуданд”

Мақомоти тоҷик дар ҳоле мехоҳанд, бозори меҳнати кишварҳои арабиро гузинае барои муҳоҷирони тоҷик қарор диҳанд, ки бархе афроди ботаҷриба мегӯянд, танаввӯъ дар бозори кори хориҷӣ хуб аст, вале аз даст додани имконият дар Русияву Қазоқистон ҳам дуруст нест. Амир Исоев, як сокини шаҳри Душанбе, таҷрибаи талхи кор дар Қатарро то ҳол фаромӯш накардааст. Амир 10 сол қабл аз ҷониби як ширкат барои кор ба Қатар фиристода шуд. Аммо ин қаҳрамони мо бештар аз як моҳ натавонист онҷо тоқат кунад, ҳарчанд аз рӯи шартнома бояд дар Қатар се сол фаъолият мекард.

Амир мегӯяд, ҳамроҳ бо ӯ 10 нафари дигар ҳам ба Қатар рафтанд, аммо он ваъдаҳое, ки дар Тоҷикистон ба онҳо дода буданд, баробари ворид шуданашон ба Доҳа гӯё фаромӯш шуд. “Дар Душанбе ба мо гуфтанд, ки 500 доллар маош мегиред ва ҳамчун наҷҷор ё плотник кор мекунед. Аммо вақте ба Қатар расидем, моро на ба корҳои ваъдашуда, балки ба корҳои сиёҳ аз қабили сангкашонӣ фиристонданд. Бо ин аҳвол як моҳ тоқат кардем ва маошамонро низ нагирифта баргаштем”, - афзуд ӯ.

Амир Исоев мегӯяд, маҳз муроҷиаташ ба дастгоҳи президент ӯ ва 10 нафари ҳамроҳашро аз он азоб халос кард. Исоев Қатарро як давлати дорову сарватманд тавсиф мекунад, вале мегӯяд, дар сурати дубора даъват шуданаш ба ин кишвар ҳама гуна пешниҳодро эҳтиёткорона қабул мекунад. Акмал Раҷабов беш аз даҳ сол дар кишварҳои арабӣ зиста, ҳоло низ масъули яке аз ширкатҳои арабӣ дар Душанбе аст. Акмал мегӯяд, дар кишварҳои арабӣ мизони нақзи ҳуқуқи инсон, бахусус муҳоҷирон хеле баланд аст ва мақомоти тоҷик бояд инро ба инобат бигиранд.

Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, шаҳрвандони Тоҷикистон набояд фирефтаи ваъдаҳои дарёфти пули бисёру роҳат шаванд. “Арабҳо пули зиёд доранд ва агар ба онҷо ба кор раванд, метавонанд пули зиёд ба даст оранд. Нисбат ба кишварҳои арабӣ Русия ва Қазоқистон барои муҳоҷирони тоҷик маконҳои хубтар мебошанд. Ҳам дар инҷоҳо маблағи нағз кор мекунанд ва ҳам дар боду ҳавои гарми кишварҳои арабӣ азоб намекашанд”, - афзуд ӯ.

“Тоҷикистон бояд эҳтиёткорона муносибат намояд”

Раҳмон Улмасов

Таҳлилгарон мегӯянд, бозори меҳнати кишварҳои арабӣ ё Кореяи Ҷанубӣ, ки мақомоти тоҷик бо ин кишварҳо барои интиқоли қувваи корӣ гуфтушунид доранд, наметавонанд теъдоди зиёди муҳоҷирони моро қабул кунанд. Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират, гуфт, давлатҳои арабӣ ё Кореяи Ҷанубӣ аз Тоҷикистон бештар мутахассис мехоҳанд, на корманди оддӣ. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ӯлмасов, худи Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дорад.

Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, нигароние, ки бояд мақомоти тоҷик ва ҳам шаҳрвандони ин кишвар ба ҳангоми пазириши кор дар давлатҳои арабӣ ба инобат гиранд, таъсири ақидаву мазҳабҳои бегонаи динӣ аст. Ӯ гуфт, “ба онҷо рафта, ба ҳаргуна гуруҳ дохил шаванд, барои мо чӣ даркор? Тоҷикистон бояд дар ин масъала сахт эҳтиёткор бошад.”

Ба қавли коршиносони дигар, Тоҷикистон наметавонад ба таври давомдор дар як ҳолати баставу вобаста аз танҳо бозори кори Русия бимонад. Талошҳои мақомот барои диверсификатсия ё мутанаввеъ кардани бозори кори ин кишварро водор мекунад, ки бо пешниҳодҳои воқеӣ сарукор бигирад. То имрӯз кишвари пешрафтаи ҷаҳон дар Аврупо ё Ғарб ба Тоҷикистон пешниҳоди ирсоли нирӯи корӣ дар бозори дохилии худро накардаанд. Ба қавли як мусоҳиби Радиои Озодӣ, мақомдорони тоҷик дар баробари таҳияи санадҳои қонуникунии кори шаҳрвандонашон дар хориҷа бояд масъулияти тамоми ҷараён ва паёмадҳои ин корро ҳам андешида пурра риоя кунанд.

Дар сурати расидагии саривақтии мақомот ба қазияҳои марбут ба поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷа, кӯмаки саривақтӣ дар маконе, ки мушкил эҷод шудааст, эътимоди шаҳрвандон ҳам ба ин пешниҳодҳо бештар мешавад. дар давоми беш аз 20 соли собиқаи муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия интиқод аз таваҷҷӯҳи нокофии мақомдорон ба мушкилоти муҳоҷирон дар ин қаламрав кам намешавад.