Пулиси Маскав дар ду ҳафтаи охир ба даҳҳо муҳоҷири тоҷик иҷоза надод, ки дар намози ҷумъаи масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав иштирок кунанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ба ибодати муҳоҷирон мухолифат надоранд, вале намозгузории онҳо дар берун аз бинои масҷид боиси халадор шудани ҳаракат дар роҳ мешавад.
- Масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав, ки бо номи “масҷиди Проспект Мира” машҳур аст, барои даҳ ҳазор намозгузор сохта шудаааст, аммо рӯзҳои ҷумъа теъдоди намозгузорон аз меъёр бештар мешавад.
Миралӣ ва ҳамроҳонашро ба масҷид роҳ надоданд
Фикр мекунам, бояд ба муҳоҷирони мусалмон риоя ва эҳтиром ба фарҳанги сокинони маҳаллиро омӯзонем ва сокинонро аз диндории мардуми мусалмон огоҳ намоем
Миралӣ Нарзуллоев, муҳоҷири 28-солаи тоҷик, ҳафтаи гузашта ҳамроҳ бо 20 муҳоҷири дигар ҳангоми берун шудан аз метрои “Проспект Мира” боздошт шуд. Ӯ рӯзи 2-юми октябр гуфт, пулиси Русия на танҳо аз наздик шудани онҳо ба масҷид ҷилавгирӣ кард, гузашта аз ин муҳоҷиронро ба шӯъбаи пулис бурд ва исмашонро дар қайди махсус гузошт.
“Аз метро берун мешавӣ, калисо аст. Миёни масҷиду фурӯшгоҳи “Зам-Зам”, пулис моро боздошт кард. Гуфтем, ки барои намоз дер мекунем, вале гуфтанд, барояшон фарқ надорад. Нагузоштанд, ба масҷид равем. Шумораи телефонҳоямонро дар захираашон барои гӯш кардан ворид карданд. Изи ангушт ва аксҳоямонро гирифтанд. Хулоса, нагузоштанд, ки намоз гузорем”, - афзуд ин муҳоҷири тоҷик.
Нарзуллоев ҳар ҳафта ним соат роҳ тай мекунад, то дар намози ҷумъа иштирок намояд. Мисли ӯ ҳазорҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, рӯзҳои ҷумъа барои намозгузорӣ ба масҷидҳои шаҳри Маскав мерезанд. На ҳамаи муҳоҷирон дар дохили бинои масҷид ҷой пайдо мекунанд. Даҳҳо нафар берун аз масҷид намоз мегузоранд.
"Тартиботро назорат мекунанд"
Дар Шӯъбаи пулиси ноҳияи Мешанскии Русия, ки “масҷиди Проспект Мира” дар он ҷо воқеъ аст, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо шикояти сокинон рӯзҳои ҷумъа “тартибот”-ро назорат мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дарси Калисои православӣ ба муҳоҷирон дар Русия (ВИДЕО)Идораи муфтиёти Русия мегӯяд, теъдоди намозгузорон ба андозае афзоиш ёфтааст, ки масҷидҳои Русия дигар тавони ғунҷонидани онҳоро надорад. Марат Аҳмадҷонов, сухангӯи Идораи муфтиёти Русия, рӯзи 2-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, набуди ҷой барои намозгузорӣ мушкили рақами як шудааст.
“Албатта, аз нигоҳи қонунгузории Русия дар роҳ намоз хондан иҷозат нест, вале аз рӯйи шариат бояд мусалмонон намози худро дастҷамъона гузоранд. Ин мушкил вуҷуд дорад, ки кормандони пулис намегузоранд, мардум дар роҳҳо намоз гузоранд”, - гуфт ӯ.
Вақте дар хиёбон намоз мегузоранд...
Намозгузории дастҷамъонаи мусалмонон дар хиёбон ва берун аз масҷид, ки аксаран муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳастанд, барои сокинони ғайримусалмони Русия хушоянд нест ва онҳоро метарсонад.
Эраҷ Боев, раиси Анҷумани халқҳои эронитабор дар Русия, рӯзи 2-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “сокинони маҳаллӣ чунин мепиндоранд, ки мусалмонон дар хиёбон диндории худро ба намоиш мегузоранд ва инро на ҳамчун ибодат, балки як навъ эътироз ба ғайримусалмонҳо қабул мекунанд.”
“Аз ҳамин ҷо ихтилофи назарҳо дар миёни пайравони ду дин пайдо мешавад. Фикр мекунам, ки ҳам ба муҳоҷирони мусалмон риоя ва эҳтиром ба фарҳанги сокинони маҳаллиро омӯзонем ва ҳам сокинонро аз диндории мардуми мусалмон огоҳ созем. Агар пайравони динҳоеро, ки дар Русия аз он пайравӣ мекунанд, бо ҳам созиш надиҳем, оянда ихтилофҳо бузургтар мешаванд”, - гуфт ӯ.
Барои қафқозиҳо - эътироз, барои тоҷикҳо - ҷуброни маҳдудият
Шумораи мусалмонҳо дар Русия наздик ба 15 миллион нафар гуфта мешавад. Муҳоҷирони тоҷик як бахше аз ҷомеаи мусалмонҳои Русияро ташкил медиҳанд, ки бинобар ҳамнишинӣ бо мусалмонҳои дигар дар масоҷид, махсусан намояндагони кишварҳои Қафқози Шимолӣ бештар мутаассиб мешаванд. Агар барои қафқозиҳо ба чолиш кашидани Русия бо намоиши дину мазҳаб ва ришу фаранҷӣ шеваи эътироз бошад, барои муҳоҷирони тоҷик ҷуброни маҳдудиятҳоест, ки дар ватанашон ҷорӣ шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар маъракаи густардаи солҳои ахир ришҳои, ба гуфтаи баъзе коршиносон, “сиёсӣ”-и ҷавононро тарошид ва пӯшишҳои мазҳабиро маҳдуд кард. Ҳам ҳукумати Русия ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон масоҷидро маконе медонанд, ки таблиғгарони гурӯҳҳои тундрав пайравони ояндаи худро дар онҷо пайдо мекунанд. Бисёре аз муҳоҷирон аз сохти дунявии Русия камтарин арзишҳоро ба худ мегиранд ва роҳи ҳаракати онҳо умдатан дар байни масҷид ва ҷойи корашон маҳдуд мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мулоқоти муфтӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар масҷиди "Проспект Мира""Хӯрондани хонавода қарз аст, намоз - фарз"
Худи муҳоҷирон вуҷуди таблиғот дар масҷидҳоро эътироф мекунанд, вале мегӯянд, ба хотири дурӣ аз таблиғгарон наметавонанд аз фарз даст кашанд. “Ғайр аз кори худам ва намоз хондан на ба сиёсат кор дорам, на ба ягон гурӯҳу ҳаракат. Ҳамин як тика нонамро ёбам, бароям давлат аст. Хӯронидани волидону хонавода қарз аст, намоз фарз аст, ки ҳардуро иҷро мекунам”, -мегӯяд Миралӣ Нарзуллоев, муҳоҷири тоҷик.
Миралӣ Нарзуллоев, ки се сол боз дар Русия корҳои муваққатиро иҷро мекунад, гуфт, бинобар хоҳиши аз ҳад беши иштирок дар ибодати оммавӣ “бисёре аз бачаҳо бо раҳбарони корхонаҳо маслиҳат кардаанд ва ба ҷойи рӯзи якшанбе рӯзи ҷумъа истироҳат мегиранд”.
Рӯй овардани муҳоҷирон ба масҷид аз чист?
Ҷомешиносони тоҷик мегӯянд, масҷид дар Русия ягона ҷой барои муҳоҷирон аст, ки он ҷо худро роҳат эҳсос мекунанд. Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик, рӯзи 2-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, намозгузорӣ кори маъмулии мусалмонҳост, вале дастҷамъӣ рӯ овардани муҳоҷирон ба масҷид бештар ангезаи иҷтимоӣ дорад.
Ӯ гуфт, “муҳоҷир пул надорад, ки ба театр равад ё ба ҷойҳои дигари фароғатӣ равад. Худи муҳоҷирон аз ночорӣ ба муҳоҷират мераванд ва ба фароғат ниёз доранд. Дар ҳамин шароити мушкил ягона ҷое, ки то андозае бо ёди Худо мушкили худро фаромӯш мекунанд, масҷид аст. Талаботи инсонӣ ҳаст, ки бояд ҷое рӯҳашро ором кунад. Дигар масҷид рафтан ба онҳо талаботи зиндагӣ шудааст. Агар муҳоҷир имкони ба ҷойҳои фароғатӣ рафтан медошт, шояд теъдоди намозгузорон кам мешуд.”
Ин ҷомешиноси тоҷик мегӯяд, ба хотири осоиши рӯҳӣ муҳоҷирони тоҷик ба масҷид мераванд ва он ҷо бархе ба доми тундгароҳо меафтанд.
Ҳамасола даҳҳо муҳоҷир бо гумони тундгароӣ дар Русия ваё ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон боздошт мешаванд. Мақомоти тоҷик низ мегӯяд, аксари ҷавонони тоҷик дар Русия тундгаро ва дар онҷо ба сафи гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла “Давлати исломӣ” ҷалб шудаанд.