Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, барои мулоқот бо мақомҳои динӣ ва муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия рафтааст.
Мақомоти Шӯрои уламо гуфтанд, ки ин сафар рӯзи 14-уми декабр оғоз шуд. Абдулқодирзода то кунун бо муҳоҷирони тоҷик дар масҷиди "Проспект Мира"-и шаҳри Маскав суҳбат кардааст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон иддао карда буданд, ки бархе аз муҳоҷирон дар масҷиди "Проспект Мира" барои иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия ҷалб шудаанд. Аз ҷумла, Акрам Амонов – муовини собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон – дар ҷаласаи порлумон гуфта буд, ки “дар масҷиди "Проспект Мира" ҷавонон ҷамъ шуда ва аз онҷо ба Сурия фиристода мешаванд."
Аммо ба дунбол Шӯрои муфтиёти Русия ва Идораи мусулмонҳои шаҳри Маскав бо нашри як изҳороти расмӣ хабари гӯё дар масҷидҳои Маскав вуҷуд доштани нуқтаҳои ҷалби ҷангҷӯён барои интиқол ба Сурияро рад карданд.
Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, Саидмукаррам Абдулқодирзода бо муфтии мусулмонони Русия Равил Ғайнутдин суҳбат карда, рушди ҳамкорӣ миёни ин ду ниҳодро дар миён гузоштааст. Ҳар ду тараф “бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир” таҳияи созишнома дар мавриди муборизаи муштарак бо ҷараёну ҳаракатҳои ифротгаро ва террористиро мувофиқи мақсад донистаанд.
Қарор аст, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба шаҳрҳои дигари Русия низ рафта, бо муҳоҷирони тоҷик мулоқот кунад. Дар гузашта бархе аз руҳониёни мустақили тоҷик сари чанд вақт ба Русия рафта, ба муҳоҷирон амри маъруф мегуфтанд.