"Касе бошад, ки садои моро ба "боло" бирасонад"

Лӯлиён дар Тоҷикистон дар рустоҳои алоҳида зиндагӣ мекунанд.

8 апрел Рӯзи ҷаҳонии ҳимоят аз ҳуқуқи лӯлиён эълон шудааст

Онҳоро яке аз беҳуқуқтарин қишри ҷомеа дар Тоҷикистон медонанд, ҳарчанд худи мақомот мегӯянд, ин қишр, яъне лӯлиҳо мисли ҳама бар асоси қонун ҳуқуқи баробар доранд. Худи лӯлиҳои кишвар мегӯянд, дар қонун баробар бо ҳама бошанд ҳам, аммо муносибат ба онҳо, мисли муносибат ба инсонҳои дуввумдараҷа аст.

Ҳоло иддае аз онҳо мехоҳанд, барои муҳофизат аз ҳуқуқи худ ва расонидани садояшон ба гӯши мақомот як иттиҳодияи ҷамъиятӣ таъсис бидиҳанд. Онҳо дар як мактуби дастаҷамъӣ имзо ҷамъ мекунанд ва мехоҳанд ба вазорати адлия барои таъсиси “ҷамъияти лӯлитаборон” ариза диҳанд.

Самандар Баракаев нахустин лӯлитаборест, ки дар як ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон мансаб дорад. Ӯ 77 сол дорад ва муовини раиси дафтари Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияҳои тобеи марказ аст. Яке аз муаллифони номаи дастаҷамъӣ ҳам ӯст ва мегӯяд, ягона ақаллияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки созмоне барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ надорад, лӯлиҳо ҳастанд.

Самандар Баракаев

“Ҳамаи миллатҳои хурд дар Тоҷикистон ҷамъият доранд, вале мо лӯлиҳо надорем. Мо ариза навиштем, ҳоло имзо ҷамъ мекунем. Мақсади мо муттаҳид кардани ҳамқавмони худамон ва ҳимоя кардан аз ҳуқуқи онҳо аст”-гуфт, Баракаев.

Дар чанд ноҳияи Тоҷикистон 14 ҳазор лӯлӣ зиндагӣ мекунанд ва шеваи хоси зиндагӣ доранд. Бисёре аз онҳо дар ба дари мардум мегарданд, нону пул ва дигар маводи ғизоӣ металабанд ва ҳамеша таънаву маломат ҳам мешунаванд. “Чаро кор намекунед, ҳиҷолат намекашед, айб аст” ва ҳарфҳои носазои зиёдро ҳамарӯза мешунаванд.

Мактаб, ки надоранд, азоб мекашанд

Самандар Баракаев, ки яке аз афроди соҳибэҳтиром дар миёни лӯлиҳои Тоҷикистон аст, мегӯяд, қавми онҳо солҳои ахир ҳам тағйир кардааст ва касе намехоҳад, ба чунин шева зиндагиро идома диҳаду таънаву маломату носазо бишнавад.

Айни замон ба гуфтаи ӯ, мушкил ин аст, ки барои лӯлитаборон шароити дурусти таҳсил фароҳам намекунанд, то бачаҳои онҳо ҳам дониши дуруст бигиранд, ҷои кор ёбанд. Ба қавли ӯ, набудани мактаби 11-сола дар маҳаллаҳои лӯлинишин ва ширкат накардани онҳо дар ҳаёти сиёсӣ як мушкили асосӣ аст. Лӯлиён дар Тоҷикистон умдатан дар ноҳияҳои Восеъ, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷакент, Ҳисор, Шаҳринав ва Ваҳдат зиндагӣ мекунанд.

Мақомот мегӯянд, талошҳои ба таҳсил ҷалб кардани лӯлитаборон натиҷаҳои чашмрас надодааст. Бахтулло Мирзоев, мудири собиқи нахустин мактаби ибтидоӣ барои лулиён дар ноҳияи Восеъ мегӯяд, фарзандони лӯлиён пас аз хатми синфи чаҳор дигар таҳсилро идома намедоданд.

“Мактаби ибтидоӣ буд. Бояд дар дигар мактаб рафта таҳсил мекарданд, вале пас аз синфи чор ягон нафараш нахост, ба дигар мактаб равад. Ҳанӯз аз ин ноҳия ягон лӯлитабор ба донишгоҳ дохил нашудааст. Дар ақидаашон бисёр содиқанд ва ба ин боваранд, ки бояд аз роҳи талбандагӣ зиндагӣ кунанд,” -гуфт ӯ.

Ҳар кас ки бошад, монеи "гашти" мо нашавад

Сайбӣ Бозорова, лӯлии 67 - солаи сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон мактаб нахондааст. Даҳ фарзанд таваллуд кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, ҳар кадоме пайи зиндагии худ ҳастанд. Ӯ рӯзи 8-уми апрел аз ноҳияи Шаҳритус, тақрибан 200 километр дуртар аз ҷойи зисташ бо мо сӯҳбат кард.

Ӯ гуфт, ки ба Шаҳритус барои “гашт” рафтааст. “Гашт” вожаест, ки онҳо ба ҷойи талбандагӣ истифода мекунанд. Расме, ки ба қавли Сайбӣ Бозорова аз аҷдодонаш мондааст ва онҳо ба осонӣ аз ин расм даст кашида наметавонанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Халтаи гадоиямро дафн карданд". Тағйирот дар ҳаёти занони ҷӯгӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Соли оянда дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ аст ва Самандар Баракаев мегӯяд, талош хоҳанд кард, то ҳади аққал дар маҷлисҳои маҳаллӣ намоянда дошта бошанд, то садояшонро “ба боло расонад”.

“Албатта, давлат барои мо озодӣ додааст, вале дигар мо худамон бояд фаъол бошем. Дар ҳамин маҳаллаи Кӯчабоғи мо ҳатто масҷид нест, ки намоз хонем. Мо ягон вакили маҳаллӣ надорем. Мехоҳем, ки дар маҷлисҳои маҳаллӣ депутати худамонро дошта бошем, ки ҳамин мушкилиҳои моро ба боло расонад”- гуфт, Самандар Баракаев.

Мушкили аслии лӯлиён ба гуфтаи Маҳмурод Одинаев, фаъоли Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон он аст, ки аксари онҳо донишгоҳ нахондаанд. Ӯ бештар аз даҳ сол боз бо лӯлиён ҳамкорӣ мекунад.

Маҳмурод Одинаев мегӯяд: “Гоҳо шикоят мекарданд, ки милиса монеи кори оҳанпора ҷамъ карданашон шудааст ва гоҳо онҳоро бесабаб боздошт кардаанд. Мо кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонидем.” Ҳоло ба гуфтаи Одинаев, бештар аз ҳазор лӯлитабор узви ҳизби онҳо шудаанд.

Ба ҳамин касби авлодии мо кордор нашавад

Барои Сайбӣ Бозорова масоили сиёсӣ муҳим нест ва мегӯяд, барояш аҳамият надорад, ки кӣ вакили парлумон ва ё кӣ президент мешавад. “Муҳим ин аст, ки гашти моро маҳдуд накунад. Касе меояд, биояд, ба ҳамин касби авлодии мо кордор нашавад,” - гуфт, ӯ.

Ҳукумати Тоҷикистон барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи лӯлиён борҳо танқид шунидааст, аммо вазъи ин қишри ҷомеа тағйири зиёд надидааст. Кор то ҷое расидааст, ки баъзе аз расонаҳои хусусӣ ошкоро лӯлиёнро танқид мекунанд, ки “мардумро бо талбандагиашон безор кардаанд” ва “бешарму беҳаё” ҳастанд, бо вуҷуди онки бар асоси қонун истифодаи чунин ибора нисбат ба ҳеҷ қавме набояд раво дида шавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тағйир дар зиндагии лӯлиҳо: Мактаби нав, ошхонаи нав, одатҳои нав

Бори охир Кумитаи маҳви табъизи нажодии Созмони Милал моҳи декабри соли гузашта ҳукумати Тоҷикистонро барои бетаваҷҷуҳӣ ба ҳуқуқи лӯлиён танқид кард.

Таассуфи Созмони Милал аз посухи Тоҷикистон

Кумита охири соли гузашта аз Тоҷикистон хост, барои ҷалби лулиён ба таҳсилу кор талоши бештар кунанд ва “ҳукумат шароитеро фароҳам оварад, ки мардуми ҷӯгӣ мисли дигар гуруҳҳои ҷомеа ҳаққу ҳуқуқи баробари дастрасӣ ба хона, хадамоти тиббӣ ва иҷтимоӣ дошта бошанд.“ Кумита ҳамчунин хост, ки Тоҷикистон барои беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии лӯлиён барномаи махсус таҳия кунад.

Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба чунин интиқод ва пешниҳод ба Кумитаи маҳви табъизи шиканҷаи Созмони Милал гуфтанд, “ҳуқуқи ҷӯгиҳо зери по намешавад ва онҳо мисли дигар қишрҳои ҷомеа ҳаққу ҳуқуқи баробар доранд, барои ҳамин ба қабули барномаи хосе, эҳтиёҷ нест." Посухе, ки ба гуфтаи Созмони Милал “боиси таассуф аст”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: СММ: "Мавзеъгирии Тоҷикистон нисбат ба лӯлиён боиси таассуф аст"

Айни замон гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ақаллиятҳо аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, ки ба аҳди худ барои риояти ҳуқуқи инсон вафо кунанд ва ҷилави таҳаммулнопазирӣ, барангехтани нафрат ва ҳамла ба лӯлитаборонро бигиранд.

Фернанд де Вареннес рӯзи 8-уми апрел ва дар Рӯзи байналмилалии лӯлитаборон гуфт, ин қавм шоҳиди табъизи зиёде шудааст ва зарур аст, то ҳуқуқи онҳо риоят шавад ва зиндагии шоистаеро барои онҳо фароҳам кунанд.