Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Халтаи гадоиямро дафн карданд". Тағйирот дар ҳаёти занони ҷӯгӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Сабоҳат Сангова, зани 65-сол, яке аз камтарин занҳои қавми лӯлӣ дар Тоҷикистон аст, ки рӯзашро бо набераҳо дар хона мегузаронад. Ӯ ба фарқ аз занони дигари лӯлӣ, борхалта дар пушт, дар ба дар намегардад.

Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки барои беҳбуди шароити зиндагӣ ва ҳуқуқии занону духтарони лӯлӣ мусоидат кунанд.

Ин зан, ки 10 фарзанд ва 30 набера дорад, мегӯяд, чанд соли пеш фарзандон борхалтаву асои ӯро, ки ду ҷузъи муҳим барои талбандагӣ буд, дар як пуштаи баланде зери хок карданд. “Бурданд, дафн карданд. Фарзандҳо гуфтанд, ки мо калон шудем, айб аст. Барои онки ман халтаро наёбам, дар як минтақаи дур зери хок карданд. Медонанд, ки пойҳои ман дард мекунад ва ман ба онҷо рафта наметавонам”, - гуфт Сангова рӯзи 10-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Тағйирот" дар ҳаёти занони ҷӯгӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

"Дар гузашта мардҳои мо ба Русия намерафтанд"

Сабоҳат Сангова дар 16-солагӣ ба ҷавоне аз деҳаи Ҷағатайи ноҳияи Варзоб ошиқ шуда, хонаи волидонро тарк кард. Ӯ бо ёдоварӣ аз зиндагии занону духтарони лӯлӣ дар солҳои пеш мегӯяд, маҳз онҳо ноноварони аслии хона буданд. Сангова ҳам мисли занони дигари қавми ҷӯгӣ қисми зиёди умри худро бо ҷаъмоварии нон аз пушти дари мардум ва таъмини шавҳару фарзандон сипарӣ кардааст.

“Дар гузашта мардҳо кор намекарданд, хонашин буданд. Русия намерафтанд, кори давлат намекарданд, ҳуҷҷат надоштанд. Мо кор мекардем. Кӯчманчӣ будем, хона надоштем. Дар хаймаҳо зиндагӣ мекардем”, - нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Сабоҳат Сангова
Сабоҳат Сангова

Ин зани рӯзгордидаи лӯлӣ бар ин бовар аст, ки зиндагии занону духтари қавми ӯ ҳоло то ҷое тағйир ёфтааст. Акнун дар миёни занони ин қабила онҳое ҳам ҳастанд, ки хатту савод доранд ё мехоҳанд хатту савод дошта бошанд.

"Мехостам табиб шавам, шароит набуд"

Мадина Шокирова, намояндаи дигари қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон, соли гузашта мактаби миёнаро хатм кард. Ҳоло ӯ ба кӯдакони дигари қабилаашон дар иҷрои дарсҳо ёрӣ мекунад. Дар оила ягона духтарест, ки хатту савод дорад. “Як бор гуфтам, ки орзу дорам ва мехоҳам хонам. Гуфтанд, ҳаракат кун ва ба орзуят мерасӣ. Орзу доштам, донишгоҳ хонаму табиб шавам, аммо шароит набуд ва хонашин шудам”, - мегӯяд ӯ.

Агарчӣ бо афзоиши муҳоҷирати мардони лӯлӣ вазъи занон камобеш сабук шудааст, ҳанӯз ҳам занони зиёд дар ин қабила дар таъмини рӯзгор нақши калидӣ доранд. Ба фарқ аз писарони лӯлӣ, ки акнун ба мактаб ҷалб мешаванд, духтарон ҳанӯз ҳам аз таҳсил дуранд. Занону духтароне, ки ба қавли худашон “ба дашт” яъне ба талбандагӣ мераванд, мегӯянд, ба фарқ аз солҳои пеш ҳоло ин кор сахттар аст. Ҳар лаҳза метавонанд “облава” шаванду ба дасти милиса афтанд.

"Ин одат бо хун даромадааст..."

Сумангул, ки бо набераи 4-сола ва ду халтаи пурбор аз деҳаҳои дигар аз нонталабӣ меомад, гуфт, “зиндагии занон мушкил аст. Бо кӯдакҳо ба нонталабӣ меравем. Боз “облава” мешавад, меқапанд, мебаранд, пул мегиранд. Агар ин корро накунем, касал мешавем. Аз хурдӣ мегардем. Шавҳарҳо маҷбур намекунанд, ин кор дар хунамон ҷо шудааст.”

Чанде пеш Созмони Милали Муттаҳид ба вазъи ақаллиятҳои миллӣ ба вижа занони духтарони лӯлӣ дар Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳ карда, аз Душанбе хостааст, дар беҳбуди шароити зиндагӣ ва ҳуқуқии онҳо мусоидат кунад. Тибқи ҳисобҳои тахминӣ дар Тоҷикистон шумори лӯлиён ба беш аз 30 ҳазор нафар мерасад. Онҳо дар ноҳияи Варзоб, Шаҳринав, Ҳисор ва Восеъ, умдатан дар деҳаҳои алоҳида, ба сар мебаранд. Лӯлитаборони Тоҷикистон, ҳамонгуна, ки лӯлиёни аврупоӣ одат доранд, маъмулан дар ҳамшафати якдигар зиндагӣ карда, аз миёни якдигар арӯсу домод интихоб мекунанд ва дар ҳолатҳои ангуштшумор бо сокинони дигари Тоҷикистон хешу табор мешаванд.

"Ҳамин нонро, ки одам нахоҳад, чӣ хел мехӯрад?"

Маъмулан духтарони лӯлӣ, ки ҷое таҳсил намекунанд, дар 15-16-солагӣ оиладор мешаванд ва ё бо ҷавони дӯстдоштаи худ баромада мераванд. Ба гуфтаи мусоҳибони мо, занони калонсоли лӯлӣ, онҳо дар интихоби шавҳар озоданд, агар албатта аз қабилаи худашон бошад. Абдуманнон Шарбатов ду духтарро ба шавҳар додааст. Мегӯяд, дар ҳарду ҳолат ҳам фикри ҳамсару духтаронашро пурсид. “Духтар розӣ набошад, чӣ хел ӯро ба шавҳар диҳем? Ҳамин нонро, ки одам нахоҳад, чӣ хел мехӯрад? Вақте ба духтаронам хостгор омад, занакро бо духтар даъват карда, гуфтам, ки шумо чӣ фикр доред, розӣ ҳастед?” – нақл кард ӯ.

Вале духтароне, ки ба ҷавони берун аз қабила дил мебанданд, аксаран роҳи ягонаро дар фирор аз хона мебинанд. Мисли Насибаи 33-сола, ки ҳоло 4 фарзанд дорад. Барои издивоҷ бо як ҷавони тоҷик 2 сол дар ба дар гашту азият кашид. Волидон бо ин андеша, ки хонаводаи тоҷик келини лӯлиро хуш қабул нахоҳад кард ва дар нимароҳ мегузоранд, зидди издивоҷи ӯ буданд.

Бо ҳама тафовут дар баъзе паҳлуҳои зиндагӣ ва оиладорӣ, қашшоқӣ, серфарзандӣ ва талбандагӣ, орзуҳои занону духтарони ин қабила аз занони дигар дар Тоҷикистон фарқи зиёд надорад. Онҳо ҳам мехоҳанд зиндагии хубу таъмин ва кори муносибе дошта бошанд. Ҳоло бо ин ҳадаф бархе мисли занони тоҷик, ҳамроҳ бо шавҳарони худ роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд.

Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон дар бораи занони лулӣ ва мушкили онҳо ҳоло маълумоти дақиқ надорад. Вале масъулини ин ниҳод мегӯянд, тасмим доранд зиндагии онҳоро таҳқиқ ва бо роҳандозии барномае оворагардиву бесаводиро дар миёни ин занон коҳиш диҳанд.

Насли нави занони ҷугӣ ҳам, ки бархе зидди идомаи касби авлодии худанд, мехоҳанд аз авлоди онҳо ба вижа аз миёни занон, додситону муаллим ва духтурҳои номдор берун оянд ва зиндагии онҳо ҳам ранги дигаре гирад.

XS
SM
MD
LG