Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизби раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми феврал эълон кард, ки теъдоди аъзояш ба ним миллион нафар наздик шудааст.
Иддаое, ки на ҳама ба он бовар доранд ва мегӯянд, мақомот бо истифода абзорҳои давлатӣ ҳар касеро, ки хостаанд, ба сафи ҳизб шомил кардаанд.
Омори нав дар бораи аъзои Ҳизби Халқии Демократиро дар ҷаласаи кумитаи марказии ҳизб эълон кардаанд. Дар ин ҷаласа, ки моҳи феврал пушти дарҳои баста ва бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳур ва раиси ҳизб сурат гирифт, гуфтаанд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 460 ҳазор аъзо дорад, ки 220 ҳазорашро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора беш аз 176 ҳазори онҳо ҷавонони аз 18 то 30-сола мебошанд.”
Абдулло Раҳмонзода, раиси бахши ҳизб дар вилояти Хатлон баъди анҷоми ҷаласа дар рӯзи 7-уми феврал ба Радиои Озодӣ ташаккули сиёсиашонро "нерӯи бузурге" номид, ки ҷомеаро "ба сӯи пешрафт" ҳидоят мекунад.
“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як қувваи бузурге аст, ки метавонад, ҷомеаро ба созандагиҳои нав раҳсипор кунад” - гуфт ӯ.
Бори охир дар анҷумани ҳизб дар соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар анҷуман гуфт, ки теъдоди аъзояшон 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Маҷлиси ҳизб дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат мегирад, ки қарор аст, соли 2020 сурат гирифт. Дар ҷаласа аъзои оддӣ аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва аксарияти вазирон, раисони кумитаҳо, ширкатҳои азими давлатӣ, ки узви ҳизби ҳоким ҳастанд, ширкат доштанд.
Шаш ҳизби дигар. Бузургтаринаш бо 35 ҳазор аъзо
Дар Тоҷикистон ба ғайр аз Ҳизби Халқии Демократӣ шаш ҳизби дигари сиёсӣ фаъолият мекунанд. Ҳизби Аграрӣ, Ҳизби Демократӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Ҳизби Коммунистӣ, Ҳизби Сотсиалистӣ, Ҳизби Сотсиал-демократӣ фаъолият мекунанд ва аз ҳама бештар коммунистҳо ҳастанд, ки дар сафи ҳизб 35 ҳазор нафарро ҷамъ овардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шодӣ Шабдолов: "Гуд бай гуфтанд, мо рафтем" САДОБо назардошти ҳамин ва ҳам бо назардошти бетавофутии мардум ба сиёсат дар Тоҷикистон ва парҳези онҳо аз ҳаргуна фаъолиятҳои сиёсиву аҳзоб баъзеҳо мегӯянд, омори нави ҳизби ҳоким шубҳабарангез аст.
Марат Мамадшоев, хабарнигори тоҷик, ки дар Бишкек зиндагӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, шеваи ба узвият пазируфтан ва ё “ворид кардани” аъзо ба ҳизби ҳоким мероси замони шӯравист.
“Мудири корхона ҳамаро маҷбур мекард, ки ба узви Ҳизби Коммунистӣ шаванд. То ҳол ҳамин таҷриба идома дорад. Бисёре аз ҳамин мардум ҳатто намедонанд, ки узви ҳизб ҳастанд” - гуфт, ӯ.
Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, мақомоти Тоҷикистон тамоми сохтору абзори давлатиро барои ҷалби аъзо ба сафи Ҳизби Халқии Демократӣ ба кор мебаранд, вале “ин аъзо ҳеҷ нақше дар фаъолияти ҳизб надоранд.”
"Ҳамакаса ба ҳизби президент ҳамроҳ шавед"
Як омӯзгоре аз ноҳияи Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳам узви ҳизби ҳоким аст, чун мудири мактаб омада, ба ҳамаи муаллифон амр додааст, “ки аз шӯъбаи маорифи ноҳия гуфтанд, ки ҳамакаса ба ҳизби президент аъзо шавем.”
Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ: “Мо ҳам чизе нагуфтем, ба сафи ҳизб дохил шудем ва ҳар моҳ ҳаққи аъзогӣ барои ҳизбро аз ҳисоби маошамон мегиранд.” Ин омӯзгор нахост, номаш бурда шавад.
Дар сафи ҳизби ҳоким табибон ҳам зиёданд ва афроде, ки дар сохторҳои давлатӣ кор мекунанд. Баъзе аз онҳое, ки масалан дар ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо кор мекунанд, амр гирифтаанд, “ки бо хоҳиши худ аъзои хонаводаро ба сафи Ҳизби халқии демократӣ шомил кунанд, то садоқати худро ба ҳукумату давлат нишон диҳад.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: ҲХДТ Аскар Нурализодаро аз сафҳояш ихроҷ кардХуди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ҳизб дар моҳи январи соли 2018 ҳам гуфта буд, ки зимни омӯзиши фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб доир ба риояи талаботи “Низомнома оид ба тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баъзе камбудиҳои ҷиддӣ ошкор гардиданд.”
Ӯ он замон камбудиҳоро ошкор накард, вале аз мақомоти ҳизб хостааст, ҳангоми қабул ба сафи ҳизб ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон, омадааст, “Дар ин масъалаи нозук мо набояд ба саросемагӣ роҳ дода, шахсони манфиатҷўю тасодуфиро ба сафи ҳизб қабул кунем.”
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, агар сокинони Тоҷикистон ба Ҳизби Халқии Демократӣ ҳам бипайванданд, ба маъное нест, ки ҷонибдори идеология ва ё сиёсати пеш гирифтаи он ҳастанд.
“Баъзеи онҳо шояд дар бораи арзишҳои ҳизб умуман тасаввурот надошта бошанд. Бо ҳадафи истифода аз нерӯи маъмурии ҳизб ва ё зинапояҳои он барои сохтани карйера узв мешаванд. Онҳое, ки ба ҳизб мепайванданд, барои пайвастан ба ҳукумат ва ё вазифа гирифтан ин корро мекунанд, на барои ҷонибдорӣ аз идеология ва ё арзишҳои ҳизб” – мегӯяд ӯ.
Коршиноси тоҷик афзуд, дар сафи ҳизб афроди таҳсилдида ҳастанд, ки барномаву арзиш ва идеологияи ҳизбро хуб медонанд ва идеяҳои наве дар сар доранд.
“Аммо онҳо дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва сохтани сиёсати давлат қариб, ки нақше надоранд. Чун сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ҳокимияти иҷроия қабул, иҷро ва назорат мешавад. Мегӯянд, ҳизби ҳоким рақиб надорад. Дар Тоҷикистон рақобати сиёсӣ аслан вуҷуд надорад, ҳатто дар дохили ҳизби ҳоким" – афзуд, Абдумалик Қодиров.
Ба интихобот бо унвони "ҳизби президент"
Ҳизби Халқии Демократӣ маҳз бо унвони ғайрирасмии “ҳизби президент” вориди интихоботҳо мешавад ва аксари курсиҳои порлумонро дар даст дорад. Ин ҳизб соли 2015 дар интихоботи порлумонӣ аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ 65 дарсади раъйи мардумро ба даст овард ва аз ҳисоби 63 курсии порлумон 51 курсиро соҳиб шуд.
Бақияи курсиҳо насиби коммунистҳо ва Ҳизби Аграрӣ, Ҳизби Демократ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби Сотсиалист шуд, ки аз сиёсатҳои ҳукумат тарафдорӣ мекунанд ва онҳоро ташаккулҳои сиёсие меноманд, ки бо мусоидати ҳукумат таъсис ёфтаанд, то “ҷомеаи ҷаҳонӣ бидонад, ки дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ ва гуногунандешӣ вуҷуд дорад ва дар интихоботҳо чанд нерӯи сиёсӣ рақобат мекунанд.
Ҳизби Сотсиал - Демократии Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматулло Зоиров, ки аз мунтақидони ҳукумат ба ҳисоб меравад, то кунун натавонистааст, ҳеҷ курсиро дар порлумон соҳиб шавад.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дуввумин ҳизби бузурги сиёсӣ буд ва даҳҳо ҳазор аъзо дошт, соли 2015, созмони ифротгаро ва террористӣ эълон шуд. Мақомот ҳизбро ҳидоятгари ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ номиданд ва фаъолияташро қатъ карданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Вазири тоҷик бастани Ҳизби наҳзатро "қонунӣ" хондРаҳбарони ҳизб, ки ҳоло дар хориҷ ба сар мебаранд, мегӯянд, ҳеҷ нақше дар ин ошӯб надоранд ва мақомот аз тарси нуфузи афзояндаи ҳизб, онҳоро бо ҳамин иттиҳом аз саҳнаи сиёсӣ дур карданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соли 1994 таъсис ёфтааст ва бар асоси оинномааш ҳадафи ҳизб “таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ” аст.
Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳар сол ҳукумати Тоҷикистонро, ки сиёсаташ бар асоси барномаҳои ҳизб амалӣ мешавад, барои тамаркузи қудрат, саркӯб шудани дигарандешон, фирор аз арзишҳои демократӣ ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон танқид мекунанд.