Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бинои ҲХДТ-ро дар Шаҳритус аз пули табибону омӯзгорон месозанд


Даромадгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатилон
Даромадгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатилон

Кормандони идораҳои давлатӣ, аз ҷумла омӯзгорону табибон дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон муваззаф шудаанд, ки барои сохтмони бинои Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ноҳия маоши якрӯзаи худро бидиҳанд. Мақомот онро тасмими ихтиёрӣ медонанд. Вале омӯзгорону табибон мегӯянд, ки аз онҳо напурсида, маошашонро "буридаанд".

Маблағи умумии сохтмони бинои ҳизби халқӣ-демократӣ дар ноҳияи Шаҳритус маълум нест. Масъулони ҳизб фақат мегӯянд, ки бино дутабақа буда, пойдевораш омода шудааст.

"Маоши моҳи декабрро пурра нагирифтем"

Як табиби Маркази саломатии Шаҳритус бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, маоши якрӯзаи онҳо дар моҳи январ ба ҳисоби бонкии ҳизби ҳоким дар ноҳия гузаронда мешавад. Ӯ гуфт, моҳонааш 400 сомонӣ ва маоши якрӯзааш 20 сомонист.

“Моро ҷамъ карда гуфтанд, ки маоши якрӯза барои сохтмони бинои ҳизб мегузарад. Чӣ кор кунем, аз мо вобаста нест. Умуман намепурсанд, ки розӣ ҳастед ё не. Гузашта аз ин, маоши моҳи декабрро ҳанӯз пурра нагирифтаем", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба иттилои пизишки Маркази саломатии Шаҳритус, соли гузашта дастикам ду дафъа маоши якрӯзаи ӯ ва ҳамкоронаш барои "корҳои ободӣ" гирифта шуд. Ин "ҳақпулӣ” барои таҷдиди боғи "Дӯстии халқҳо" дар шаҳри Душанбе сарф шудааст.

Табиб мегӯяд, азбаски маош бе ин ҳам кам аст, талош мекунад дар замин кор карда, даромаде ба даст биорад. Ба қавли ӯ, он ҳамкоронаш, ки пурра бо маоши давлат зиндагӣ мекунанд, аз ин ихтисорҳо боз ҳам бештар нороҳат мешаванд.

Чанд сокини дигари ноҳияи Шаҳритус низ дар тамос бо Радиои Озодӣ аз нигоҳ дошта шудани дастмуздашон барои "корҳои ободонӣ" шикоят карданд. Вале ҳамаи онҳо ба хотири гирифтор нашудан ба "ғазаб"-и мақомот аз ифшои ному насабашон худдорӣ мекунанд.

"Маоши якрӯза ҳеҷ гап нест, агар ободӣ шавад"

Омӯзгорону табибон дар ҳоле ин шикоятро мекунанд, ки мақомот мегӯянд, касеро барои додани як миқдор маош маҷбур накардаанд ва ин ҳама "ҳақпулӣ" ихтиёрӣ сурат мегирад. Зуҳуршо Пирназаров, масъули Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус, рӯзи 23-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте бар ивази маоши якрӯзаи кормандон як ҷой обод мешавад, бад нест".

Масъулони Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ноҳияи Шаҳритус низ таъкид карданд. ки худи кормандон "якдилона розӣ шудаанд, то маоши онҳо барои бунёди бинои ҳизб сарф шавад."

Ҳамидҷон Шарофов, раиси ҳизби ҳоким дар ноҳияи Шаҳритус, рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ҳизб дар ноҳия ба танҳоӣ қудрати сохтани биноро надорад, чун фақат бо аъзоҳаққӣ наметавон сохтмони бинои ҳизбро анҷом дод. "Соли гузашта ширкати "Дук" 10 ҳазор сомонӣ дод ва аз ҳисоби ин маблағ таҳкурсии биноро рехтем. Мардум дастгирӣ карданд, ки биноро месозем. Гузаронидани маблағ ба ҳисоби бонкии мо ихтиёрӣ аст", - гуфт Шарофов.

"Бе ин ҳам маошашон кам аст"

Аҳмади Иброҳим
Аҳмади Иброҳим

Ихтисоси як қисми маош барои сохтмони бинои ҳизби ҳоким дар ноҳияи Шаҳритус ва ҳамин тавр маъракаи ободонӣ падидаи нав нест. Дар гузашта низ мақомот гуфта буданд, ки кормандони идораҳои давлатӣ ва омӯзгорону табибон як қисми маоши худро барои корҳои ободонӣ "якдилона" медоданд. Аммо таҳлилгарон чунин иқдомро нодуруст мешуморанд.

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик, гуфт, ба ҷойи гирифтани маоши кормандони буҷетӣ, баръакс, бояд онҳоро дастгирӣ кард. "Нодуруст аст, аз кисаи корманде, ки 600 сомонӣ маош мегирад, маблағ бигирем. Аз маоши инҳо гирифтан тамоман мумкин нест. Бе ин ҳам маошашон хеле кам аст", - афзуд ӯ.

“Маҷбуран ҷамъоварии маблағ ғайриқонунӣ аст”

Ҳуқуқшиносон ҳам мегӯянд, ҷамъоварии маблағи кормандони давлатӣ барои як ҳизби сиёсӣ бо қонунҳои кишвар муғойират дорад. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик, гуфт, қонунгузории Тоҷикистон иҷоза намедиҳад, ки барои кори як ҳизби сиёсӣ маҷбурӣ маблағ ҷамъоварӣ шавад. Ба қавли Бобоназарова, ҳамаи чизҳои марбут ба ҳизб бояд танҳо аз пули аъзои ҳизб ва онҳое, ки ихтиёрӣ метавонанд маблағгузорӣ кунанд, анҷом шавад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик

Бо ин ҳама, маблағи умумии сохтмони бинои ҳизби халқӣ-демократӣ дар ноҳияи Шаҳритус маълум нест. Масъулони ҳизб фақат мегӯянд, ки бино дутабақа буда, пойдевораш омода шудааст.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бино ба иттилои масъулинаш дар ноҳияи Шаҳритус беш аз ҳафтуним ҳазор узв дорад. Ин афрод ҳар моҳ як дар сади маоши худро ба унвони аъзоҳаққӣ ба суратҳисоби ҳизб мегузаронад. Ин ҳизб, ки раёсаташро президент Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад, соли 1994 таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG