Кумитаи дини Тоҷикистон тавсия додааст, ки имомхатибони масоҷиди ҷомеи кишвар як мавъизаи худро дар намози ҷумъа ба бемории сил бахшанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо маблағгузории USAID - Оҷонси рушди байналмилалии Амрико дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин рӯҳониёнро ба муборизаи зидди бемории сил ва боло бурдани огоҳии мардум ҷалб кардааст.
Масҷидро ба он хотир интихоб кардаем, ки онҷо мардони хона, ки дар оила таъсиргузор ҳастанд, барои намозгузорӣ меоянд. Вақте аз мулло шунид, рафта онро дар хона ба оилааш мерасонад
Домуллое, ки дар кашфи гирифторони сил саҳм дорад
Каримҷон Розиқов, имомхатиби як масҷиди ҷомеъ дар ноҳияи Рашт, баъди давраҳои вижаи омӯзишӣ ҳоло аз фаъолтарин рӯҳоние маҳсуб мешавад, ки чанд моҳи ахир дар поёни мавъизаҳои худ 15 дақиқа дар бораи бемории сил сӯҳбат мекунад. USAID дар як гузориш ӯро аз рӯҳониёни фаъоле унвон кардааст, ки бо тарғибаш 80 нафар барои супурдани ташхиси бемории сил рафтаанд ва дар миёни онҳо чанд гирифтори ин бемории сироятӣ низ кашф шудааст. Масҷиде, ки домулло Каримҷон имомхатиб аст, 500 намозгузор дорад.
Ӯ рӯзи 12-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, моҳи август пас аз таълим дар як давраи омӯзишӣ бо тавсияи Кумитаи дин ба тарғиби ҳаёти солим, аз ҷумла бемории сил пардохтааст. "Мо мегӯем, ки бачам, аз Русия омадӣ, як рафта ташхисҳоятро супор. Барои эҳтиёт. Бемор набошӣ, дилат пур аст. Агар ягон беморӣ дошта бошӣ, табобат мекунӣ. На худатонро дар хатар гузоред, на хонаводаатонро. Дини ислом ҳам ҳамин чизро мехоҳад”, - гуфт ӯ.
Намозгузорон дар оила таъсиргузор ҳастанд
Домулло Каримҷон ҳамзамон узви Кумитаи ҷамъиятии мубориза бо бемории сил дар ноҳияи Рашт аст. Оҷонси рушди байналмилалии Амрико дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар 27 шаҳру навоҳии осебпазири Тоҷикистон 143 Кумитаи ҷамъиятии мубориза бо сил ташкил додааст.
Ин кумитаҳо, ки имомхатибон низ шомили онанд, 800 узв доранд. Ин оҷонс дар ҳаҷми 13,3 миллион доллар як тарҳи панҷсолаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.
Оҷонси рушди байналмилалии Амрико дар шарҳи ҷалби рӯҳониён барои мубориза бо бемории сил гуфтааст, “дар ҷомеаи умдатан мусулмонии Тоҷикистон масҷид маконест, ки он ҷо метавон ба қишри зарурии ҷомеа паём расонд. Бахусус, дар деҳот, ки дастрасии сокинон ба матбуот ва радио маҳдуд аст, пайёмҳои муҳим барои ҳифзи саломатиро дар масҷид ба сокинон тариқи имомахтибон расонидан кори хуб аст.”
Сафаралӣ Урунбоев, як масъули “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон аст, ки дар ин самт кор мебаранд. Ӯ рӯзи 12-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, масҷид маконест, ки сокинон он ҷо ҷамъ мешаванд ва ҳама омодаи шунидани ҳарф ҳастанд.
Ӯ гуфт, “мо дар маконҳои дигар тарғиб мекунем, вале он на ба ҳама дастрас аст. Масҷидро ба он хотир интихоб кардаем, ки онҷо мардони хона, ки дар оила таъсиргузор ҳастанд, барои намозгузорӣ меоянд. Вақте аз мулло шунид, рафта онро дар хона ба оилааш мерасонад. Агар дар як масҷид ба 500 намозгузор ҳарфе расонида шавад, онгаҳ ба ҳисоби миёна агар ҳар оилаеро панҷ нафари ҳисоб кунем, пас сухани мулло ба гуши 5 ҳазор нафар мерасад.”
Чаҳор ҳазор рӯҳонӣ пешгирӣ аз силро тарғиб карданд
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи кор бо дин ва танзими расму анъанаҳо, рӯзи 12-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Кумита моҳи гузашта ба имомхатибон тавсия карда буд, ки як мавъизаи худро ба бемории сил бубахшанд ва сатҳи огоҳии сокинонро боло бубаранд. Ӯ гуфт, “ин як масъалаи муҳим дар ҷомеаи мо ҳаст ва рӯҳониён ҳамчун узви ҷомеа дар ин масъала бетараф нестанд. ”
Дар Тоҷикистон наздики чаҳор ҳазор хатиб ва имомхатиб фаъолият мекунад.
Ҳоло рӯҳониён бемориеро дар миёни намозгузорон ташвиқ мекунанд, ки тибқи иттилои расмӣ то ҳол 10 ҳазор нафар дар Тоҷикистон аз бемории сил табобат гирифтаанд. Тибқи таҳқиқотҳо то соли 2015 дар миёни ҳар 100 ҳазор сокини Тоҷикистон 60 нафари онҳо ба сил мубтало будааст.