Як рӯйдоди ҷузъӣ Абдулҳамид, сокини ноҳияи Ҳамадониро, ҳайратзаву саргум кард. Ӯ мегӯяд, ки ду ҳафта пеш ҳамроҳи бародараш ба як ноҳияи атрофи шаҳри Қӯрғонтеппа рафтанд, то домуллоеро барои мавъиза дар сӯри арӯсии духтараш даъват кунанд. Ӯ мегӯяд, домулло дар манзилаш набуд ва аммо муридаш гӯшрас кард, ки мавъиза ...500 доллар қимат дорад. Абдулҳамид мегӯяд, онҳо аз ин ҳарфҳо чанд лаҳза дар ҷо шах шуда монданд ва “хайр, баъд меоем”, гуфта он манзилро тарк намуданд. “Бародарам гуфт, ки биё, паноҳашон ба Худо, беҳтараш дар сесад-чорсад доллар ягон ҳофизро ба тӯй барем”. Мусоҳиби мо меафзояд, ки як-ду соли ахир бархе аз хонаводаҳо бо машварати рӯҳониҳои маҳаллӣ аз даъвати овозхонҳо ба тӯй парҳез мекунанд ва ба ҷойи таронаву рақсу бозӣ муллое нишаста “амри маъруф” мекунад. Ба гуфтаи Абдулҳамид, ӯ гумон мекард, ки ин ваъзгӯиҳо ройгон ва ба хотири ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонон сурат мегиранд.
МАВЪИЗА ҲАМ ПОДОШ ДОРАД!
Одина, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар бораи пул талаб кардани рӯҳониёни маъруф барои мавъиза чизе нашунидааст ва аслан ба ин гуна тамаъкорӣ ниёзе ҳам нест, зеро борҳо шоҳид буд, ки агар домуллоеро барои мавъиза дар тӯй ё чорабинии дигар даъват кунанд, аз ҳадя ва пул бенасиб намемонад. “Соҳибхона баъд аз мавъиза ба ҷайби домулло ҳатман пул метиқонад... Як шиносам чанд моҳ пеш домуллоеро барои мавъиза даъват кард ва пеш аз рафтанаш бародари соҳибхона ба домулло дусад доллар дод”. Ӯ ҳазломез меафзояд, “чӣ гуна ҳофизро ба тӯй даъват мекуниву ба ӯ пул намедиҳӣ... Домуллоҳо ҳам ба гунае ҳофизанд”.
Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла, дар шарқи кишвар, солҳои ахир мавъизаҳо ҷойи рақсу бозиву таронахонӣ дар тӯйҳоро гирифтаанд. Ба гуфтаи коршиносон, дар мавзеъҳои “дунявитар” ба маҳфили тӯйи арӯс фақат бонуҳои овозхонро даъват мекунанд ва онҳо ҳам бояд пушти парда нишаста таронахонӣ кунанд.
Муҳаммадшариф Набизода, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, мутмаин аст, ки барои мавъиза маблағ талаб кардани рӯҳониён воқеъият надорад. “Шояд ба домуллое, ки, бигирем, аз як шаҳри дигар барои мавъиза омадааст, барои хароҷоти нақлиёт маблағе диҳанд, аммо ин маънои онро надорад, ки ин подоши мавъизаи ӯст”, мегӯяд ӯ. Аз нигоҳи ҷаноби Набизода, баръакс, бояд домуллоҳо ба афроде, ки ба онҳо барои иҷрои ин фаризаи илоҳӣ мусоидат мекунанд, яъне мардумро барои шунидани мавъиза ҷамъ меоранд, маблағе пардохт кунанд.
Аммо мусоҳиби мо мегӯяд, ки ӯро дигар мавзӯъ нигарон кардааст –сиёсӣ шудани мавъизаҳои баъзе домуллоҳо. Ба гуфтаи ӯ, ахиран онҳо дар мавъизаҳо дар масоҷид бо пуштибонӣ аз ҳизби ҳоким паёми ахири раисиҷумҳурро тарғиб ва телевизиони К+ ва хабарнигор Додоҷони Атовуллоро маҳкум мекунанд, “ҳол он ки бар пояи қонунҳои Тоҷикистон аз минбарҳои масоҷид истифода кардани ҳизбҳои сиёсӣ манъ шудааст”. Муҳаммадшариф Набизода меафзояд, “аз ҳама домуллоҳои аъзои ҲНИТ талаб шудааст, ки ё ҳизбро тарк кунанд ё минбари масҷидро, вале мо мебинем, ки аз ин минбар ҳизби ҳоким зиёд истифода мекунад”.
“АМРИ МАЪРУФ АМРИ ХАЙР АСТ”
Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ мегӯяд, ки “амри бамаъруф” ва “наҳӣ аз мункар” бо ояти қуръонӣ собит шудааст. Дар Қуръони Карим Худованд гуфтааст, ки “Бояд аз Шумо як қавме, уммате бошад, ки мардумро даъват ба хайр кунанд, яъне ба ислом даъват намоянд ва амри билмаъруф ва наҳӣ аз мункар кунанд". Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад
меафзояд, ки “маъруф - корҳои урфӣ, корҳои шинохташуда чӣ дар шариат ва чӣ дар қонуни зиндагии башарият аст. Ҳамаи инро “амри билмаъруф” мегӯянд ва бо оят, ба суннат ва ба иҷмоъ собитшудаанд. Яъне, як касро нафаре бигӯяд, ки “намоз хон!”, ин амри бамаъруф аст, агар касеро бигӯяд, ки “арақ нахӯр!” ин наҳӣ аз мункар аст. “Мункарот” – чизҳои мамнӯъшудаанд ва “наҳӣ кардан аз онҳо” – боздоштан мебошад”.
Ба гуфтаи рӯҳонии маъруф, ҳар як рӯҳонӣ ва мусалмон метавонад амри маъруф кунад. Паёмбари Ислом Муҳаммад саллалоҳи алайҳи ва оллиҳи вассаллам ба Ҳазрати Алӣ гуфт, ки “Эй Алӣ, агар тавонӣ, ки як касро дар роҳи рост ҳидоят кунӣ, бигирем, намозро медонӣ ва каси дигарро намозхон кунӣ, савобаш бароят аз садақа кардани шутурҳои сурхмӯй бештар аст”.
Ҳамзамон, ба гуфтаи Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, ҳар кас ҷуръати мавъизаи расмӣ доданро надорад, зеро он дониши амиқу омодагии ҷиддиро тақозо мекунад. Фарде, ки рӯи минбар мебарояд ва мавъиза медиҳад, бояд оятҳои Қуръонро комил хонад, ҳадисҳоро хуб донад.
МАВЪИЗА НАБОЯД “СӮЗАНДА” БОШАД
Пажуҳишгарони масоили дин таъкид мекунанд, ки мавъизаҳо бояд ҳатман “созанда” бошанд, зеро мардум ба рӯҳониён эътиқод доранд ва дар аксар маврид ҳарфи дуруст ё нодурусти онҳоро ташхис карда наметавонанд. Масъулони бахши дин мегӯянд, онҳо дар ҳар ҷаласа бо рӯҳониён батакрор мегӯянд, ки суханҳои худро санҷида ва бо далелҳои дурусту қавӣ бо мардум бигӯянд.
Чанде қабл дар як деҳаи ноҳияи Мӯъминобод пас аз мавъизаи рӯҳоние 50 дарсади сокинон ҳамсарони худро дубора никоҳи мусалмонӣ кардаанд. Як рӯҳонии маҳаллӣ гуфтааст, никоҳи онҳое, ки дар маҳзари ом, яъне “тӯи комсомолӣ” кардаанд, шаръӣ нест. Яке аз ин сокинон дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб рӯй додани ин ҳодисаро тасдиқ кард ва аммо гуфт, дар асл онҳо кори нодурусте анҷом надодаанд, зеро пас аз шунидани ин мавъиза дар дилашон шубҳа пайдо шудааст ва дар ислом омадааст, ки ҳангоми шубҳа мусалмон ҳаққи дубора никоҳ карданро дорад.
...Солҳои ахир дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон домуллоҳо ва воизоне бо “амри маъруф” ё мавъизаҳои худ маъруф шуданд. Дар минтақаи Кӯлоб мардум ба мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзо дилбастагии зиёд доранд, аммо чанд сол аст, ки ваъз гуфтани ӯро маҳдуд шудааст. Ҳоло ҷавонони зиёде дар минтақаи Кӯлобу
шаҳри Душанбе мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзоро дар телефонҳои ҳамроҳ сабт кардаанд. Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар ҳар намози ҷамоат, рӯзҳои ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе қабл аз намоз «амри маъруф» мекунад ва мардумро ба дӯстиву ваҳдату ҳамбастагӣ мехонад. Дар қиёс бо баъзе аз рӯҳониёни дигар, ӯ оромона ва бидуни садо баланд кардану шиор партофтан мавъиза баён медорад. Дар чанд соли ахир рӯҳониёни хонаводаҳои Тураҷонзодаҳо ҳам аз маҳбубияти хоси мардум бархӯрдоранд ва сокинони дигар мавзеъҳо талош мекунанд, ки бо тай кардани роҳи тӯлоние намози ҷамоатро дар масҷиди Эшони Нуриддинҷон дар деҳаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат бигзоранд ва мавъизаҳои ӯву бародараш Маҳмудҷонро бишаванд. Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ҳамчунин аз Алломаи Регарӣ ёдовар шуд ва гуфт, “боз суханварҳо ҳастанд, ки нутқи фасеҳу балиғ доранд, аз ҷумла, шогирдони ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қуқандӣ ё Домулло Абдурашид, ки ҳанӯз замони бединии шӯравӣ якбора беш аз сӣ шогирди тавоно тарбият карда буд. Дар назди ӯ домуллоҳои зиёде сабақ омӯхтанд, мисли Домулло Саидраҳмон, Махдуми Садриддин, ки ба раҳмати Худо рафтанд, мисли Махдуми Имомиддин, ки аз афроди маъруф миёни уламои дин маҳсуб мешавад”. Ӯ бо таассуф меафзояд, ҳамон касоне, ки ҳар рӯз даъвои озодиву мардумсолориву демократия мекунанд, дар роҳи фаъолиятҳои мазҳабии домуллоҳои маъруф монеъаҳо гузоштаанд.
ДИСКИ МАВЪИЗА? МУСОДИРА КУНЕД!
Аксари олимони илми фиқҳ имрӯз аз имкони сабту пахши мавъизаҳояшон низ маҳруманд. Саид Аҳмадов, пажуҳишгари масоили мазҳабӣ мегӯяд, аслан вазъгӯӣ ва пахшу нашр ва фурӯши дискнаворҳои мазҳабӣ манъ нашудааст, фақат Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мехоҳанд мавъизаҳоро таҳти назорат дошта бошанд ва аз рӯҳониён талаб мекунанд, ки қабл аз нашру фурӯши дискнаворҳоро барои ташхиси диншиносӣ пешниҳод кунанд. Ӯ меафзояд, “бояд як мизони муайян дар мавриди мавъизаҳои имом-хатибҳои масҷидҳои сабтиномшуда бошад ва ин дар ҳама давлатҳои исломӣ як амри маъмулист. Дискнаворҳо низ бояд аз сӯи комиссиюни махсус аз санҷиш гузаранд, зеро аз ин пеш дискнаворҳои зиёде мусодира шуданд, ки аз сӯи гурӯҳҳои мамнӯъ, аз ҷумла, “Салафия” ва “Ҳизбуттаҳрир” таҳия шуда буданд ё мавъизаҳо боиси низоъ миёни рӯҳониёни маъруфи кишвар мешуданд”.
Вале рӯҳониён аз рейдҳо барои барчидани наворҳо бо мавъиза аз дӯконҳо нороҳатанд ва мегӯянд, беҳтар мебуд агар масъулин ба фурӯши филмҳои тарғибкунандаи шавҳат ва фисқу фуҷур монеъ мешуданд...