Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз тасмими баргардондани ҳарфи "Ц" ба алифбои тоҷикӣ ҷонибдорӣ накард. Абдураҳим Зулфониён – як масъули Кумита – рӯзи 10 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина далелу тавсияҳои худро ба Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, мероси хаттӣ ва шарқшиносии Академияи илмҳо фиристодаанд.
"Ҳарфи "Ц" дар матнҳои қадим ва дар забони тоҷикиву форсӣ ёфт нашуд. Дар ашъори классикон ва рисолаҳои донишмандони гузаштаи тоҷик низ ҳарфи “Ц” дида намешавад. Имрӯз ҳам дар забони гуфтугӯӣ дар истифода нест”, - шарҳ дод Зулфониён.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳот гуфтанд, ҳангоми ҳазфи “Ц”, “Ы”, “Щ” ва “Ь” аз алифбои тоҷикӣ дар солҳои навадум олимону забоншиносон сабабҳои аслии зарур набуданашро собит кардаанд ва дубора дар миён гузоштани масъалаи “Ц” норӯшан аст. Аммо Сайфиддин Мирзоев – мудири бахши забони тоҷикӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, мероси хаттӣ ва шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон – рӯзи 8 феврал ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳоло тарҳи баргардондани ҳарфи “Ц” дар баррасии коршиносон аст.
Тоҷикистон дар солҳои навадум "Ц", "Щ", "Ы" ва "Ь"-ро аз алифбои забони тоҷикӣ ҳазф карда, шумораи ҳарфҳоро аз 39-тои даврони Шӯравӣ то 35 поин овард.
Вай афзуд, дар сурати тасдиқи ин пешниҳод, ин ҳарф ҳангоми навиштани калимаҳои иқтибосӣ, номи маҳалҳо ва афрод истифода хоҳад шуд. “Ц” барои мо овози бегона нест, чун дар забонҳои форсии бостон вуҷуд дошт ва истифода мешуд. Ин овоз имрӯз дар забонҳои помирӣ ва осетинӣ истифода мешавад. Гузашта аз ин, калимаҳои иқтибосӣ бояд бо ҳарфи “Ц” навишта шаванд. Як мисол номи Елцин ҳаст, ки ҳарфи “Ц” дорад”, - шарҳ дод Сайфиддин Мирзоев.
“Афв”-и “Ц” ва бозгашти эҳтимолии он ба алифбои забони тоҷикӣ баҳси гармеро дар ҷомеаи Тоҷикистон барпо кардааст. Як гурӯҳ аз муҳаққиқони забон пешниҳоди баргардондани ин ҳарф ба алифбои тоҷикиро қабул надоранд ва далелҳо низ бар ин гуфтаи худ изофа мекунанд.
Дориюши Раҷабиён, хабарнигори тоҷик, гуфт, “забонҳои помирӣ барои худашон забонҳои мустақиле ҳастанд. Ё забони пашту як забони мустақиле ҳаст, ки он ҳам садоҳое мисли “Ц”, “Х” ва “ДЗ”-ро дорад. Вале ин аломатҳо вориди забони форсӣ нашуданд, на дар Афғонистон ва на дар Эрон. Вожаи дигаре, ки дар мавридаш мехостам суҳбат кунам, “Цирк” ҳаст. Ин вожаи лотинӣ аст. Дар худи забони лотинӣ “Сиркус” мегӯянд. Дар асл он вожа на бо “Ц”, балки бо “С” шурӯъ мешавад. Чаро мо мисли русҳо бояд талаффуз кунем?”
Аҳмадшоҳ Комилзода, муҳаққиқи забони тоҷикӣ, низ гуфт, “ба далели онки ҳамин ҳарф ба касе зарур аст, ворид карданаш ба алифбои тоҷикӣ хиёнате беш нест”. Мушоҳидаи шабакаҳои иҷтимоӣ низ баёнгари он аст, ки сарнавишти ҳарфи “Ц” сокинони Тоҷикистонро ба тарафдору бетараф ва муқобил ҷудо кардааст.
Рустами Ваҳҳоб, адиби тоҷик, дар саҳифаи “Дуруст бинависем” дар Фейсбук гуфтааст, “аз он ҳайронам, ки бо ин қадар масъалаҳои мубраме, ки дар кори полоиш ва устувор сохтани забони адабии худ дорем, чи тавр ногоҳ чунин иқдоми беасоси ҳангомаангез матраҳ мешаванд?” Вале, бо ин вуҷуд, гуфтааст, “мо агар бихоҳем, ки симои таърихии алифбои худро барқарор намоем, бояд на як “Ц”, балки чандин фонемаи дигарро барқарор (зимнан баъзеи онҳо дар гӯишҳо ҳастанд) ва чандин фонемаи дигарро, ки қаблан дар забони мо набуда ва имрӯз дар забони русӣ нестанд, аз забонамон хориҷ бикунем. Ин, албатта, кори нашуданист.”
Тоҷикистон дар солҳои навадум "Ц", "Щ", "Ы" ва "Ь"-ро аз алифбои забони тоҷикӣ ҳазф карда, шумораи ҳарфҳоро аз 39-тои даврони Шӯравӣ то 35 поин овард. Поёни баҳси “афв”-и ҳарфи “Ц” ва бозгашташ ба алифбои забони тоҷикӣ ҳанӯз рӯшан нест. Тасмими охирро дар ин замина ҳукумати Тоҷикистон хоҳад гирифт, ки ҳоло интизори хулосаи коршиносон нишастааст.