Шаҳобуддин Шуҷоъ яке аз донишмандони тоҷик аз раҳбарони Тоҷикистон хостааст, дигарбора забонеро, ки дар кишвар мардум бо он сӯҳбат мекунанд, расман ва бар асоси қонун забони “форсии тоҷикӣ” номанд.
Дар номаи саркушодае, ки ӯ рӯзи 17-уми июл дар Фейсбук нашр кард, Шаҳобуддини Шуҷоъ ба раҳбарони Тоҷикистон гуфтааст, ки ба “барқарор намудани адолати таърихӣ: форсии тоҷикӣ номидани забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба санаи 22 июл баргардонидани Рӯзи забон мусоидат намоеду ба ин васила эҳтироми миллати шарифи тоҷикро ба ҷо оред, то ояндагон аз шумо ба некӣ ёд кунанд.”
Дар Тоҷикистон то соли 2009 рӯзи 22-уми июл Рӯзи забонро таҷлил мекарданд, чун дар ин рӯз дар аҳди шӯравии собиқ, нахустин Қонун дар бораи забон қабул шуд. Соли 2009 бо пешниҳоди гурӯҳе аз мақомот, Рӯзи забонро ба 5-уми октябр рӯзи таваллуди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон интиқол доданд, ки ба гуфтаи Шаҳобуддини Шуҷоъ “Ин амали чоплусона, ки ба ҷуз аз хиёнат ба таърихи миллат чизи дигаре нест, танҳо ба хотири хушомад ба боло ва ҳифзи курсиву мансаб маънии дигаре надошт.”
Донишманди тоҷик рӯзи 19-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки фикр намекунад, мақомоти баландпояи Тоҷикистон пешниҳоди ӯро бипазиранд ва дигарбора калимаи форсиро ба забон баргардонанд ва санаи таърихии Рӯзи забон ҳам барқарор шавад.
Шаҳобуддини Шуҷоъ афзуд, муроҷиатнома, иҷрои қарзи шаҳрвандиаш буд ва умедвор аст, рӯзе не рӯзе “ҳақиқати таърихӣ” собит мешавад. Мусоҳиба бо Шаҳобуддини Шуҷоъро инҷо бубинед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад