Таҳдиди ихроҷ аз донишгоҳ барои имзо зери муроҷиатнома ба президент

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, мақомот теъдоде аз донишҷӯёнеро, ки дар муроҷиатнома оид ба поён бурдани нархи интернет имзо гузоштаанд, ба ихроҷ кардан аз донишгоҳ таҳдид намудаанд.

Шаҳло Иброҳимова, яке аз фаъолон ва ташаббускорони иқдом дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, устодони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия рӯзи 23-юми апрел гуруҳе аз донишҷӯёни ин донишгоҳоро барои имзо гузоштан дар зери ин муроҷиатнома сарзаниш кардаанд, ки чаро зери чунин санаде имзо гузоштаанд.

Ба гуфтаи Human Rights Vision Foundation, "маъмурони милиса аз онҳое, ки зери муроҷиатнома имзо кардаанд, хостаанд, номи баргузоркунандагони маъракаро ба онҳо бигӯянд".

Хонум Иброҳимова афзуд, дар баробари донишҷӯён аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, 30 донишҷӯи ин донишгоҳ ҳам рӯзи 21-уми апрел, зери муроҷиатнома ба номи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва додситони кулл Юсуф Раҳмон имзо гузоштаанд.

Иброҳимова гуфт, масъулини Донишгоҳи Славянӣ ӯро ҳамчун як ташаббускори ин иқдом ба донишгоҳ даъват кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷамъоварии имзо барои поин овардани қимати Интернет

Бино ба иттилои наздикони яке аз ин донишҷӯён дар Донишгоҳи Славянӣ, субҳи 23-юми апрел, гурӯҳе аз донишҷӯёнеро, ки дар ҷамъоварии имзо барои поин бурдани нархи интернет ширкат карданд, раҳбарони факулта дар як ҷаласа барои ин кор сарзаниш ва таҳдид ба хориҷ кардаанд.

Ба яке аз донишҷӯён, ки ба ҷамъоварии имзо дар миёни донишҷӯён вобаста будааст, раҳбарияти донишгоҳ таъкид кардааст, ки ихроҷ хоҳад шуд. Аз донишҷӯён хостаанд, дар бораи ташкилкунандаи ин иқдом ба онҳо маълумот бидиҳанд, вагарна аз донишгоҳ берун карда мешаванд.

Як масъули шӯъбаи забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи Славянӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо хабар расид, ки "донишҷӯён берун аз донишгоҳ эътироз кардаанд".

Раҳбарияти Донишгоҳи Славянӣ мегуянд, ҷалби донишҷӯён ба маъракаҳое мисли ҷамъоварии имзо дар дохили донишгоҳ ва бидуни иҷозаи раҳбарият, манъ аст. Нуралӣ Салихов, ректори ин донишгоҳ рӯзи 23-юми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ягон донишҷӯ аз донишгоҳ ихроҷ намешавад ва онҳо ба касе ҳам чунин таҳдид накардаанд.

Салихов афзуд, донишҷӯён дар ҷараёни дарс дар ҳудуди донишгоҳ ба гузоштани имзо зери муроҷиатнома ҷалб шудаанд. Барои ҳамин ҳам ӯ бо донишҷӯён як "сӯҳбати оромона" оростааст.

Ба гуфтаи ректор дар сӯҳбат бо худи ӯ бархе аз донишҷӯён таъкид кардаанд, ки онҳо танҳо хоҳиши дӯстонашонро иҷро карда, нафаҳмиданд ба чӣ ва ба кадом хотир имзои худро гузоштаанд.

Як соҳибкори тоҷик низ хабар додааст, ки пулис ӯ ва ҳамкоронашро барои имзо гузоштан зери муроҷиатномаи зидди нархҳои баланди Интернет бозпурсӣ ва таҳдид карда, сафҳаҳои зиёдеро бо имзои шаҳрвандон мусодира намудааст.

Ӯ изҳори нигаронӣ кард, ки имкон дорад, афроде, ки дар ин сафҳаҳо имзо карда ва суроғаи хона ё шумораи телефонашонро навиштаанд, зери фишор қарор гиранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ба рағми мухолифатҳо, қарори афзоиши нархи Интернет амалӣ шуд. ВИДЕО

Гуруҳе аз фаъолони ҷомеа рӯзи 22 - юми апрел дар назди Театри опера ва балет зери муроҷиатномаи дастҷамъӣ ба раиси ҷумҳур ва додситони кул имзо ҷамъ оварданд, ки дар он хоста шудааст, қарори боло бурдани қимати Интернет беэътибор карда шавад.

Бар асоси қарори Хадамоти зиддинҳисорӣ қимати истифодаи Интернет дар Тоҷикистон аз рӯзи 18-уми апрел боло рафт. Ҳоло истифодаи як гигабайт Интернет дар Тоҷикистон на 30-35 сомонӣ, балки 62 сомонӣ аст.

Гуруҳе аз фаъолон, ки номаро таҳия ва аз тариқи Фейсбук эълон карданд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар давоми ду соат дар муроҷиатнома беш аз 200 нафар имзо гузошта, ному насаб ва суроғаи ҷойи зисти худро навиштаанд.

Айни замон як созмони ҳомии ҳуқуқ, ки дар Ҳолланд қароргоҳ дорад бо нашри баёнияе навишт, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ба чанде аз онҳое, ки зери муроҷиатнома имзо гузоштаанд, таҳдид кардаанд ва гуфтаанд, чаро ба ин иқдом ҳамроҳ шудаанд.

Ба гуфтаи Human Rights Vision Foundation, "маъмурони милиса аз онҳое, ки зери муроҷиатнома имзо кардаанд, хостаанд, номи баргузоркунандагони маъракаро ба онҳо бигӯянд".

Ин созмон, ки барои беҳбуди ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барнома амалӣ мекунад, мегуяд, рафтори мақомоти милиса мухолифи озодиҳои бунёдии инсон ва қонунҳои худи Тоҷикистон аст, ки озодиро ҳаққи волои инсонӣ номида ва замонат медиҳанд, ки озодӣ ва ҳуқуқи инсонро давлат ҳимоят мекунад.

Вазорати умури дохилӣ иддаоҳо дар бораи таҳдид ва тафтиши онҳоеро, ки зери муроҷиатнома имзо гузоштаанд, шарҳ надодааст. Аммо бо ин ҳама, Шаҳло Иброҳимова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз ташаббускорони ин иқдом гуфт, то ба ҳол зери муроҷиатнома ҳудуди 600 нафар имзо гузоштаанд. Хонум Иброҳимова мегӯяд, ба ҷамъоварии имзо зери нома барои поён бурдани нархи Интернет идома хоҳанд дод ва қасд доранд онро рӯзҳои наздик ба раиси ҷумҳур бирасонанд.