Ҳоло танҳо аҳолии минтақаҳои наздимарзӣ имкони гузаштан ба симкортҳои кишварҳои ҳамсояро доранд. Дар оянда шояд барои аҳолии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон дигар имкониятҳо, ба мисли роуминги арзон, пайдо шавад
Сокинони минтақаҳои наздимарзӣ, аз ҷумла дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара гуфтанд, ки интернети ширкатҳои мобилии Қирғизистон даҳҳо маротиба арзонтар аз Тоҷикистон аст. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол вазъиятро шарҳ надодаанд. Инчунин маълум нест, ки дар ҳоли ҳозир чӣ қадар аз сокинони кишвар аз симкорт ва ё хадамоти роуминги ширкатҳои мобилии хориҷӣ истифода мекунанд.
“Бе шиноснома ва чанд донае, ки мехоҳӣ”
Абулқосим Солиев, сокини шаҳри Исфара, чанд рӯз пеш муштарии ширкати “Нур Телеком”-и Қирғизистон шудааст. Ӯ рӯзи 20-уми апрел гуфт, “арзиши симкорти қирғизӣ бо пули мо 4 сомонӣ аст ва чанд донае, ки хоҳӣ – мехарӣ. Ҳатто бе шиноснома медиҳанд. Фақат ду-се рӯзи ахир навбатпоӣ зиёд шуд ва дар мағозаҳои наздимарзии соҳибкорони қирғиз симкорт тамом шуд. Ваъда доданд, ки боз меоранд. Дар як ҳафта бо 7 сомонӣ шаш гигайбат интернет мехарам. Бо нархи ҳозираи интернет дар Тоҷикистон қобили муқоиса нест.”
Ӯ афзуд, акнун дар ҷамоати Чоркӯҳ баъзе аз сокинон симкорти қирғизӣ доранд. "Танҳо дар оилаи мо чаҳор нафар симкорти тоҷикии худро ба қирғизӣ иваз карданд", - гуфт Абулқосим Солиев.
“Туҳфа" ба ширкатҳои қирғизӣ?
Қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки арзиши интернетро дар Тоҷикистон ду баробар гарон кард, ба норозигии сокинон ва созмонҳои ҷамъиятӣ рӯбарӯ шуд. Сарфи назар аз ин норозигиҳо ин қарор бекор нашуд.
Мақомоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтанд, ки қарорашон санҷидашуда ва "ба фоидаи давлату мардум аст". Онҳо гуфтанд, дар ду-се моҳи оянда хоҳанд дод, ки қарор чӣ ҳосил медиҳад. Агар хуб буд, мемонад, вагарна бозбинӣ хоҳад шуд.
Бар асоси қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ширкатҳои мобилӣ нархи як мегабайт интернетро (бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда) ба 6,2 дирам расонданд ва қимати як гигабайти он 62 сомонӣ аст. Қаблан як гигабайт интернет аз 30 то 35 сомонӣ буд. Қарори нав аз ҳаждаҳуми апрели имсол ба иҷро даромад.
Як корманди яке аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба шарти фош нашудани номаш гуфт, дар чунин вазъият садҳо муштарии худро ба ҳамсоягон "медиҳанд". Вай гуфт, бо чашми худ мебинанд, ки чӣ тавр муштариён аз даст мераванд, аммо ба ҷуз назорагар будан кори дигаре аз дасташон намеояд.
“Ширкатҳои мобилии қирғизӣ ё узбекӣ дар ҳафтаҳои наздик метавонанд соҳиби ҳазорҳо муштарии нав шаванд. Интернети онҳо чанд баробар аз мо арзонтар аст. Агар сад ё дусад ҳазор муштарии мо ҳар моҳ ба онҳо дудолларӣ пардозанд, ин қариб ним миллион доллар мешавад. Акнун тасаввур кунед, ки ширкатҳои мо чӣ гуна даромади худро аз даст медиҳанд,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.
“Баъди билет, навбати интернет”
Интернет нахустин хадамоте нест, ки бинобар гаронӣ дар Тоҷикистон истифодаи онро кам карда, рӯ ба кишварҳои ҳамсоя меоранд. Пештар аз ин, дар пайи гарону дастнорас шудани нархи билети ҳавопаймоҳо, мусофирон аз Тоҷикистон талош мекарданд тариқи фурудгоҳҳои Узбекистону Қирғизистон ба хориҷа раванд.
Рустам Гулов, коршиноси тоҷик, гуфт, истифода аз симкортҳои ширкатҳои ҳамсоя чизи тоза нест, танҳо гаронтар шудани нархи интернет ин равандро тезонд ва бештар кард. Ба гуфтаи Гулов, пеши роҳи ин равандро танҳо бо арзон кардани айни хадамот дар Тоҷикистон метавон гирифт.
“Ҳазор маротиба ин чизро ғайриқонунӣ эълон карда бо он мубориза баранд, бенатиҷа аст. Намешавад, ки телефони ҳамаро назорат кард. Ҳоло танҳо аҳолии минтақаҳои наздимарзӣ имкони гузаштан ба симкортҳои кишварҳои ҳамсояро доранд. Дар оянда шояд барои аҳолии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон дигар имкониятҳо, ба мисли роуминги арзон, пайдо шавад,” - таъкид кард коршиноси тоҷик.
Рустам Гулов ҳамчунин гуфт, бояд ба ширкатҳои мобилӣ озодии иқтисодӣ дода шавад, то онҳо дар хариди интернет низ интихоб дошта бошанд.
Раванди ба ширкатҳои мобилии кишварҳои ҳамсоя гузаштани Тоҷикистон солҳои ахир оғоз шуд. Дахолати аз ҳад беши мақомот ва андози зиёд, ба гуфтаи коршиносон, ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро дар баробари ширкатҳои ҳамсоя рақобатнопазир кард. Ин буд, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо аз доираҳои мухобиротӣ, ширкатҳои мобилӣ дар кишвар натавонистанд технологияҳои навро ворид кунанд. Дар ин вақт ширкатҳои Қирғизистон тавонистанд мавҷи худро ҳатто аз доираи ин кишвар берунтар ба роҳ монанд.
Феълан мавҷи ширкатҳои мобилии қирғизистонӣ қисмате аз қаламрави ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Исфараро фаро мегирад. Ҳамчунон дар шарқи кишвар дар баъзе аз мавзеъҳои ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) мавҷи ширкатҳои мобилии Қирғизистон дастрас будааст.