Сарфи назар аз норозигии шадиди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзи 18-уми апрел арзиши Интернет дар Тоҷикистон боло рафт. Мақомот гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи бозбинии нархҳо дар миён нест.
Тасмими болоравии нархи интернет ба вокунишҳои тунд дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯбарӯ шуд.
"Бозбинии нархҳо дар миён нест"
Раҷабалӣ Маҳсиддинов, корманди раёсати ҳимоя ва рақобати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 18-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳои мобилӣ аллакай нархи нави интернет ва гуфтугӯи мобилиро ба роҳ монданд.
"Ба ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аллакай супориш шуд ва ширкатҳои мобилӣ ҳамаашон инро ба роҳ мондаанд. Қарор амалӣ мешавад ва ягон тағйирот нест", - афзуд ӯ.
Бар асоси нархгузории нав, ширкатҳо ҳақ надоранд як мегабайт интернетро аз 5 дирам камтар фурӯшанд. Ҳамаи чаҳор ширкати мобилии Тоҷикистон аз субҳи 18-уми апрел қимати як мегабайтро 6,2 дирам (бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз) эълон карданд. Дар ин ҳол қимати як гигабайт интернет 62 сомонӣ мебошад.
Вокунишҳо
Тасмими болоравии нархи интернет ба вокунишҳои тунд дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Норозиёни ин қарор мегӯянд, аз 30 ба 62 сомонӣ боло бурда шудани нархи як гигайбат Интернет бо шароити мардум дуруст намегирад.
Мухолифони қарори боло бурдани нархи Интернет мегӯянд, беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар хориҷ кору иқомат мекунанд ва ягона василаи иртиботи волидон ё зану фарзанди онҳо бо муҳоҷирон Интернет ва василаҳои иртиботӣ ба мисли Вайберу ИМО ва Вотсапп аст.
Аммо тарафдорони боло бурдани Интернет мегӯянд, ин тасмим "ба ҷамъоварии андози бештар кумак мекунад", "амнияти кишварро ҳифз менамояд" ва "мардумро китобхон мекунад".
Баҳс сари қимати Интернет моҳи гузашта шуруъ шуд ва бисёриҳо интизор доштанд, ки баъди танқиди зиёд, пешниҳоди созмонҳои ғайриҳукуматӣ, мақомот аз ин қарор даст мекашанд. Аммо ғайриинтизор ширкатҳои мобилӣ гуфтанд, ки ночор қиматҳоро боло мебаранд, зеро мақомот чунин қарор қабул кардаанд.