Вазорати умури дохилии Яман рӯзи ҷумъа хабар дод, ки макони будубоши табиби тоҷик Гулрухсор Рофиеваро, ки дар авохири моҳи гузашта аз сӯи афроди мусаллаҳ дар минтақаи Маъриби он кишвар рабуда шуда буд, ошкор кардааст. Ин манбаъ, номи одамрабоёнро низ дақиқ овардааст.
Ба иттилои вазорати умури дохилии Яман, ҳамаи одамрабоён аз қабилаи Оли Ҳариқдон Оли Мазъа Убайда дар ноҳияи Ал-Води буда, дар гузашта низ ба роҳзанӣ машғул буда ва чандин хориҷии дигарро низ рабудаанд. Бар пояи иттилои вазорати умури дохилии Яман одамрабоён Али Носир Солеҳ Ҳариқдони 45-сола, Муҳаммад Носир Солеҳ Ҳариқдони 30-сола ва Носир Носир Солеҳ Ҳариқдони 27 сола мебошанд.
Вазорати умури дохилии Яман мегӯяд, ки саломатии табиби рабудашудаи тоҷик Гулрухсор Рофиева дар раъси авлавиятҳои нерӯҳои амниятӣ қарор дорад ва ҳама талошҳоро барои наҷоти ӯ анҷом медиҳанд
Дар ҳамин ҳол Манучеҳр Абдуев, намояндаи як ширкати русӣ шаби 14 ба 15 ноябр бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, мақомоти вазорати хориҷаи Яман бо ироаи ин хабар ба ин ширкат ва ҳамкорони Гулрухсор Рофиева изҳори итминон кардаанд, ки дар роҳи раҳоии ӯ аз асорат як қадами бузурги дигар гузошта шуд. Манучеҳр Абдуев гуфт, маълум шудани макони асорат ва исми одамрабоён ҳамаро умедвор кардааст, ки Гулрухсор Рофиева ба зудӣ озод карда хоҳад шуд.
Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯз 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне рабуда шуд, ки нақлиёти бемористонро, ки он рӯз андаке таъхир кардааст, интизор нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд. Ӯ аз тариқи як ширкати Русия барори кор дар Яман истихдом шуда буд.
14 ноябр: Аслов барои раҳоии Гулрухсор аз ҳамтои яманиаш кӯмак хост
Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли паёми шахсӣ ба ҳамтои яманиаш хостори кӯмаку мусоидат дар раҳоии Гулрухсор Рофиева аз дасти рабояндагон шудааст. Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикисто рӯзи ҷумъаи 14 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи гузашта паёми шахсии худро ба Абдуллоҳ Ас-Сойидӣ, ҳамтои яманиаш дар робита ба қазияи аз ҷониби гурӯҳи номаълум рабуда шудани шаҳрванди Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман исрол кард.”
Ба гуфтаи ҷаноби Атоев, дар ин паём Сироҷидин Аслов аз мақомоти салоҳиятдор ва шахсан аз Абдуллоҳ Ас-Сойидӣ, вазири корҳои хориҷии Яман тақозо кардааст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои раҳоии ҳарчӣ зудтари Гулрухсор Рофиева тадбирҳои муассир биандешанд.
Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамзамон таъкид кард, ки қазияи шаҳрванди ин кишвар Гулрухсор Рофиева, аз рӯзҳои аввали хабари рабуда шуданаш аз ҷониби гурӯҳи номаълум дар минтақаи Маъриби Яман зери назари мақомоти Тоҷикистон, ба хусус вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратҳои ин кишвар дар Арабистони Саудӣ ва Қатар буд ва талош хоҳад шуд, то ҳар чӣ зудтар ин шаҳрванди Тоҷикистон озод шавад.
Ба гуфтаи Абулфайз Атоев, вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин тариқи сафорати Руссия дар Тоҷикистон аз сафорати Руссия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Гулрухсор Рофиева дархости мусоидат кардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар гузашта ҳам ҳодисаҳои гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман ҷой доштаанд. Дар соли 2011 як табиб аз Тоҷикистон - Ҳомид Овчибоев - низ дар Яман ба асорат афтида, 43 рӯзро дар дасти гаравгонгирон ба сар бурд. Гаравгонгирон ибтидо дар ивази раҳоии Ҳомидҷон Овчибоев аз давлати Яман барои қурбониёни як ҳамлаи хунини ҳавоии ду соли пеш, ки болои ин қабила шудааст, 200 миллион доллар талаб доштанд, вале мақомот дар ниҳоят тавонистанд онҳоро ба ахзи маблағи хеле камтар моил кунанд. Овчибоев аз соли 2007 дар Яман ба ҳайси табиб кор мекунад.
Тоҷикистон дар Яман сафорат ё ягон намояндаи дипломатӣ надорад. Ҳалли масоили будубош ва кори шаҳрвандони тоҷик ва аҳли хонаводаҳои онҳо дар Яман асосан дар дасти сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва намояндагони тоҷики ширкатҳои русист, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Яман бурдаанд.
Яман як кишвари воқеъ дар нимқораи Арабистон аст, ки дар чанд соли охир дучори беназмиҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоист. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки аз соли 1990 бар Яман бо панҷаҳои оҳанинаш раҳбарӣ мекард, баъди 22 соли раёсат дар соли 2012 таҳти фишори эътирозҳову ошӯбҳо маҷбур шуд, истеъфо диҳад. Аммо бо ин вуҷуд ихтилофот дар ин кишвари фарқрзада то ҳол идома дошта, ҳар сари чанд вақт ба низоъҳои мусаллаҳона ҳам мепечанд. Нирӯҳои артиши Яман таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳои низомии Амрико алайҳи ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида, ки чандин минтақаро дар ин кишвар забт кардаанд, низ меҷанганд.
Аз Тоҷикистон асосан табибону парасторон барои кор ба Яман мераванд. Омори дақиқе дар бораи шумораи табибони тоҷик дар Яман мавҷуд нест, вале ба тахмини Манучеҳр Абдуев, айни ҳол дар ин кишвар аз ҳисоби ходимони тиб дар маҷмӯъ 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебарад.
ТАЗОҲУРОТ ДАР ЯМАН БАРОИ РАҲОИ ГУЛРУХСОР РОФИЕВА