Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Яман, рӯзи чаҳоршанбеи 5 ноябр дар нишасти мақомоти амниятии минтақаи Маъриби он кишвар, ки бо ҳузури раҳбарони амниятӣ ва аскарӣ баргузор шудааст, мавзуи раҳоии табиби рабудашудаи тоҷик Гулрухсор Рофиева дар меҳвар қарор доштааст. Гулрухсор Рофиева дар таърихи 29 ноябр дар роҳ ба сӯи коргоҳаш аз сӯи афроди мусаллаҳ ба гарав гирифта шуд ва масири ӯ ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонад.
Ба иттилои вазорати умури дохилии Яман, дар ин нишаст маълумотҳои ба даст омада дар мавриди гаравгонгирҳо ва макони нигаҳдории Гулрухсор Рофиева пешниҳод шуда ва нақшаи амниятӣ барои боздошти ҷинояткорон ва раҳоии ин табиби тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи гузориши расонаҳои яманӣ, рӯзи сешанбеи 4 ноябр садҳо нафар дар минтақаи Маъриб дар эътироз ба рабуда шудани табиби тоҷик даст ба тазоҳурот заданд. Ба пояи ин хабарҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корманди бахши беҳдоштӣ, аз назди бемористони аскарӣ то наздик бинои ҳукумати минтақаи Маъриб роҳпаймоӣ намуда ва хостори раҳоии Гулрухсор Рофиева шуда ва талаб намудаанд, ки гаравгонгирҳо ба панҷаи адолат супурда шаванд.
Раҳбари ин минтақа Абдуллоҳ Аҳмад Ал-Бокирӣ дар назди тазоҳургарон суханронӣ намуда, ҳодисаи ба гаравгон гирифтани ин табиби тоҷикро накуҳиш намудааст. Вай гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ҷамъоварии маълумот дар мавриди макони будубоши Гулрухсор Рофиева идома дорад ва дар ҷустуҷӯи роҳҳои муносиб барои раҳоии ӯ ҳастанд. Ин мақоми маҳаллӣ умедворӣ кардааст, ки ин табиби тоҷик дар ояндаи наздик раҳо хоҳад шуд.
Дар ин раҳпаймоӣ баёнияти созмонҳои ҳуқуқи башар, иттифоқҳои касаба ва созмонҳои дифоъ аз озодиҳои Яман қироат шуд, ки аз мақомоти зидахли он кишвар талаб карданд, ки дар амри раҳоии ин табиби тоҷик масъулияти худро ба шеваи дуруст анҷом диҳанд. Онҳо гуфтаанд, ки то маълум шудани сарнавишти ин табиби рабудашудаи тоҷик, ба роҳпаймоӣ ва коршиканӣ идома хоҳанд дод.
НАВОР АЗ ЮТЮБ
Дар гузашта ҳам ҳодисаҳои гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман ҷой доштаанд. Дар соли 2011 як табиб аз Тоҷикистон - Ҳомид Овчибоев - низ дар Яман ба асорат афтида, 43 рӯзро дар дасти гаравгонгирон ба сар бурд. Гаравгонгирон ибтидо дар ивази раҳоии Ҳомидҷон Овчибоев аз давлати Яман барои қурбониёни як ҳамлаи хунини ҳавоии ду соли пеш, ки болои ин қабила шудааст, 200 миллион доллар талаб доштанд, вале мақомот дар ниҳоят тавонистанд онҳоро ба ахзи маблағи хеле камтар моил кунанд. Овчибоев аз соли 2007 дар Яман ба ҳайси табиб кор мекунад.
Тоҷикистон дар Яман сафорат ё ягон намояндаи дипломатӣ надорад. Ҳалли масоили будубош ва кори шаҳрвандони тоҷик ва аҳли хонаводаҳои онҳо дар Яман асосан дар дасти сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва намояндагони тоҷики ширкатҳои русист, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Яман бурдаанд.
Яман як кишвари воқеъ дар нимқораи Арабистон аст, ки дар чанд соли охир дучори беназмиҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоист. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки аз соли 1990 бар Яман бо панҷаҳои оҳанинаш раҳбарӣ мекард, баъди 22 соли раёсат дар соли 2012 таҳти фишори эътирозҳову ошӯбҳо маҷбур шуд, истеъфо диҳад. Аммо бо ин вуҷуд ихтилофот дар ин кишвари фарқрзада то ҳол идома дошта, ҳар сари чанд вақт ба низоъҳои мусаллаҳона ҳам мепечанд. Нирӯҳои артиши Яман таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳои низомии Амрико алайҳи ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида, ки чандин минтақаро дар ин кишвар забт кардаанд, низ меҷанганд.
Аз Тоҷикистон асосан табибону парасторон барои кор ба Яман мераванд. Омори дақиқе дар бораи шумораи табибони тоҷик дар Яман мавҷуд нест, вале ба тахмини Манучеҳр Абдуев, айни ҳол дар ин кишвар аз ҳисоби ходимони тиб дар маҷмӯъ 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебарад.
شدد وكيل محافظة مارب علي محمد الفاطمي خلال ترأسه اجتماع اللجنة الأمنية، على القيادات الأمنية والعسكرية بالمحافظة العمل على اتخاذ الإجراءات اللازمة ضد كل الخارجين عن النظام والقانون وعدم السماح بالعبث بالامن والسكينة العامة.
واكد الفاطمي على ضرورة رفع والجاهزية الأمنية والعسكرية واليقظة الأمنية وتعقب المخلين بالأمن والاستقرار والخربين والذين يقومون بأعمال الاختطافات والتقطع وقطع الطرقات والاعتداء على أبراج الكهرباء وأنبوب النفط والغاز.
فيما أكد قائد المنطقة العسكرية الثالثة اللواء ركن احمد سيف اليافعي على ان الوحدات العسكرية على أهبة الاستعدادات لتنفيذ أية مهام يطلب منها.. لافتا الى دورها في مساعدة الأجهزة الأمنية في حفظ الامن والاستقرار وحماية المنشات العامة وتعقب المطلوبين والمخربين والعناصر الإرهابية.
وكانت اللجنة الأمنية قد وقفت في اجتماعها امام العديد من القضايا وفي مقدمتها اختطاف الطبيبة الطاجيكية جولي روف ايفا منذ أسبوع من وسط مدينة مارب من قبل مسلحين واقتيادها الى مكان مجهول.
واستعرض الاجتماع الاجتماع المعلومات الواردة حول جهة الاختطاف واماكن تواجد الخاطفين والخطط الامنية لضبطهم وتحرير المختطفة بعد استكمال المعلومات المطلوبة والتحقيق من المعلومات التي تم جمعها.
- See more at: http://www.smc.gov.ye/index.php?option=com_k2&view=item&id=9891:%D9%88%D9%83%D9%8A%D9%84-%D9%85%D8%A3%D8%B1%D8%A8-%D9%8A%D8%B4%D8%AF%D8%AF-%D8%B9%D9%84%D9%89-%D8%A7%D9%84%D9%82%D9%8A%D8%A7%D8%AF%D8%A7%D8%AA-%D8%A7%D9%84%D8%A7%D9%85%D9%86%D9%8A%D8%A9-%D9%88%D8%A7%D9%84%D8%B9%D8%B3%D9%83%D8%B1%D9%8A%D8%A9-%D8%A8%D8%B6%D8%A8%D8%B7-%D8%A7%D9%84%D8%AE%D8%A7%D8%B1%D8%AC%D9%8A%D9%86-%D8%B9%D9%86-%D8%A7%D9%84%D9%82%D8%A7%D9%86%D9%88%D9%86&Itemid=638#sthash.10zsjSkR.dpuf