Манучеҳр Абдуев, намояндаи ширкати “Здравэкспорт”-и Русия дар Яман, рӯзи 30 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамширати шафқат аз Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева субҳи 29 октябр дар роҳ ба ҷои кораш ғайб задааст. Ба гуфтаи Абдуев, то ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти рабудани Гулрухсорро бар дӯш нагирифтааст ва ҳоло то 50 тан аз нирӯҳои пулиси Яман дар пайи ҷустуҷӯи ӯянд.
Анвар Шамсиддинов, намояндаи дигари “Здравэкспорт” гуфт, дар Яман дуздидани зан як амали хеле нангин ҳисоб мешавад ва “ҳатто ин нуктаро дар шабакаҳои телевизонии Яман дар робита ба қазияи ҳамшираи шафқати тоҷик низ зикр мекунанд.” Аммо ӯ афзуд, баъзан гурӯҳҳои норозӣ аз ҳукумати Яман ба хотири озод кардани ҷангиёни худ аз маҳбас шаҳрвандони хориҷиро гаравгон мегиранд. Ҳамин тавр, ба гуфтаи Анвар Шамсиддинов, гоҳо ин мардум вақте дар хонаводаашон зан бемор мешавад, табиб ё ҳамшираи шафқатро бидуни шарҳ мебаранду боз бармегардонанд.
Тавре ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, дар ҳоли ҳозир сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ ва сафорати Русия дар Яман низ дар робита ба қазияи Гулрухсор Рофиева бо мақомоти Яман вориди музокира шудаанд.
Гулрухсор Рофиева ду сол боз дар беморхонаи низомии Маъриб ҳамчун ҳамшираи шафқат кор мекард. Анвар Шамсиддинов изҳори умедворӣ кард, ки ӯ то шом ёфт шавад.
Як намояндаи ширкати русии “Здравэкспорт” дар Яман қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти амниятии ин кишвари арабӣ гуфтаанд, ба эҳтимоли зиёд ҳамшираи шафқат аз Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева ягон гурӯҳ барои расондани кумаки фаврии тиббӣ, барои мисол, барои кумак ҳангоми таваллуди фарзанд ё табобати ягон нафари захмӣ рабудааст.
Гулрухсор Рофиева, ки бино ба хабарҳо, рӯзи 29 октябр аз назди ҷои кораш дар бемористони низомие дар вилояти Маъриб рабуда шуд, тавассути ширкати "Здравэкспорт"-и Русия барои кор дар Яман истихдом шуда буд.
Ҳамшираи шафқат Гулрухсор Рофиева дар шӯъбаи бемориҳои занонаи бемористони низомии вилояти Маъриб ба ҳайси доя(акушер) ифои вазифа мекард. Расонаҳои арабӣ хабар медиҳанд, ки ин шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр аз назди ҷои кораш рабуда шудааст.
Дар Яман қабилаҳову гурӯҳҳои мусаллаҳ гаравгонгирӣ ба вижа гаравгонгирии шаҳрвандони мамолики ғарбиро ҳамчун василаи фишор дар ҳалли баҳсҳо ваё воситаи пулситонӣ истифода мебаранд. Гурӯҳҳои силоҳбадаст ва қабилаҳо ҳамин тавр, хориҷиёнро барои он гаравгон мегиранд, ки то дар ивази раҳоии онҳо ба озод кардани ҳамсилоҳҳо ваё ҳамқабилаҳои худ аз боздоштгоҳҳову маҳбасҳои давлати Яман ноил шаванд.
Ҳамкорони Рофиева ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҷои тахминии нигаҳдошти ӯ муайян шудааст, вале ҳадафи гаравгонгирӣ то ҳанӯз маълум нест. Онҳо меафзоянд, ки дар Яман гаравгонгирии зан амали хубе ба шумор намеравад. Тахмин мешавад, ки Рофиеваро ё барои кумаки фаврӣ дар таваллуди кӯдаке ва ё барои фишор болои мақомот истифода бурдаанд.
Дар гузашта ҳам ҳодисаҳои гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман ҷой доштаанд.
Дар соли 2011 як табиб аз Тоҷикистон - Ҳомид Овчибоев - низ дар Яман ба асорат афтида, 43 рӯзро дар дасти гаравгонгирон ба сар бурд. Гаравгонгирон ибтидо дар ивази раҳоии Ҳомидҷон Овчибоев аз давлати Яман барои қурбониёни як ҳамлаи хунини ҳавоии ду соли пеш, ки болои ин қабила шудааст, 200 миллион доллар талаб доштанд, вале мақомот дар ниҳоят тавонистанд онҳоро ба ахзи маблағи хеле камтар моил кунанд. Овчибоев аз соли 2007 дар Яман ба ҳайси табиб кор мекунад.
Тоҷикистон дар Яман сафорат ё ягон намояндаи дипломатӣ надорад. Ҳалли масоили будубош ва кори шаҳрвандони тоҷик ва аҳли хонаводаҳои онҳо дар Яман асосан дар дасти сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва намояндагони тоҷики ширкатҳои русист, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Яман бурдаанд.
Яман як кишвари воқеъ дар нимқораи Арабистон аст, ки дар чанд соли охир дучори беназмиҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоист. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки аз соли 1990 бар Яман бо панҷаҳои оҳанинаш раҳбарӣ мекард, баъди 22 соли раёсат дар соли 2012 таҳти фишори эътирозҳову ошӯбҳо маҷбур шуд, истеъфо диҳад. Аммо бо ин вуҷуд ихтилофот дар ин кишвари фарқрзада то ҳол идома дошта, ҳар сари чанд вақт ба низоъҳои мусаллаҳона ҳам мепечанд. Нирӯҳои артиши Яман таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳои низомии Амрико алайҳи ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида, ки чандин минтақаро дар ин кишвар забт кардаанд, низ меҷанганд.
Аз Тоҷикистон асосан табибону парасторон барои кор ба Яман мераванд. Омори дақиқе дар бораи шумораи табибони тоҷик дар Яман мавҷуд нест, вале дар соли 2011, вақте шаҳрвандони тоҷикро ба далели беназмиҳои сиёсӣ бо ҳавопаймоҳои Русия аз Яман берун кашиданд, шумораи онҳо, бо аҳли хонаводаашон, беш аз 70 нафар гуфта мешуд.
Баъди як каме беҳтар шудани вазъи амниятӣ аксари ин табибон ба ҷойҳои кори худ дар он кишвари арабӣ баргаштанд ва гууфта мешавад, дар солҳои охир шумори тоҷикҳо дар Яман ҳатто бештар шудааст. Пизишк ва парасторҳо аз Тоҷикистон асосан тавассути 3 ширкати русии “Здравэкспорт”, “Техностройэкспорт” ва “Экспортстрой” барои кор ба Яман сафарбар мешаванд.