Ба Хуршед барои тарки Бозиҳои Осиё 2 рӯз вақт додаанд (9 АКС)

Ба футболбози тими Тоҷикистон Хуршед Бекназаров, ки дар Бозиҳои Осиё аз санҷиши допинг нагузашт, барои тарки ин мусобиқот 2 рӯз фурсат додаанд.

Шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф, ки барои пайгирии ҷараёни Бозиҳои 17-уми Осиё дар шаҳри Инчони Кореяи ҷанубӣ қарор дорад, рӯзи 24 сентябр дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ба Хуршед Бекназаров, бозигари 20-солаи тими Тоҷикистон барои тарки маҳалли баргузории ин мусобиқот ду рӯз фурсат додаанд.

Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) – масъули баргузории Бозиҳои 17-уми Осиё - рӯзи 24 сентябр эълон кард, ҳангоми ташхиси 10 рӯз пеши пешоби Бекназаров дар бадани ӯ маводи мамнӯъе бо номи метилҳексанамин ёфт шудааст, ки Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг онро ба “рӯйхати сиёҳ”-аш ворид кардааст. Варзишгарон барои истифодаи допинг аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум мешаванд.

Шореҳи варзиши Радиои Озодӣ мегӯяд, масъулони тими футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон аз қазияи омада бар сари ин яке аз футболбозони муҳими тим хеле дар ҳайрат ва маъюс шудаанд. Улуғбек Каримов, менеҷери дастаи Тоҷикистон гуфтааст, ки аслан умедвори чунин сурати кор набуд ва то ҳол бовараш намеояд. Фаррух Авезов, духтури тими Тоҷикистон низ имкони даст ба истифодаи допинг бурдани Хуршед Бекназаровро ғайри қобили боварӣ номид.

Масъулони тим гуфтаанд, ки барои сафед кардани номи ин футболбоз ва ҳам обрӯи тими Тоҷикистон тамоми талошро хоҳанд кард, вале Нарзуллоҳи Латиф мегӯяд, гумон аст ки дар 2 рӯзи боқимонда то бозии Тоҷикистону Ироқ ин кор барояшон муяссар шавад. Бозиҳои Осиё барои дастикам ду узви тими футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон - Хуршед Бекназаров, ки аз санҷиши допинг нагузашт, ва Абдуллоҳ Саидов, ки дар Инчон кӯррӯдаашро ҷарроҳӣ карданд, бо ҳамин анҷом меёбад.

Метилҳексанамин як навъ маводи нирӯдиҳанда аст, ки дар солҳои 40 аз геран тавлид ва ҳамчун давои зукоми бинӣ истифода мешуд. Ҳоло он асосан бо роҳҳҳои кимиёвӣ сохта ва дар иловаҳои ғизоӣ (пищевые добавки) ва маводи парҳезӣ ҳамроҳ карда мешавад. Ин маводи нирӯдиҳанда, ки қувваташ нисбат ба кофеин ба маротиб зиёдтар баровард мешавад, аз соли 2010 аз сӯи Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) ба "рӯйхати сиёҳ"-и маводи допингдор шомил карда шудааст.

Аксҳои Хуршед Бекназаров, футболбози тоҷик

43 гузориш дар бораи парвандаи допинги футболбози тоҷик

Хабари кашфи допинг дар бадани як футболбози тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар сархати ахбори расонаҳои байналмилалӣ аз ин мусобиқот қарор гирифтааст. Танҳо дар сомонаҳои англисӣ то ин лаҳзае ки гузориш чоп мешуд, дар бораи қазияи Хуршед Бекназаров 43 матлаб нашр шудааст.

Шӯрои олимпии Осиё (OCA) рӯзи 24 сентябр эълон кард, ки дар бадани ин бозигари бошгоҳи "Регар-ТадАЗ" ва тими футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон метилҳексанамин кашф шудааст.

Хабаргузории Ройтерс аз қавли Шӯрои олимпии Осиё хабар дод, ки "намунаи пешоби ӯ, ки рӯзи 14 сентябр баъди бозӣ барои ташхис гирифта шуд, вуҷуди метилҳексанамин, як маводи мамнӯъ аз рӯйхати соли 2014-уми Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) ёфт шуд."

Сомонаи шабакаи телевизионии Eurоsport навишт, Хуршед Бекназаров, ҳимоятгари 20-солаи тими Тоҷикистон нахустин варзишгаре дар Бозиҳои 17-уми Осиёст, ки бо ҷурми истифодаи допинг аз ҳаққи ширкат дар ин мусобиқот маҳрум карда шуд.

Сомонаи варзишии insidethegames.biz навишт, Хуршед Бекназаров узви муҳими тими Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва дар ҳарсе бозии марҳалаи гурӯҳӣ ширкат кардааст. Вале акнун аз ӯ сабти номи ӯ дар Бозиҳои Осиё лағв шуда, аз ин бозигар хостаанд, то Инчон - маҳалли баргузории ин мусобиқотро тарк кунад. Бекназаров дигар наметавонад рӯзи 26 сентябр ба тими Тоҷикистон дар бозии даври ҳашятниҳоӣ бо тими Ироқ кумак кунад. Insidethegames.biz менависад, қазияи Бекназаров комёбиҳои тими Тоҷикистонро, ки то ҳаштякниҳоӣ расид, зери соя қарор додааст.

Нашрияи Hindustan Times хабар дод, ки акнун парвандаи футболбози тоҷик барои тасмимгириҳои баъдӣ ба мақомоти футболи Тоҷикистон ва ҳам ба ФИФА - Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол - ва АФК - Конфедеросиюни футболи Осиё - хоҳад рафт. Ин нашрия ҳам таъкид карда, ки ихроҷи футболбози тоҷик нахустин мавриди кашфи допинг дар Бозиҳои Осиёст. То кунун, афзудааст Hindustan Times, ҷанолбарангезтарин қазия дар Бозиҳои 17-уми Осиё моҷарои футболбозе аз тими Фаластин буд, ки ба бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба заноне, ки дар коргоҳи либосшӯии макони бозиҳо кор мекарданд, айбдор мешуд.

Футболбози тоҷик аз ташхиси допинг нагузашт

Як бозигари мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Бозиҳои 17-уми Осиё дар Инчони Кореяи ҷанубӣ аз санҷиши допинг нагузаштааст. Гуфта мешавад, санҷиши ин футболбоз дар мавриди вуҷуди маводи мамнӯъ дар баданаш рӯзи 14 сентябр анҷом шудааст. Мақомоти Шӯрои олимпии Осиё дар пайи ташхиси допинг дар бадани ин футболбози тоҷик ба ӯ амр кардаанд, ки макони Бозиҳои Осиёро тарк кунад.

​Масъулони тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё рӯзи 23 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз санҷиши допинг нагузаштани як узви тими футболбозони то 23-солаи ин кишварро тасдиқ карданд ва гуфтанд, сухан дар бораи ҳимоятгар Хуршед Бекназаров меравад. Хуршед Бекназаров аз дастаи “Регар-ТадАз”-и Турсунзода ба тими Тоҷикистон даъват шудааст. Ӯ 26 июни соли 1994 ба дунё омада, то кунун дар ҳайати тими ҷавонони Тоҷикистон 4 бозӣ кардааст.

Ӯро шаби 14 сентябр, баъди анҷоми бозии аввали тими Тоҷикистон бо Сингапур, ки бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими Тоҷикистон анҷом ёфт, аз меҳмонхона барои ташхис бурдаанд.

Намояндагони тими Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки намояндагони Бозиҳои Осиё ҳаққ доранд, ки ба таври мунтахаб ва бидуни огоҳӣ ҳар варзишгареро, ки мехоҳанд, барои анҷоми ташхиси допинг ҷудо кунанд. Ба гуфтаи онҳо, ташхиси Бекназаров танҳо мавриди ҷустуҷӯи допинг дар бадани варзишгарони тоҷик, ки 92 нафар ба Инчон барои ширкат дар Бозиҳои Осиё омадаанд, набуд.

Вале дар боқӣ мавридҳо футболбозони тоҷик, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, "сарбаландона" аз ташхиси допинг гузаштаанд, чунки ташхиси хуну пешоби варзишгарони тоҷик нишон додааст, ки онҳо ягон навъи маводи нирӯдиҳандаи мамнӯъ, ё допинг истифода набурдаанд.

Дар мавриди Хуршед Бекназаров низ дар ҳоли ҳозир Шӯрои олимпии Осиё – масъули баргузории Бозиҳои Осиё – танҳо бо амри рондани ӯ аз макони ин мусобиқот иктифо карда, дар мавриди аз ҳаққи бозӣ маҳрум кардани ин бозигар дар оянда ягон тасмиме ҳанӯз нагирифтааст.

Хуршед Бекназаров инак дувумин намояндаи тими футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U23) дар Бозиҳои Осиё дар Инчон аст, ки аз идомаи ширкат дар ин мусобиқот маҳрум мешавад.

Нимҳимоятгар Абдулло Саидов, ки дар тими Тоҷикистон аз бошгоҳи ССКА “Помир” намояндагӣ мекард, дар Инчон ба иллати дарди кӯррӯда ҷарроҳӣ шудааст. Ба гуфтаи аъзои ҳайати Тоҷикистон, ҷарроҳии Абдулло хуб гузашт, вале ӯ барои чанд ҳафтаи дигар имкони бозӣ карданро нахоҳад дошт.

Тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар гурӯҳи С бар тимҳои Сингапуру Умон бо ҳисоби яксони 1:0 ғолиб омада, аммо дар бозӣ бо Фаластин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Дар ҳар сурат, футболбозони тоҷик бо 6 имтиёз дар гурӯҳи худ ҷои дувумро ба даст оварда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Тоҷикистон рӯзи 26 сентябр дар ин даври мусобиқот бо тими Ироқ - ғолиби гурӯҳи D вориди рақобат хоҳад шуд.

Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё аз 150 нафар, бо шумули 92 варзишгар, иборат аст. Аммо варзишгарони тоҷик то кунун дар ин мусобиқот ягон медал ба даст наовардаанд.