Муаллифони филми “Тангно” тасмим гирифтанд, ки маҳсули ҳунари худро танҳо дар толорҳо ба намоиш мегузоранд ва мисли қабл дар диск ба фурӯш намебароранд. “Тангно” панҷумин филми ҳунарии “Суғдсинамо” аст, ки бо буҷети зери ним миллион сомонӣ сохта шуда, ҳоло бо нахустнамоиши он дар толорҳои синамои Душанбеву Хуҷанд барои ҷамъоварии он талош дорад. Ин иқдом саволеро сари забонҳо кард, ки оё дар Тоҷикистон созандаи як филми ҳунарии хуб метавонад фоида бардорад ё кораш бо зарари молӣ хоҳад анҷомид?
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Идомаи кор аз ҷамъоварии маблағ вобаста аст”
Ба намоиш гузоштани филми ҳунарӣ дар як толори синамо дар Хуҷанд як таҷрибаи нав аст. “Суғдсинамо” филми қаблиаш “Паймон”-ро дар шакли диск ба фурӯш бароварда буд. Вале аз ин роҳ ҳатто маблағи буҷети филмро ҷамъ карда натавонист. Дар ҳоле ки фаъолияти оянда ва филмсозии “Суғдсинамо” ба ҷамъоварии маблағ бастагӣ дорад.
Дилошӯб Орифзода, продюсери филми “Тангно”, мегӯяд, таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки дар Тоҷикистон танҳо бо роҳи намоиш дар толор маблағ ба даст овардан мумкин аст. “Мардум меоянд, бо пули каме тамошо мекунанд ва мо ҳам хароҷоти худро мепӯшонем”, - гуфт Орифзода.
"Кинотеатр тӯйхона шуд"
Қумрӣ Ҷӯраева бо набераҳояш аз деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Хуҷанд ба тамошои филми “Тангно” омадааст. Дар худи ин ноҳия солҳост дар толорҳо тақрибан филм намоиш намедиҳанд. Ӯ гуфт, замони Шӯравӣ дар ҳар сари қадам имкони дидани филм вуҷуд дошт ва дар деҳоти дурдаст махсус омада, рӯи пардае барои мардум филм нишон медоданд. Ӯ гуфт, “пештар дар деҳаи мо ҳам кинотеатр буд. Хуб буд. Ҳама мерафтем, филм тамошо мекардем. Аммо ҳозир тӯйхона шуд. Набераҳоям аз телевизион эълонашро дида, хоҳиш карданд, ки ин филмро бинем.»
Дар Хуҷанд толори синамои замонавӣ вуҷуд надорад. Нахустнамоиши филми “Тангно” дар толори кинои сохти шӯравӣ ва ҳоло театри тамошобини наврас баргузор мешавад. Муҳиддинхоҷа Шарифхоҷаев, билетфурӯши ин толор, гуфт, тамошобини замони имрӯз одат дорад аз диск ва дар хона филм тамошо кунад.
"Аламовар аст, ки филмҳои “Тоҷикфилм”-ро медузданд"
Вале дискфурӯшиҳои сари ҳар қадам аз филмҳои гуногун, аз моли Ҳолливуд то филмҳои ҳиндиву сериалҳои туркӣ пуропур аст. “Тоҷикфилм” низ бо филмҳои камшумори худ гӯшаҳое дорад. Пайи қадами сокинон тамоми рӯз ба дискфурӯшиҳо низ канда нест.
Маҳмадназар Маҳкамов, мудири корхонаи давлатии “Кино ва видео” дар вилояти Суғд мегӯяд, вале бозори дискфурӯшӣ аз дискҳои қочоқӣ ва пастсифат холӣ нест. Масъулони ин корхона имсол ва солҳои пеш ба фурӯш гузоштани дискҳои нусхабардоришудаи филмҳои тоҷикӣ, аз ҷумла “Паймон”-и “Суғдсинамо”-ро ошкор кардаанд. Соли ҷорӣ ин ниҳод наздики 5 ҳазор диски пастсифат ва нусхабардоришударо аз фурӯшгоҳҳо мусодира кард. Ба қавли ӯ, коргоҳаш тани танҳо дар назорат ва танзими бозори дискфурӯшиву пешгирӣ аз ворид шудани дискҳои қоқочқӣ надорад.
“Аламовар аст, ки ҳатто филмҳои “Тоҷикфилм”-ро нусхабардорӣ мекунанд ва мефурӯшанд. Вақте филмсозон ҳатто пули сарфкардаи худро ҷамъ оварда наметавонанд, дилшикаста мешаванд ва дасту дилашон ба кори нав намеравад», - гуфт ӯ.
"Филмҳоро дар куҷо фурӯшем? Дар сари роҳ?"
Созандагони ягон филми ҳунарӣ дар Тоҷикистон то ҳол нагуфтаанд, ки аз фурӯши дискҳои филми худ даромад карданд. “Суғдсинамо” филми “Паймон”-и худро дар ҳудуди 20 ҳазор диск фурӯхта тавонисту бас.
Муҳиддини Музаффар, раиси студияи давлатии “Суғдсинамо” дар Хуҷанд, гуфт, ҳоло ки мехоҳанд филми нави худро дар толор ба намоиш гузоранд, мушкили умда набуди толорҳои синамо дар Тоҷикистон аст. Аз пешина ҳудуди 900 толори синамо ҳамагӣ ба тӯйхонаву марказҳои фарҳангиву ҳунарии дигар бадал ва бархе дарбаста шудаанд. Муҳиддини Музаффар мегӯяд, “толор барои филмсозон мисли бозор барои як деҳқон аст. Аз ин нигоҳ мо мисли як деҳқоне ҳастем, ки ҳосил бардоштааст, вале намедонад дар куҷо фурӯшад. Дар сари роҳҳо? Барои ҳамин, мо худамон дар ҳар деҳа толори тобистона ташкил карданӣ ҳастем. Дар он филмҳои худро ба намоиш мегузорем.”
Ӯ гуфт, аз намоиш ва фурӯши 5 филми ҳунарие, ки “Суғдсинамо” бардошт, зарар диду суд набардошт. Дар ҳоле ки пули сохтани филм умдатан аз буҷа пардохта шудааст: “Барои ҳамин, бояд мардумро ба толори синамо даъват кунем. Зеро аз он дискҳое, ки ба фурӯш гузоштем, зарар дидему фоида – на. Нусхабардорӣ шуданд ва натавонистем маблағи харҷкардаи худро баргардонем. Яъне, дар таҷриба дидем, ки дар ҳоли ҳозир ба ҷуз намоиш дар толор дигар роҳи пӯшондани хароҷот ва фоида гирифтан надорем.”
Аммо созандагони филми “Тангно” мегӯянд, баъд аз сохтани 5 филми ҳунарӣ низ дидани чеҳраи хушбахти даҳҳо кӯдакон ва калонсолони хушбахту хандон, ки ба тамошои филми онҳо ба толор меоянд, беҳтарин мукофоти амалест, ки аз филмсозӣ мегиранд. Вале ҳанӯз аз фурӯши дискҳову намоишҳо дар толор пули калони кофӣ барои пӯшондани хароҷот ва бардоштани филми навбатии худ ба даст наовардаанд. Орзуе, ки барои амалӣ кардани он ин навбат камар бастаанд.