Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам ва Сӯҳроб қаҳрамонҳои филми коргардони тоҷик дар Ҳолливуд


Нақши бародарон Рустам ва Сӯҳробро худи Ҷайҳун Насимӣ иҷро мекунад
Нақши бародарон Рустам ва Сӯҳробро худи Ҷайҳун Насимӣ иҷро мекунад

Дар Ҳолливуди Амрико филми як ҳунарпеша ва продюссери тоҷик ба намоиш гузошта шуд, ки достони ду бародари тоҷик аст, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳам ҷудо мешаванд ва баъд аз солҳо дар ҷанги дигаре дар рӯ ба рӯи ҳам қарор мегиранд. Яке ҳамчун сарбози амрикоӣ ва дигарӣ ҳамчун ҷангҷӯи Толибон.

Муаллифи сенария ва продюссери филми Филми “Шикастнохӯрда” (Unfallen) Ҷайҳун Насимӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад, бо ин филм нишон бидиҳад, ки ҳар ҷангу парокандагӣ оқибатҳои бисёр бад дорад.

Айни замон ба гуфтаи ӯ, фалсафа ва паёми филм ин аст, ки “Ба мардуми Ғарб, ки гоҳо дар бораи мардуми шарқ тасаввури нодуруст доранд, нишон бидиҳем, ки дине ё миллате бад нест, балки одамоне ҳастанд, ки миллат ва ё динеро бад нишон медиҳанд.”

Қисме аз филми мазкурро дар Тоҷикистон ба навор гирифтаанд ва қисмеро, ки бояд дар Афғонистон наворбардорӣ мешуд, ба далели ноамнӣ дар он кишвар дар аёлати Вашингтон ба навор гирифтаанд. Харҷи филм ҳам кам набудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=map1T0OZvQk&feature=youtu.be

Лавҳаи тарғиботии филми "Шикастнохӯрда" дар Ҳолливуд
Лавҳаи тарғиботии филми "Шикастнохӯрда" дар Ҳолливуд

“Буҷаи филм тақрибан 200 ҳазор доллар шуд. Мо филмро дар муддати се моҳ ба навор гирифтем, вале басту банди он беш аз як сол гирифт. Ҳоло филм омода аст, ки ба тамошобинон пешниҳод кунем“, - гуфт Ҷайҳун Насимӣ, ки ҳамкорони амрикоиаш ӯро Ҷеймс ном мебаранд.

Ба гуфтаи Ҷайҳун Насимӣ ба ӯ дар ҷамъоварии маблағи филм, чанде аз тоҷикон дар Амрико ва ду студияи филмбардорӣ дар Лос-Анҷелес кӯмак кардаанд. Филми продюссери ҷавони тоҷикро рӯзи 30-уми июн дар Ҳолливуд ба намоиш гузоштанд ва Ҷайҳун гуфт, ки толор пур буд ва аз он хуб истиқбол карданд. Ӯ умедвор аст, ки филмро ба тоҷикӣ тарҷума карда, дар Тоҷикистон ҳам намоиш медиҳад.

Майкл Мадсен
Майкл Мадсен

Дар филм чаҳор ё панҷ нақшро ҷавонони тоҷик иҷро кардаанд ва дар он аз чеҳраҳои шинохтаи Ҳолливуд низ ду нафар ҷалдб шудаанд. Яке Майкл Мадсен, аз ҳунармандони шинохта аст, ки аксарият ӯро дар филмҳои Син Сити ва Килл Билл мешиносанд. Ҷеймс Ҳонг, ҳунарпешаи чинитабор, ки дар 500 филмҳои ҳунариву телевизионӣ нақш иҷро кардааст, дар филми “Шикастнохӯрда” яке аз нақшҳои асосиро офаридааст. Нақши ҳарду бародар Рустам ва Сӯҳробро, ҳам сарбози амрикоӣ ва ҳам Толибро худи Ҷайҳун Насимӣ иҷро кардааст ва ба Радиои Озодӣ гуфт, тамоми ҳунарашро ба харҷ дод, то нақшҳо табиӣ бошанд.

Ҷайҳун Насимӣ достони комили филмро ба Радиои Озодӣ нагуфт ва афзуд, ки мехоҳад, бинандагон худашон тамошо кунанд ва назарашонро бигӯянд. “Мо дар охири филм нишон медиҳем, ки ду бародар якҷо мешавад, сулҳ ва муттаҳидди халқи тоҷикро нишон медиҳад. Мутаҳидди халқи Амрико ва афғонро нишон медиҳанд. Онҳо тамсили сулҳ ва муттаҳидӣ ҳастанд.

Ба мардуми Ғарб, ки гоҳо дар бораи мардуми шарқ тасаввури нодуруст доранд, нишон бидиҳем, ки дине ё миллате бад нест, балки одамоне ҳастанд, ки миллат ва ё динеро бад нишон медиҳанд.

Продюссери иҷроияи филм Сироҷиддин Мирзоев аст, ки барои ба навор гирифтани филм саҳми зиёд гузоштааст.

Нашрияи "Лос-Анҷелес Таймс", ки нақде дар бораи филми "Шикастнохӯрда" навиштааст, ин филм бо буҷаи кам бардошта шуда нуқси зиёд дорад. Бо вуҷуди ин талоши коргардони ҷавони тоҷикро иқдоми ҷасурона дар Ҳолливуд медонанд, ки расидан ба мартабаҳои баланд дар онҷо ба осонӣ даст намедиҳад.

Ҷайҳун, ки соли 2009-ум ба Амрико рафтааст, солҳост дар онҷо кор мекунад ва дар филмҳои мухталиф нақш иҷро кардааст.

XS
SM
MD
LG