Дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор баъди мушкилоти чормоҳа дар остонаи фурӯпошӣ қарор гирифтааст. Масъулини тим мегӯянд, дастгирӣ нашудани дастаи маъруфи маҳаллӣ аз ҷониби маъмурияти ноҳия ва ҳатто пулакӣ шудани истифодаи варзишгоҳ, онҳоро ба чунин ҳоли бад овардааст. Футбол яке аз навъҳои хеле маҳбуби варзиши ҷавонҳои маҳаллӣ ва ҳам сокинони манотиқи атроф аст ва ба қавли коршиносон, дар саргарм ва ҳам дур нигоҳ доштани ҷавонҳо аз хатарҳои мисли ҷинояткориву ифротгароӣ мусоидат кардааст.
Дастаи “Ҳосилот” аз чаҳор моҳ ба ин тараф бо мушкили молӣ рӯбарӯст ва раҳбарияти даста мегӯянд, ки бидуни кӯмаки мақомот дигар имкони давом додани фаъолиятро надоранд.
Роҳбарияти дастаи “Ҳосилот” мегӯяд, чор моҳи ахир бо мушкилӣ фаъолияти дастаро пеш мебуранд ва бидуни ёрӣ дигар имкони давом додани фаъолиятро надоранд. Нурулло Маҳмудов, президенти клуби “Ҳосилот” авоили ин ҳафта дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди нав шудани раиси ноҳия онҳо умедвор буданд, ки дастгирӣ мешаванд, вале интизориҳои онҳо то ҳанӯз натиҷа надодааст.
Маҳмудов афзуд, футбол ва пӯшиши хароҷоти даставу варзишгарон корест, ки таваҷҷӯҳи ҳамешагиро мехоҳад ва бидуни таъмини молии ин даста кори босифат ва касбии футбол, тарбияи варзишгарон ва омода кардани онҳо ба мусобиқаҳои ҷиддии ҷумҳуриявиро тасаввур кардан маҳол аст. Президенти клуби “Ҳосилот” мегӯяд, «ҳоло метавонем гӯем, ки ин даста пароканда шудааст». Маҳмудов аз он изҳори норизоият мекунад, ки танҳо варзишгоҳи марказии ноҳия, ки барои тамрину бозиҳои футболбозони маҳаллӣ истифода мешуд, барои онҳо ҳам пулакӣ шудааст
“Қаблан варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор барои мо ройгон буд. Аммо ҳоло онро пулакӣ кардаанд. Аз ҳисоби фурӯши чипта 30 фоизи маблағро мегиранд ва боз ҳар моҳ 3 ҳазор сомонӣ маблағ месупорем. Ҳатто барои тамрини даста дар варзишгоҳ аз мо пул мегиранд»,-гуфт Нурулло Маҳмудов.
Ба қавли Маҳмудов, муроҷиатҳои инфиродии онҳо ба сармоягузорони эҳтимолӣ ва ё соҳибкорони муваффақи зодаи Фархор ҳам натиҷа надод. Ҳарчанд ҳамаи онҳо ба зарурати маблағгузории дастаи маҳбуби футбол таъкид мекунанд, то ҳанӯз ҳеҷ созмон ё соҳибкори инфиродӣ омода нашуд, ки ин дастаро пуштибонӣ кунад. Харҷи яксолаи таъмини клуби «Ҳосилот» солона беш аз як миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулини ҳукумати ноҳияи Фархор вуҷуди мушкили маблағгузории танҳо дастаи футболи «Ҳосилот»-ро эътироф мекунанд, вале таъкид мекунанд, ки ба даста «ҳадди имкон кӯмак хоҳанд кард». Муҳаммад Вализода, сардори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фархор мегӯяд, бо сабаби буҳрони молиявӣ, шояд роҳбарияти ноҳия натавонистанд ба даста кӯмак намоянд.
Ин масъули ҳукумати ноҳияи Фархор дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “мо аллакай ба роҳбарияти ноҳия муроҷиат кардем, то ба дастаи “Ҳосилот” кӯмак намоянд. Роҳбарияти ноҳия низ моро умедбахш карданд, ки кӯмак мерасонанд. Яъне мо нагуфтаем, ки “Ҳосилот”-ро дастгирӣ намекунем, балки аз имконияти мавҷуда истифода мебарем.”
“Агар нашавад ба дигар клуб мегузарем”
Варзишгарони дастаи “Ҳосилот” мегӯянд, баъди сабқати ахир бо дастаи ССКА “Помир” онҳо пароканда шудаанд ва бидуни маош наметавонанд ба фаъолияти худ идома диҳанд. Ҳасан Рустамов, як варзишгари дастаи “Ҳосилот” мегӯяд, дастаро тарк накардаанд, вале бе маош низ наметавонад кор кунад. Ба гуфтаи Ҳасан Рустамов, “то анҷоми давраи аввали мусобиқоти Лигаи олии Тоҷикистон имкон надорем, ки бозӣ кунем. Агар баъди даври аввали мусобиқот низ моро дастгирӣ накунанд, мумкин аст мо ба клуби дигар равем.”
Мушкилоти дастаи “Ҳосилот” пас аз он мавриди баҳси ҷиддӣ қарор гирифт, ки 23 апрел Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии даста баъди бохти бозӣ ба ССКА “Помир”-и Душанбе (0:1), аз вазифааш истеъфо дод.
"Ҳосилот" ба мисли дастаҳои пурмухлистарини "Равшан"-и Кӯлоб, "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан ва "Хайр"-и Ваҳдат ҳазорон ҳаводорашро хушнуд мекард. Вале имрӯз бо ин дастаҳо ҳамтақдир шуда, дар сурати ҳимояти молӣ наёфтан бо Лигаи олӣ худоҳофизӣ хоҳад кард.
Дастаи "Ҳосилот" таҳти раҳбарии Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев имсол барои аввалин бор Тоҷикистонро дар мусобиқаи ибтидоӣ ё пешакии Ҷоми АФК-2017 намояндагӣ кард. Ин даста 4 марти имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон тими “Истиқлол”-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва барои аввалин бор Ҷоми олии футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд.
Инчунин, “Ҳосилот” дар бозиҳои даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ пешсаф буд, аммо баъди мағлубияташ дар се бозии ахир бо тимҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор (1:2), “Истиқлол”-и Душанбе (2:8) ва ССКА “Помир”-и Душанбе (0:1) дар ҷадвали мусобиқа бо даҳ имтиёз ба ҷои сеюм фаромад.
Варзиш беҳтарин роҳи «муолиҷа» ифротгароӣ аст
Дар ҳоле, ки мақомоти тоҷик мубориза бо ифротгароӣ ва ҷалби ҷавонҳоро ба гурӯҳҳои ифротии силоҳбадаст, аз ҷумла сафарбаршавии онҳоро ба ҷангҳои хориҷӣ шадидан назорат ва ҷилавгирӣ мекунанд, коршиносон варзишу ҳунарро аз роҳҳои муассири муқобила бо ин зуҳурот меноманд. Таҳлилгарон мегӯянд, барои ҷавонҳои хунгарм ва дар такопӯи зиндагӣ дар шароити бекорӣ, набуди машғулиятҳои алтернативии хушгузаронии мисли клубҳои ҳунариву мусиқиву варзишӣ ҳеҷ имконияти дигари сарфи вақту нерӯ пешниҳод намешавад.
Дар ин сурат, хатари гароиши ҷавонҳо ба ақидаҳои мухталиф, аз ҷумла хатарзо ва ҷиноятпеша бештар мешавад. Вале дар чунин вазъ танҳо фаъолияти мунтазами як клуби маҳаллии варзишӣ метавонад на танҳо даҳҳо варзишгари касбӣ, балки тамошобинону ҳаводорони онҳоро ҳам машғул нигоҳ дорад ва барои майли наслҳои баъдӣ ба варзиш ва сабқатҳои баланди инсониву касбӣ ҳидоят кунад.