Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон тими «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, барои аввалин бор соҳиби Ҷоми олии футболи Тоҷикистон гардид. Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон миёни "Истиқлол", қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2016 ва "Ҳосилот", ҷоизадори нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар, баъд аз зӯҳри шанбеи 4 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури 14 ҳазор тамошогар баргузор шуд.
Футболбозони “Ҳосилот” Суперҷоми Тоҷикистонро ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бурданд.
Агблей Ҷонс, легионери африқоии “Ҳосилот”, дар дақиқаи 9-уми бозӣ бо дарвозабони “Истиқлол” Никола Стошич як ба як баромад, вале дарвозабон тӯби задаи ӯро бо муштҳояш баргардонд. Дар ин лаҳза зарбаи такрории Хайрулло Азизов Стошичро маҷбур сохт, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад. Голи дувумро Агблей Ҷонс дар дақиқаи 30-юм ба самар расонд. Дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи “Ҳосилот” ба танаффус баромаданд.
Дар нимаи дувуми дидор бозигарони ҳарду даста барои голзанӣ имкониятҳои хуб доштанд, вале танҳо аз як вазъият Дмитрий Барков, легионери “Истиқлол”, дар дақиқаи 89-ум истифода карда, ҳисобро тағйир дод. Ба ин тартиб, ин бозии пуршиддат бо пирӯзии “Ҳосилот” бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Футболбозони “Ҳосилот” Суперҷоми Тоҷикистонро ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бурданд.
Ҳайатҳои дастаҳо:
«Истиқлол» (Душанбе): 1. Никола Стошич. 5. Артём Барановский. 4. Дэвид Мавутор. 26. Соҳиб Саванкулов. 19. Аҳтам Назаров. 62. Ҷаҳонгир Эргашев. 18. Фатҳулло Фатҳуллоев. 20. Амирбек Ҷӯрабоев. 8. Нуриддин Давронов. 17. Дилшод Восиев. 10. Дмитрий Барков.
Бозигарони эҳтиётӣ: 35. Қурбоналӣ Бобоев. 2. Сиёвуш Асроров. 23. Эҳсони Панҷшанбе. 63. Манучеҳр Ҷалилов. 21. Ромиш Ҷалилов. 9. Ҷаҳонгир Алиев. 3. Табрези Давлатмир.
Дар дақиқаи 34-ум дар ҳайати “Истиқлол” якбора се бозигар иваз карда шуд. Дилшод Восиев, Соҳиб Саванкулов и Ҷаҳонгир Эргашев майдонро тарк карданд. Ба майдон Ромиш Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов ва Ҷаҳонгир Алиев омаданд.
Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев.
«Ҳосилот» (Фархор): 25. Рустам Ризоев. 14. Ойбек Абдуғаффоров. 3. Мӯсо Содиқ. 2. Сафаралӣ Каримов. 24. Ҳасан Рустамов. 7. Иброҳим Рабимов. 8. Хайрулло Азизов. 21. Абдурасул Раҳмонов. 19. Муҳаммадҷони Ҳасан. 11. Шодибек Ғаффоров. 20. Агблей Ҷонс.
Бозигарони эҳтиётӣ: 16. Фатҳулло Бобоев. 26. Шаҳзод Давлатов. 9. Сайдалии Сафаралӣ. 18. Гершон Акуффо. 17. Наврӯз Рустамов.
Сармураббӣ: Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев.
Дар дақиқаи 12-ум ба ҷойи Шодибек Ғаффоров, ки пояш лат хӯрд, ба майдон Гершон Акуффо баромад. Дар дақиқаи 84-ум Наврӯз Рустамов ҳамдастааш Хайрулло Азизовро иваз кард.
Огоҳонида шуданд: Мӯсо Содиқ (“Ҳосилот”, 24, Артём Барановский (“Истиқлол”), 50, Гершон Акуффо (Ҳосилот”), 90, Ойбек Абдуғаффоров (“Ҳосилот”, 90+2), Ҳасан Рустамов (“Ҳосилот”), 90+3.
Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
Бояд гуфт, ки Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои ҳаштумин бор баргузор шуд. Аввалин бозӣ барои Суперҷом соли 2010 дар шаҳри Турсунзода барпо гардида буд. Баъдан беҳтарин дастаҳои кишвар барои Суперҷоми Тоҷикистон дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (2011), Ваҳдат (2012), Кӯлоб (2013), Душанбе (2014, 2015),Турсунзода (2016)ва Ҳисор (2017) мубориза бурданд.
Қаҳрамони феълии Тоҷикистон - «Истиқлол» - шаш бор – солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015 ва 2016 Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст. «Равшан»-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот” (2017) якборӣ Суперҷомро ба даста овардаанд.
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2017):
2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – “Хайр” (Ваҳдат) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 4:3
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – “Ҳосилот” (Фархор) – 1:2