Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи "Ҳосилот" бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ шудааст


Раҳбарияти дастаи футболи "Ҳосилот" мегӯянд, ки ин бошгоҳ дар ҳоли ҳозир бо мушкилоти молӣ дасту панҷа нарм мекунад ва ба кӯмаки сарпарастон ниёз дорад. Ба гуфтаи онҳо, агар бошгоҳ аз ҷониби мақомот ва сарпарастон пуштибонӣ нашавад, ба тақдири дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб, "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан ва "Хайр"-и Ваҳдат, рӯбарӯ хоҳад шуд.

Аъзои даста чор моҳ мешавад, ки маош нагирифтаанд ва ба ин иллат бархе аз бозигарони калидӣ дастаро тарк намудаанд.

Дар бозии охирин ва марказии даври панҷуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки шаби 11 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид, тими «Истиқлол», қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ҷоизадори нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии кишварро бо ҳисоби бузурги 8:2 шикаст дод.

"Ҳосилот" дар рӯбарӯи мушкили молӣ

Ин дувумин бохти “Ҳосилот” дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ба шумор меравад. Футболбозони ноҳияи Фархор дар даври сеюми мусобиқа 18 март аз дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда буданд.

Вале дар мусобиқаи имсола бо ҳисоби бузургтарин шикаст хӯрдани “Ҳосилот” аз тими “Истиқлол” боиси нигаронии ҳозорҳо алоқамандони дастаи пуртаҷрибаву номдори футболи кишвар гардидааст. Ҳол он ки “Ҳосилот” 4 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон тими «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, барои аввалин бор соҳиби Ҷоми олии футболи Тоҷикистон шудааст.

Ба гуфтаи раҳбарияти бошгоҳи “Ҳосилот”, даста, ки имрӯз бо мушкилоти молӣ рӯбарӯст, ба дастгириву кӯмаки сарпарастон ниёз дорад. Аъзои даста чор моҳ мешавад, ки маош нагирифтаанд. Ба ин иллат бархе аз бозигарони калидӣ, аз қабили Иброҳим Рабимов, Ойбек Абдуғаффоров, легионери ӯзбекистонӣ Сайриддин Ғаффоров ва дигарон дастаро тарк намудаанд.

Бар замми мушкилоти молӣ, Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор то ҳоло ба мавсими имсола омода карда нашудааст ва бозиҳои хонагии “Ҳосилот” дар Душанбе баргузор мешаванд.

Умуман, аз бозии даври панҷум бо “Истиқлол” чунин ба назар мерасид, ки бозигарони “Ҳосилот” хуши бозӣ кардан надоранд. Ин чизро, пеш аз ҳама, сармураббии даста Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев хуб эҳсос карда, дар ҷараёни бозӣ хеле ором ва аз баҳри дастурдиҳӣ ҳам гузашта буд.

Бар замми мушкилоти молӣ, Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор, ки дар онҷо соли гузашта ҳар як бозии “Ҳосилот” бо ҳузури беш аз даҳ ҳазор мухлис баргузор мешуд, то ҳоло ба мавсими имсола омода карда нашудааст. Аз ин рӯ, тамринҳои даста саривақт анҷом намеёбанд ва бозиҳои хонагии “Ҳосилот” дар Душанбе баргузор мешаванд.

Агар “Ҳосилот” феълан аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фархор дастгирӣ наёбад, онгоҳ ба мисли дастаҳои пурмухлистарини кишвар – “Равшан”-и Кӯлоб, “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан, “Хайр”-и Ваҳдат – ҳамтақдир шуда, бо лигаи олӣ хайрухуш хоҳад кард.

Алорағми бохт "Ҳосилот" пешсаф аст

Ёдовар мешавем, 8 апрел дар ду бозии даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бар дастаи меҳмон - «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ - бо ҳисоби якхелаи 2:1 пирӯз шуданд.

Дар як бозии дигари даври панҷум, ки 9 апрел дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар доир шуд, ССКА «Помир»-и Душанбе бар тими “Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, дастаи «Ҳосилот” бо вуҷуди бохт дар ҷадвали мусобиқа бо 9 имтиёз мавқеашро дар зинаи аввал нигоҳ дошт. Дастаҳои “Истиқлол” ва «Хуҷанд» бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум қарор доранд. “Истиқлол” ҳамагӣ се бозӣ кардааст.

«Истиқлол» - «Ҳосилот» - 8:2

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 11 аз пеналтӣ (1:0). Нуриддин Давронов, 12 (2:0). Агблей Ҷонс, 19 (2:1). Манучеҳр Ҷалилов, 34 (3:1). Аҳтам Назаров, 39 (4:1). Манучеҳр Ҷалилов, 49 (5:1). Манучеҳр Ҷалилов, 52 (6:1). Ҷаҳонгир Алиев, 53 (7:1). Дилшод Восиев, 56 (8:1). Шодибек Ғаффоров, 80 (8:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Аҳтам Назаров, Дэвид Мавутор (Эҳсони Панҷшанбе, 58), Амирбек Ҷӯрабоев (Ромиш Ҷалилов, 25), Ҷаҳонгир Алиев (Дилшод Восиев, 55), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков, Манучеҳр Ҷалилов.

«Ҳосилот» (Фархор): Фатҳулло Бобоев (Рустам Ризоев, 46), Содиқ Мӯсо, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Абдусамад Ҳоҷибоев (Сайдалии Сафаралӣ, 61), Шодибек Ғаффоров, Хайрулло Азизов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Абдурасул Раҳмонов, Наврӯз Рустамов (Гершон Акуффо, 46), Агблей Ҷонс.

Огоҳонида шуданд: Ромиш Ҷалилов, Дэвид Мавутор, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Сафаралӣ Каримов, Шодибек Ғаффоров, Агблей Ҷонс («Ҳосилот»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Сиёвуш Асроров ("Истиқлол"), - 78, Шодибек Ғаффоров ("Ҳосилот"), 88 - корти 2-юми зард

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

11 апрел. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ҳосилот» (Фархор)

5

3

0

2

9-11

9

2

«Истиқлол» (Душанбе)

3

2

1

0

14-2

7

3

“Хуҷанд” (Хуҷанд)

4

2

1

1

5-3

7

4

ССКА “Помир” (Душанбе)

4

1

3

0

1-0

6

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

5

1

2

2

3-4

5

6

“Вахш” (Қӯрғонтеппа)

5

1

2

2

2-4

5

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)

5

1

2

2

3-6

5

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

5

1

1

3

2-9

4

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 7 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот») – 3-тӯбӣ.

Даври 6-ум:

14 апрел (ҷумъа)

«Истиқлол» «Панҷшер»

15 апрел (шанбе)

«Регар-ТадАЗ» ССКА «Помир»

16 апрел (якшанбе)

«Барқчӣ» «Хуҷанд»

«Ҳосилот» «Вахш»

Оғози бозиҳосоати 16:00

XS
SM
MD
LG