Зиёни деҳқонони Хатлон аз ду тараф. Борон ва амри мақомот? ВИДЕО

Қобил Додарбеков, кишоварзони соҳибтаҷриба аз ноҳияи Дӯстӣ аст, ки мегӯяд, пиёзаш соли гузашта ба ҳадде зиёд буд, ки бехаридор монду пӯсид. Баръакси имсол, ки пиёз ҳосили хуб надод ва ба сабаби паст будани кайфияташ харидор ҳам ба тарафашон намеояд.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: ”Сабаб ҳаво аст. Касал омад ва хуб нашуд. Соли гузашта аз 50 сотих замин 1000 халта пиёз гирифтем, вале зарар дидем, вайрон шуданд. Соли гузашта пиёз 50 дирам буд. Имсол қиматаш хуб аст, вале ҳосили пиёз мисли пешина нест.”

Соли гузашта мақомоти расмии Тоҷикистон барои “ҳимояти бозори дохилӣ ва пешгирӣ аз болоравии нархҳо” иҷоза надоданд, пиёзи кишоварзони Хатлон ва дигар гӯшаҳои кишвар ба хориҷ ва бахусус ба Русия содир шавад. Аз ин сабаб қимати пиёз дар кишвар бисёр поин рафт ва деҳқонон фоида надиданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Табиат ба деҳқонони Хатлон раҳм накард

Дар ноҳияи Дӯстӣ имсол дар масоҳати тақрибан 2600 гектар пиёз кишт кардаанд, ки баробар ба соли гузашта аст. Қобил Додарбеков гуфт, ки кишоварзони зиёде зарар дидаанд ва худи ӯ имсол пиёзашро як сомону 20 дирам мефурӯшад, вале харидор надорад. Дар бозорҳои Хатлон қимати ин маҳсулоти кишоварзӣ то 2 сомонӣ ва дар Душанбе то ба 3 сомонӣ мерасад.

Меъроҷиддин Саидов, соҳибкор аст ва пиёзро аз деҳқонон мехарад ва ба бозорҳои шаҳри Бохтар мебарад. Ӯ ҳангоми хариди пиёз дар яке аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун ба Радиои Озодӣ гуфт: ”Сабаби камбуди пиёз дар он аст, ки соли гузашта зарар диданд, имсол зиёд кишт карданд, вале пиёз хуб нест ва ҳосили хуб надорад.”

Ҳоким Ғайбуллоев, деҳқоне бо таҷриба 33-сола дар ноҳияи Ҷайҳун аст, ки назар ба дигар деҳқонони ноҳия ба ҳосили кишташ хушбин аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пиёзкорон дар Суғд мегӯянд, ба ҷои фоида зарар диданд

Ӯ мегӯяд: “Ман ду гектар пиёз кишт кардам, 35 ё 40 тонна пиёз бояд гирам, шукр. Имсол пиёз хуб аст, ки аз ду то 2 сомону 50 дирам мефурӯшам. “

Дар ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масоҳати кишти пиёз дар ноҳия коҳиш наёфтааст, вале ҳоло омори ҳосил дар ихтиёри онҳо нест. Идораи кишоварзӣ гуфт, ки як омили дигари боло рафтани қимати пиёз шояд дер расидани пиёз дар кишварҳои ҳамсоя аст.

Дар Хатлон имсол дар масоҳати бештар аз 9 ҳазор гектар пиёз кишт кардаанд. Вилояти мазкур бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон аст, вале теъдоди камбизоатон ҳам дар ин вилоят назар ба дигар минтақаҳо зиёдтар аст.