Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳқони тоҷик аз бозори русӣ бебаҳра монд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кишоварзони тоҷик аз поин рафтани қимати меваву сабзаҷоти худ изҳорӣ нигаронӣ карда, мегӯянд, ки ба далели коҳиши мизони содирот ба Русия, хисороти ҷиддӣ мебинанд.

Дилшод Шералиев, сокини 24-солаи ноҳияи Ҳисор дар оғози имсол ба умеди дарёфти фоидаи хуб дар беш аз 2 гектар замин пиёзи барвақтӣ кишт кард. Ба гуфтаи кишоварз, соле қабл пиёз дар Тоҷикистон аз 2,5 то 3 сомонӣ арзиш дошт ва ба ин далел бо харҷи ҳудуди 80 ҳазор сомонӣ пиёз парвариш кард ва интизори харидорон буд. Аммо аз баҳори имсол нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа пойин рафт.

“Фикр мекардам аз 2 гектар замин ҳудуди 100 тонна ҳосили пиёз мегирам. Барои он ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ харҷ кардам. Аммо нархи пиёз хеле пойин рафт. Ҳоло дар канори роҳи Душанбе-Ҳисор як килограмм пиёзро бо нархи 50 дирам мефурӯшам. Харидорони яклухт хостанд, 30-дирамӣ ҳосили пиёзро фурӯшам, аммо розӣ нашудам” – гуфт, Дилшод Шералиев.

Харидорони яклухт хостанд, 30-дирамӣ ҳосили пиёзро фурӯшам, аммо розӣ нашудам

Ӯ афзуд, ҳамзамон дар қисме аз заминаш сирпиёз кишт кард ва тухмиро бо нархи 9 сомонӣ харидааст. Аммо ҳоло нархи сирпиёз дар Тоҷикистон то 3 сомонӣ пойин рафтааст. Ба гуфтаи вай, ҳамзамон қимати картошка ва карам низ ба таври бесобиқа пойин омада, ҳоло ба сурати яклухт як килограмм картошка то 80 дирам ва карам 50-дирамӣ ба фурӯш меравад.

Камии тақозо ва саҳлангории мақомот

Аз як тараф кам шудани тақозо ба маҳсулоти кишоварзӣ дар хориҷ сабаби поин омадани қимати маҳсулоти кишоварзӣ шуда бошад, аз тарафи дигар саҳлангории мақомот ҳам ба ин мусоидат кардааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, 18-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки сабаби кам шудани содироти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ба мушкилоти идорӣ марбут аст. Зеро, ҳарчанд роҳи оҳан аз вилояти Хатлон ба Узбекистон дар моҳи март барқарор карда шуд, вале соҳибкорон ва кишоварзон натавонистанд, зуд бо Роҳи оҳани Тоҷикистон шартнома барои кашонидани маҳсулоти кишоварзиро таҳия ва имзо кунанд.

“То замоне, ки соҳибкорон бо Роҳи оҳани Тоҷикистон қарордод имзо карданд, мавсими содироти мева анҷом ёфт. Бо мошинҳо кашонидани мева ва сабзавот ба далели арзон будани нархи маҳсулот дар Русия чандон судовар нест. Ҳоло мо феҳрасти ширкатҳои Русияро таҳия кардем, ки ба харидории маҳсулоти кишоварзии мо алоқаманд ҳастанд. Ин феҳрастро ба намояндаҳои худ дар минтақаҳои Тоҷикистон фиристодем, то онҳо тавонанд минбаъд аз қабл бо харидорони маҳсулоти кишоварзӣ дар Русия қарордодҳое имзо бикунанд” – гуфт, Шариф Саид.

Ҳосили заҳмати деҳқонони тоҷик харидор наёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Ояндабинии заиф дар соҳаи кишоварзӣ

Меҳр Собириён, иқтисоддони тоҷик дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки соле қабл кишоварзон ба кишти тарбуз бештар таваҷҷуҳ карда буданд ва дар натиҷа нархи ин навъи полезӣ соли гузашта хеле поин рафт. Имсол чунин вазъ ба пиёз ва дигар навъи сабзавот такрор шуд.

Меҳр Собириён
Меҳр Собириён

Меҳр Собириён афзуд: “Чунин вазъ гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон то ҳол мушкили идорӣ ё менеҷмент дар арсаи кишоварзӣ вуҷуд дорад. Мақомот, аз ҷумлаи ниҳодҳои омор аз кишти зиёди сабзавот ҳатман огаҳӣ доранд, аммо кишоварзонро ҳушдор надодаанд, ки аз кишти барзиёди пиёз худдорӣ кунанд, зеро нархи он поин меравад."

Ба қавли Меҳр Собириён ҳоло мумкин аст, соли оянда қимати пиёз боло равад. "Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон ояндабинии иқтисодӣ ба таври муосир роҳандозӣ нашудааст ва ин ҳодисаҳо пайваста такрор мешаванд», - мегӯяд ӯ.

Аз Тоҷикистон 63 ҳазор тонна пиёз харидаанд

Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ аз аввали соли ҷорӣ ба хориҷ аз кишвар беш аз 63 ҳазор тонна пиёз содир шудааст. Ҳарчанд дар Тоҷикистон аз аввали имсол ҳудуди 720 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст. Ҳамчунин имсол аллакай беш аз 190 ҳазор тонна полезӣ ва беш аз 100 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ шудааст.

Намояндаҳои ин вазоратхона аз додани иттилоъ дар бораи нархи пиёзи содиршуда худдорӣ карданд. Соли 2014 мақомоти кишоварзии Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки дар пайи таҳримоти ғарбӣ мехоҳанд содироти меваю сабзавот ба Русияро то 5 маротиба афзоиш диҳанд. Аммо то ҳол Тоҷикистон натавонистааст ба ин ваъдааш вафо кунад.

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки расидан ба чунин ҳадаф ғайримумкин мебошад. Зеро, ба гуфтаи вай, имконоти кишоварзии Тоҷикистон хеле маҳдуд аст.

"Тоҷикистон дар бозори кишоварзии Русия саҳми 2-дарсадӣ дорад. Дар сурати талоши мақомоти Тоҷикистон имкон дорад ҳаҷми маҳсулоти содиротии кишоварзӣ ба Русия то 15 дарсад бештар карда шавад, вале на бештар аз ин рақам."

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик.
Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик.

Ба ақидаи ӯ, дахолати ҳукумат ба кори муассисаҳои кишоварзӣ монеи кори деҳқонон мешавад.

"Мушкилоти зиёде аз рушди кишоварзии Тоҷикистон монеъ мешаванд, ки муҳимтаринаш ҳанӯз ҳам комилан мустақил набудани кишоварзон мебошад. Гӯиё, онҳо мустақиланд, аммо мақомот супориш медиҳад, ки пахта кишт кунед, зеро бояд зарфиятҳои корхонаҳои нассоҷии кишвар таъмин карда шаванд" - гуфт, коршиноси тоҷик.

Вай афзуд, ки пиёз маҳсулоти асосии содиротии кишоварзии Тоҷикистон мебошад, зеро интиқоли он ба роҳатӣ анҷом шуда, зимни парвариши ин зироат хатари бемориҳо камтар будааст. Вай мӯътақид аст, ки мушкили дигари асосии кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба набудани донишҳои хуби идории мақомоти кишоварзӣ ва фаъолияти ғайримуассири миёнаравҳо иртибот мегирад.

XS
SM
MD
LG