Шаҳрванди Русия дар Душанбе бо ҷурми "зархаридӣ" ба зиндон рафт

Барои нахустин бор дар Тоҷикистон як шаҳрванди Русия бо ҷурми зархаридӣ ва талоши пайвастан ба сафи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" маҳкум ба зиндон шуд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 27 январ дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки як шаҳрванди Русияро бо ҷурми “зархаридӣ” ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ин мард, ки аз ӯ танҳо “А.О.” ном бурдаанд, зодаи Тоҷикистон буда, соли 2011 шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст. Додгоҳ мегӯяд, ки А.О. моҳи сентябр дар марзи Туркия бо Сурия дар ҳоле боздошт шуд, ки мехост ғайриқонунӣ аз марз гузашта, ба сафи ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бипайвандад.

Бино ба гузориши додгоҳи Исмоили Сомонӣ, А.О. дар моҳҳои июн-августи соли 2015 аз тариқи шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бо нафаре бо номи “Фирӯз”, ки гӯё сокини Душанбе бошад, вориди мукотиба мешавад ва тавассути ин нафари шахсияташ барои мақомот ҳанӯз ношинос “ба ғояҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии ба ном “Давлати исломӣ” шинос шуда, онҳоро қабулу ҷонибдорӣ намуда, дидаву дониста, ки иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷанги дар ҳудуди дигар давлатҳо хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст мақсади ба Ҷумҳурии арабии Сурия рафтан ва дар амалиёти ҷангӣ дар сафи ин гуруҳи террористӣ иштирок намуданро кардааст.”

Бино ба хулосаи тафтишот, А.О. рӯзи 14 августи соли 2015 аз Маскав, пойтахти Русия ба шаҳри Истамбули Туркия парвоз мекунад. Дар онҷо ӯро роҳбалабони “Давлати исломӣ” пешвоз гирифта, баъди чанд рӯз аз Истамбул тавассути мошини мусофирбар ба шаҳри Ғозиёнтеппа, воқеъ дар наздикии марзи Туркия бо Сурия интиқол додаанд. Аммо дар Ғозиёнтеппа А.О., тавре сомонаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, менависад, «бо сабабҳои аз ӯ вобаста набуда, мақсади ҷинояткоронаашро то ба охир расонида натавониста аз ҷониби кормандони мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Туркия дастгир гардид.”

Ин шаҳрванди Русияро мақомоти Туркия рӯзи 18 сентябр ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.

Додгоҳ мегӯяд, ки дар ҷараёни мурофиа А.О. бар асоси қисми сеюми моддаи 32 (қасди ҷиноят) ва моддаи 401(зархаридӣ) муҷрим шинохта, ба 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар маҷмӯъ ҳудуди 1000 шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия рафта, феълан аз он шумор беш аз 600 нафар дар он ду кишвари ҷангзада боқӣ мемонанд. 110 нафари ин ҷангҷӯён аз шаҳри Душанбе будаанд. Ба ҳисоби вазорати корҳои дохилӣ, то имрӯз аз ҷангҷӯёни тоҷике, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, 156 нафарашон дастгир шуда, 61 нафар ихтиёран ба Ватан баргаштанд ва 148 нафар дар ҷангҳо ба ҳалокат расидаанд.

Ба бовари мақомоти Тоҷикистон, аксари ҷангҷӯёни тоҷики ҷангҳои Ироқу Сурия ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сафи гурӯҳҳои тундрав ҷалб шудаанд. Аммо А.О. нахустин шаҳрванди Русия аст, ки дар Тоҷикистон бо ҷурми талоши пайвастан ба сафи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” маҳкум ба зиндон шудааст.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Ироқу Сурияро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асиронаш ном баровардааст.

Ба бовари мақомоти Тоҷикистон, аксари ҷангҷӯёни тоҷики ҷангҳои Ироқу Сурия ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сафи гурӯҳҳои тундрав ҷалб шудаанд.

Кишварҳои ҷаҳон ба раҳбарии Амрико эътилофе ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 мавқеъҳои "Давлати исломӣ"-ро дар Сурия бомбборон мекунад. Аз сентябри соли 2015 Русия низ ба анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи мухолифини ҳукумати президенти Сурия Башор Асад шурӯъ кард, вале Маскав амалиётҳояшро аз эътилофи таҳти раҳбарии Амрико алоҳида анҷом медиҳад.

Фаъолияти "Давлати исломӣ" дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон, расман манъ ва ин созмон ба рӯйхати созмонҳои ифротиву террористӣ шомил карда шудааст.