Президенти Фаронса Франсуа Ҳолланд даъват кардааст, ки дар ин кишвар режими вазъи фавқулода идома ёбад. Ин паёмро раҳбари Фаронса баъди нашри навори видеои иштирокчиёни ҳамлаҳои моҳи ноябр ироа кард. Дар навор гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ " иддао мекунад, ки масъулони ҳамлаҳо пайравони ин созмон мебошанд.
Моҳи ноябр баъди куштори 130 нафар дар Порис ҳукумати Фаронса вазъи фавқулода эълон кард. Раҳбари Фаронса мегӯяд, моҳи феврал ҳукумат тамдиди семоҳаи вазъи фавқулодаро матраҳ мекунад.
Франсуа Ҳолланд афзуд: “Фаронса аз таҳдидҳои террористӣ хавф надорад. Мо баҳри дифоъ аз демократия тамоми кори имконпазирро иҷро хоҳем кард.Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, вазъи фавқулодаро тамдид кунем. Мо доимо аз арзишҳоямон ҳимоят хоҳем кард.”
Навори видеои гурӯҳи "Давлати исломӣ " тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Дар он сарбурӣ бо иштироки нӯҳ нафар намоиш дода шуда, таъкид мегардад, ки онҳо масъули ҳамлаҳои моҳи ноябр мебошанд. Муаллифони навор лақабҳо ва шаҳрвандии ин нуҳ нафарро ошкор кардаанд, ки се нафари онҳо фаронсавӣ, чор каси дигар шарҳванди белгия ва ду нафар шаҳрванди Ироқ будаанд.
Навор бо таҳдид ба сарвазири Британия Девид Камерон ба поён мерасад.
"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки қисматҳое аз қаламрави Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном "хилофат" кардааст. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмона нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони мазҳабҳои ғайр ном баровардааст.
Шоми 13 ноябри соли 2014 чанд гурӯҳи силоҳбадаст ба сурати алоҳида ба чанд минтақаи Порис, пойтахти Фаронса ҳамла карданд. Яке аз ҳамлаҳои дар наздикии варзишгоҳи Порис ҳангоми бозии тимҳои футболи Фаронсаву Олмон сурат гирифт. Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолландро, ки дар варзишгоҳ буд, баъди баланд шудани садои таркишҳо, аз варзишгоҳ берун бароварданд.
Дар ҳамлаҳои хунини Порис 130 нафар кушта ва беш аз 350 тан захмӣ шуданд.