Хадамоти иҷро миллионҳо сомониро ба манфиати давлат ситондааст

Ҳарчанд Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон кори худро дар самти таъмини иҷрои қарорҳои додгоҳӣ босамар арзёбӣ мекунад, вале бархе огоҳон бар ин назаранд, ки ин ниҳод дар фаъолияти худ муваффақ нашудааст.

Барно Саидвализода, раҳбари хадамот, рӯзи 17-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шаш моҳи имсол беш аз 23 ҳазор арзу муроҷиатро дастрас намудаанд, ки аз ҷумла ба масъалаи таъмини иҷрои санадҳои додгоҳӣ нигаронида шудаанд. Ӯ гуфт, барои барқарор кардани маблағи зарари расонидашуда ва ҷарима беш аз 8 миллион сомонӣ ва ба манфиати давлат ситонидаанд, вале дар бораи ҳаҷми маблағи ба манфиати сокинон ситонидашуда иттилоъ надод.

Тавсифи Саидвализода аз кори хадамот дар ҳолест, ки бархе сокинон мегӯянд, бо вуҷуди он ки барои ҷуброни зарар ва ё бозпасгардонии маблағашон қарори додгоҳро дар даст доранд, вале иҷрои он таъмин намегардад. Даҳҳо тан аз муштариёни ҷабрдидаи ширкати “Манзили дастрас” аз афроде ҳастанд, ки борҳо шикоят кардаанд, ки додгоҳ барои бозпас гирифтани маблағҳояшон аз сӯи ин ширкати тобеи ҳукумати Душанбе қарор содир намудааст, вале қарори додгоҳ иҷро намешавад.

Шикоятҳои пайваста ва ҳукмҳои иҷроношуда

Барно Саидвализода, раҳбари Хадамоти иҷро, мегӯяд, аз нигаронии муштариёни “Манзили дастрас” огоҳӣ доранд, вале ҳанӯз арзиши дороиҳои раҳбари ин ширкатро ҳисоб накардаанд. Саидвализода, гуфт: “Санадҳои додгоҳии раиси “Манзили дастрас” ва дигар ҳамроҳонаш дар баррасии иҷрочиён қарор дорад, вале арзиши воқеии амволи онҳо муайян нашудааст.”

Ба қавли Барно Саидвализода, тибқи ҳукми додгоҳ ҳаҷми зарари расонида ба муштариён аз ҳисоби Наимов беш аз 18 миллион ва аз ҳисоби яке аз ҳамроҳонаш бо номи Рустам Раҷабов 12,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Чунин маблағ ба гуфтаи вай, бо фурӯши дороиҳои маҳкумшудаҳо бояд ба нафъи ҷабрдидаҳо ситонида шавад: “То ҳол Хадамоти иҷро касе аз ҷабрдидагонро ба манзил таъмин накардааст”.

Ҳисоб нашудани арзиши дороиҳои ин ширкат дар ҳолест, ки аз эълони қарори додгоҳ дар нисбати раҳбари он 5 моҳ сипарӣ мешавад ва бархе муштариёни ширкат ба Радиои Озодӣ аз бетаваҷҷӯҳии мақомоти додгоҳиву маъмурони иҷрои ҳукми додгоҳ барои гирифтани маблағҳояшон борҳо шикоят кардаанд.

Моҳи феврали имсол Нурулло Наимов, раиси пешини “Манзили Дастрас” ба 21 сол ва панҷ ҳамроҳи ӯро мутаносибан аз 8 то 16-солии зиндон маҳкум карданд. То ҳол даҳҳо тан аз муштариёни ширкат барои соҳиби хона шуданд ва ё бозгардонидани маблағҳои худ талош доранд.

Дар нишасти хабарӣ раҳбарияти Хадамоти иҷро ҳамчунин гуфт, аз ҷониби маъмурони хадамот барои ҷуброни зарари моддӣ аз ҳисоби Раҷабалӣ Одинаев, молики ширкати “Умед 88” ба нерӯгоҳи “Роғун” беш аз 42 миллион сомонӣ ситонида шудааст: “Беш аз 114 миллион сомонии дигар боқӣ мондааст ва барои рӯёнидани ин миқдор маблағ тамоми чораҳо дида мешавад”.

Раҷабалӣ Одинаев моҳи октябри соли 2017 дастгир ва баъдан ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот ӯро ба барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", ки вазорати молия ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор карданд.

Бархӯрди дугуна, шаҳрвандон дар мақоми дуввум?

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, бархӯрди Хадамоти иҷро дар самти таъмини иҷрои қарорҳои додгоҳӣ нисбати ҳамаи парвандаҳо яксон набуда, дар фаъолияти ин идора духӯрагиҳо дида мешавад.

Ӯ рӯзи 17-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ин хадамот бо ҳадафи таъмини одилонаи иҷрои қарорҳои додгоҳӣ ташкил ёфтааст, вале афсӯс чунин нашуд: “Усули дугона дар кори он вуҷуд дорад, зоҳиран вонамуд мекунанд, ки корашонро дуруст анҷом медиҳанд, вале мо зиёд мушоҳида кардем, ки бесалоҳиятӣ зоҳир мешавад дар фаъолияташ. Мақомоти назоратӣ, аз ҷумла додситонӣ бояд кори онҳоро назорат кунад, ки аз рӯи виҷдон фаъолият кунанд”.

Ин ҳуқуқшинос таъкид мекунад, ки дар мисоли парвандаи молики “Умед-88” ва раиси пешини “Манзили дастрас” таваҷҷӯҳи бештар ба манфиати сокинони оддӣ дода нашудааст: “Дар қазияи “Умед-88” ин ҷо сиёсат аст, нигаронии президент дар дидори соҳибкорон дар робита ба фаъолияти ин ширкат буд, дар ин қазия бисёр соярӯшанҳо аст, дар парвандаи “Манзили дастрас” манфиати шаҳрвандони оддӣ аст ва бояд авлавиятро ба ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон диҳанд, ки таваҷҷӯҳи бештар сурат намегирад”.

Чунин иддаоро масъулони Хадамоти иҷро рад намуда, мегӯянд, муносибати онҳо дар робита ба таъмини иҷрои ҳамагуна қарорҳои додгоҳӣ мувофиқи қонуну одилона мебошад. Рӯзи 17-уми июл як намояндаи ин хадамот, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, иҷрои баъзе ҳукмҳо кори осон нест ва вақтро талаб мекунад.

Ҳарчанд таъмини иҷрои қарорҳои додгоҳӣ яке аз вазифаҳои асосии Хадамоти иҷро ба ҳисоб меравад, вале бо таъсиси ин ниҳод ҳанӯз ҳам чун гузашта нигарониҳо аз адолати додгоҳӣ ва шеваи иҷроиши қарорҳои додгоҳӣ аз забони сокинон садо медиҳад.