Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарорҳои бекоршуда соҳибони қитъаҳои заминро сарсон кард


Додситонҳо дар вилояти Хатлон дар давоми шаш моҳи охир ҳадди аққал даҳ қарори раисони шаҳру навоҳии ин минтақаро бекор карданд. Аксари ин қарорҳо вобаста ба замин ва тақсимоти замин ба аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ будаанд.

Дар ин бора дар ҷараёни як нишасти хабарӣ масъулони додситони вилояти Хатлон хабар доданд. Онҳо мегӯянд, ки бо сабаби мутобиқ ба муқаррарот набудани қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ нисбати ин санадҳо эътирозҳои прокурорӣ оварда шуд.

Хуб мешуд, ки пеш аз содир шудани қарор санҷиш мешуд, меомӯхтанд ва баъд қарор имзо мешуд. Мебинем, ки дар ниҳоят аз ин қарорҳо бештари сокинон, кишоварзон зарар мебинад

Амирбеки Темур, раиси ноҳияи Ёвон яке аз он мақомотест, ки қарорҳои ӯ ҳам бекор шуданд. Амирбеки Темур рӯзи 6 август дар ҷараёни нишасти хабарӣ дар посух ба савори хабарнигорӣ Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳақиқат қарорҳои ӯ баъди эътирозҳои додгоҳӣ бекор шудааст, вале ӯ аз гуфтани ин ки чанд қарораш бекор шудааст, худдорӣ кард.

Ӯ танҳо гуфт, ки мизони бекоршавии қарорҳои раисони ҳукуматҳо “сол то сол кам мешавад”:

"Дар баъезе ҳолатҳо қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ҳастанд. Гоҳо баъди санҷишҳои дубора камбуди ошкор мешавад ва дар ин ҳолатҳо барои бекор карданашон асоси конкретӣ доранд”. Ӯ гуфт, дар ҳоле, ки масъулияти раисони ҳукуматҳо дар имзои қарорҳо аст, кормандони прокуратура ҳақ доранд, ки дурустии ин тасмимҳоро бисанҷанд. “Талош мекунем, ки бекор кардани қарорҳо такрор нашавад", гуфт Амирбеки Темур.

Аксари қарорҳо марбут ба замин аст

Дар танҳо ноҳияи Ёвон дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 426 қарор имзо шудааст, ки аксари онҳо вобаста ба замин будааст.

Дастрасӣ ба замин ва тақсими одилонаи он яке аз масоили доғ дар Тоҷикистони камзамин ба шумор меравад. Мақомоти ҳифзи қонун мегӯянд, ки дар баҳсҳои додгоҳӣ ва ҳам дар аризаҳо ба номи ваколатдори ҳуқуқи инсон аксари шикоятҳо атрофи ноодилона тақсим шудани замин мебошад. 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил мекунанд ва камбуди замин барои бунёди хонаҳои истиқомативу бо ҳадафҳои кишоварзӣ таҳтии назорати давлат қарор дорад.

Ҳавлие дар ноҳияи Ҷомӣ
Ҳавлие дар ноҳияи Ҷомӣ

Абдуҷҷабор Баҳодурзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки аз аввали соли ҷорӣ эътирозҳои додситониро вобаста ба қарорҳои баровардааш шунидааст:

"Ду адади эътирози баровардаро рад кардем. Додгоҳ ба манфиати мо ҳал кард, вале ду ҳолат ҷой дорад. Яктоаш вобаста ба як сотих замин буд, ки мутаассифона мо қарор баровардем, вале эътироз оварда бекор карда шуд. Дигарашро ёд надорам. Вале аз чор эътирози бароварда, танҳо ду ҳолат бекор карда шуд."

Қарори ду сол пеш имзошуда имрӯз боиси дардисар шуд

Алиакбар як сокини ноҳияи Вахш аст. Ӯ, ки чанде пеш бар асоси қарори мақомот соҳиби 5 сотих замин шуду чордевори манзили навашро бунёд кард, ҳоло дар як ҳолати номуайянӣ ва ноумедӣ қарор дорад. Мегӯяд, баъди қарори ҷудо кардани замин, ин қарор бекор шуд ва ҳоло ӯ бо кормандони кумитаи замин ва идораи ҷамоат вориди баҳс шудааст. Эътирози додгоҳӣ қарори ба истифода додани замин ба Алиакбарро бекор кард ва ҳоло ӯ ҳайрон аст, ки ба куҷо муроҷиат кунад.

Мегӯяд, аз сохтмони хонааш ду сол гузашт ва баъди ин қарор бекор шуд. “Ҳайронам, ки ҷубронро кӣ пардохт мекунад? Ман сохтмони хонаро оғоз кардам, ки қарор бекор шуд, ин қарори раиси ноҳия буд. Ҳоло ҳайронам, ки чӣ кор кунам. Барои замини ман қарор баромада буд."

Зеварниссо Маҳмадалиева, як сокини ноҳияи Вахш аст, ки тибқи қарори раиси ноҳия заминашро гирифта хонаашро вайрон карда будаанд. Баъди гузориши Радиои Озодӣ санҷиши додситонӣ оғоз шуд ва қарори раиси ноҳия бекор шуд ва ӯ заминашро дигарбора соҳиб шуд.

Бекор шудани қарор бар зарари кист?

Таҳлилгарон мегӯяд, ки ҳолатҳои бекор шудани қарорҳои замин на ҳамеша ба манфиати соҳибони онҳо мебошад.

Рустами Сафар, як коршиноси масоили иҷтимоӣ мегӯяд, мушкили бекор шудани қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ бештар ба таҳияи ҳуҷҷатҳо дар марҳилаи аввал рабт мегирад: "Сабабҳои бекор кардани қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ омилҳои мухталиф дорад. Якеаш бобаста ба замин аст. Хуб мешуд, ки пеш аз содир шудани қарор санҷиш мешуд, меомӯхтанд ва баъд қарор имзо мешуд. Мебинем, ки дар ниҳоят аз ин қарорҳо бештари сокинон, кишоварзон зарар мебинад."

Бекор шудани қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ дар ҳолест, ки додситонии вилояти Хатлон соли ҷорӣ аз афзоиши қонуншиканӣ дар бахши замин нигаронӣ мекунад.

Нусратулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон чанд рӯзи пеш дар ҷараёни нишасти хабариаш гуфт, ки 1414 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Қитъаҳои тақсимшуда
Қитъаҳои тақсимшуда

Додситони вилояти Хатлон гуфт, ки муомилоти ғайриқонунии замин ҷойи дорад: "Дар шаш моҳ 55 парванда вобаста ба замин нисбати мансабдорон аст. Нафароне, ки дар саргаҳи вайронкунии қонун ҳастанд ба ҷавобгарӣ мекашем, нисбати шаш нафар кормандони кумитаи замин, 6 нафар кормандони ҷамоатҳо ва ғайраҳо парвандаҳо боз кардем. Мисол, дар ноҳияи Фархор, раиси ҷамоати Дарқат заминро худсарона ба сокинон фурӯхтааст, ки нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст."

Баҳси замин дар аксар шаҳру навоҳӣ миёни мардум вуҷуд дорад. Замин дар Тоҷикистон моликияти давлат аст, аз ин хотир, тақсимоти замин ба салоҳияти мақомот вогузор шудааст. Вале бо сабаби кам будани пешниҳод ва зиёд будани довталабони замин, ҷараёни тақсими замин бо мушкилот, аз ҷумла гоҳо олуда бо фасод пеш меравад.

XS
SM
MD
LG