Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Чин соати марги худро интизоранд, агар бюрократия халал нарасонад, имкон доранд, аз марг наҷот ёфта ва ё ҳабси якумриро дар ватани худ сипарӣ кунанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ғуломалиевҳоро чӣ интизор аст?
Хоҳарам бо 4 фарзанд танҳо монда хост, ба Чин ҳероин бурда фурӯшад, аммо боздошт шуд. Кош, ӯро ба Тоҷикистон меоварданд. Хоҳарам бемории брутселлез дорад гирифтори бемории қалб шудааст
Имзои санади ниҳоӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин, ки табдили маҳкумшудаҳоро имконпазир мекунад, оилаи Ғуломалиевҳоро ба дидори дубора бо падару модар умедвор кардааст. Дар ҳоле ки падари хонадон Абдураҳим Ғуломалиев, қарор аст, соли 2018, баъд аз хатми мӯҳлати зиндон озод шавад, ҳамсари 56-солаи ӯ Хайриннисо Ғуломалиева бо ҳукми ҳабси абад панҷ сол боз дар зиндони занонаи Урумчӣ аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ғуломалиевҳо дар қатори 15 зиндонии тоҷик барои нақзи қонунҳои Чин ба мӯҳлатҳои мухталиф маҳбус шудаанд. Додситони кулли Тоҷикистон соли 2015 дар як ҷаласаи порлумон гуфта буд, ки дар зиндонҳои Чин 16 шаҳрванди кишвар нигаҳдорӣ шуда ва ҳамаи онҳо барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд. Юсуф Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар порлумон дар ҷараёни тасвиби созишномаи мазкур гуфта буд, чаҳор маҳкумшуда, аз ҷумла се зан ва як мард ба ҳукми қатл ва 5 нафар ба ҳукми зиндони абад маҳкум шудаанд. Ҳукми эъдоми як нафари онҳо соли 2016 ба иҷро даромад ва ҷасади ӯ ба Тоҷикистон интиқол ёфт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Насиба: Ин сафари нахустин ва охирини модарам ба Чин буд
Насиба Ғуломалиева, духтари Абдураҳим ва Хайриннисо Ғуломалиевҳо, рӯзи 20-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз шунидани хабари имзои санад миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Чин шод шудааст. Насиба гуфт, фақру нодорӣ ва зиндонишавии падар соли 2012 модарашро водор кард, ки бо ҳадафи дарёфти пули калони маводи мухаддир ба Чин биравад. Ӯ гуфт, ин сафари нахустин ва охирини модар ба Чин буд.
Ҳангоми боздошт бо хокаи маводи мухаддир модараш ба гуноҳи худ эътироф кардааст. Насиба Ғуломалиева гуфт, ки бо модар дар тамоми ин муддат танҳо моҳе як бор телефонӣ сӯҳбат мекунанд ва медонанд, ки бо сабаби гирифторӣ ба дарди қалб дар аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад ва аз ин рӯ ба кори маъмулии зиндон ҷалб намешавад.
Абрӯнисо: Кош ӯро ба Тоҷикистон меоварданд
Абрӯнисо Аламдорова, хоҳари Хайриннисо Ғуломалиева – гуфт, ки соли 2016 як миқдор пул қарз гирифта, ба Урумчӣ ба дидори хоҳараш рафт ва ӯро дар як ҳоли зор пайдо кард. Ӯ гуфт, “воқеан, пойҳояш ҳаракат намекунанд ва ӯ дар аробачаи маъюбӣ аст.”
Аламдорова аз қавли хоҳари зиндонияш гуфтааст, ки вақте ҳамсари ӯ дар Урумчӣ бо маводи мухаддир боздошт шуд, Хайриниссо хостааст ӯро бо роҳи ғайриқонунӣ, фурӯши маводи мухаддир аз зиндон берун кунад ва ба доми сангинтаре афтодааст. “Вазъи хоҳарам бисёр бад аст. Фақат болои аробача менишинаду ба дуриҳо дида медӯзад. Чандин сол қабл шавҳараш Абдураҳим Ғуломалиев зиёд қарздор шуд ва ба Чин барои тиҷорат маводи мухаддир бурд, аммо боздошт ва зиндонӣ шуд. Вай ҳам дар яке аз зиндонҳои шаҳри Урумчӣ нигаҳдорӣ мешавад ва бояд соли оянда аз маҳбас озод шавад. Хоҳарам бо 4 фарзанд танҳо монда буд ва бо машварати як дугонааш мехоҳад ба Чин ҳероин бурда фурӯшад, аммо боздошт шуд. Кош ӯро ба Тоҷикистон меоварданд. Хоҳарам бемории брутселлез дорад ва ба болои ҳамааш гирифтори бемории қалб шудааст”.
Навори интиқоли ҷасади Ҳасан Юсуфов аз Чин ба Тоҷикистон:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эҳтимоли озодии падар - таскини дил
Ин хонавода мегӯяд, умедворӣ барои озод шудани падар онҳоро таскин медиҳад, вале ҳукми абади модар тамоман ноумед кардааст. Дар сурати интиқоли Хайриннисо ба зиндони Тоҷикистон наздиконаш ҳадди ақал метавонанд бо ӯ дидорбинӣ карда ва ҳар сари чанд вақт аз ҳолаш бохабар шаванд.
Ҳоҷимоҳ Ғуломова, модари 80-солаи Хайриниссо Ғуломалиева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 21 июн гуфт, ки аз боздошти духтараш танҳо баъд аз як сол огаҳӣ ёфтааст. Вай гуфт, замоне, ки духтараш боздошт шуд, дар хона мехостанд маросими арӯсии писарро барпо кунанд. Хонум Ғуломова гуфт: “Ҳар боре, ки занг мезанам, мегиряду мегӯяд, кош ин корро намекардам. Ҳоло писарам издивоҷ кардааст, аммо ман дар зиндони Урумчӣ ва пойҳоям дигар ҳаракат намекунанд... Дар қатори дигар маҳбусон наметавонам ба кор равам ва бароям дар утоқи ҷудогона шароити кор фароҳам кардаанд. Чун забони чиниро намедонам, наметавонам бо касе ҳамсӯҳбат шавам. Танҳо як зане аз Қирғизистон дар ин зиндон маҳбус аст ва бо вай ба забони русӣ ҳамсӯҳбат мешавам”. Ҳоҷимоҳ Ғуломова мегӯяд, ки духтараш ба далели надонистани забони чинӣ ҳатто аз раванди муҳокимаи парвандааш иттилои комил надорад.
Абрӯниссо Аламдорова, хоҳари Хайриниссо мегӯяд, ки моҳе як маротиба ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат карда, дархости сӯҳбати телофонӣ мешавад. “Сипас, нафаре ба ман занг зада, шумораеро дар Чин номбар мекунад ва мегӯяд, ки дар кадом соат занг занем. Сӯҳбатҳои мо то 10 дақиқа идома меёбад”, - гуфт хонум Аламдорова.
Рӯзи 19-уми июн Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки санади ниҳоии табдили маҳкумшудаҳо миёни Душанбеву Пекин аз ҷониби сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ва муовини вазири корҳои хориҷии Чин Лю Ҷэнмин имзо гардид. Ин созишнома 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, соли 2015 аз ҷониби порлумони тасдиқ шуда буд. Созишнома пардохти хароҷоти интиқоли маҳбусонро ба ватан аз ҳисоби худи онҳо ваё хешовандонашон пешбинӣ мекунад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар созишномаи соли 2014 имзошуда гуфта шудааст, ки дар заминаи интиқоли маҳкумшудаҳо ба ватан дар ҳар ҳолат ба таври ҷудогона тасмим гирифта мешавад. "Ин масъала дар натиҷаи гуфтушуниди ду ҷониб ва ҳар як қазия дар алоҳидагӣ баррасӣ мешавад", гуфт нафари огоҳ аз шартҳои созиши Тоҷикистону Чин. Як далели аслии ин тасмим дар он аст, ки тамоми харҷи интиқоли маҳбусро бояд худи ӯ ё хешовандонаш ба ӯҳда гиранд. Дархости интиқоли маҳбус ба Тоҷикистон бояд ба мақомоти додситонии кулли кишвар ироа шавад.
Бино ба иттиллои додситони кулли Тоҷикистон, ҳоло ҳудудан 7 ҳазору 700 нафар маҳбуси тоҷик дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳар сол то сад нафари онҳо ба маҳбасҳои Тоҷикистон интиқол меёбанд.
Санад аз 19-уми июл ҳукми иҷро мегирад
Иҷроиши созишномаи табодули маҳкумшудаҳо ба се шаҳрванди Чин ҳам имкон медиҳад, ки барои идомаи адои мӯҳлати ҳабс ба ватани худ интиқол ёфбанд. Ин нафарон, ба қавли додситони кулли Тоҷикистон, барои таҷовуз ба номус, қасдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ва даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба зиндон маҳкум шудаанд.
Дар ҳоле ки шанси ба Тоҷикистон бозгаштан ва эҳтимоли дар оянда мавриди афв қарор гирифтани тоҷикони зиндонҳои Чин ба даст омадааст, барои Ҳасан Юсуфови 51-сола Чин макони охирин гардид. Соли 2016 ҷасади ин соҳибкорро, ки барои қочоқи маводи мухаддир қатл шуд, аз Урумчӣ ба Душанбе интиқол доданд. Он замон таъкид шуд, ки бо талошҳои сафорати Тоҷикистон дар Чин ва ба таври истисноӣ, хешовандон имкони ба Душанбе интиқол додани ҷасад ва хоксупории ӯро дар ватан ба даст оварданд.
Ҳакимов: Ин иродаи сиёсии мақомоти Чин аст
Коршиносони байналмилалӣ мегӯянд, қонунҳои Чин - як кишвари дорои ҷамъияти беш аз 1,3 миллиард, дар робита ба ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир муҷозоти сангин аз ҷумла ҳукми зиндони абад ва қатлро татбиқ мекунад. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, ҳам гуфт, “Чин барои чунин ҷиноятҳо ҳукми қатл бо шаклҳои мухталиф ё ҳукми абадро пешбинӣ кардааст. Бояд гуфт, ки дар зиндонҳои Чин шароити нигаҳдории ба ҳукми абад маҳкумшудаҳо хеле бад аст ва ҳамзамон мақомоти Чин иҷоза намедиҳанд, ки маҳкумшудаҳо ба ватани худ истирдод шаванд. Ин як нишонаи иродаи сиёсии мақомоти Чин аст.”
Шокирҷон Ҳакимов гуфт, ки агар Хайриниссо Ғуломалиева ба Тоҷикистон истирдод шавад, эҳтимоле вуҷуд дорад, ки додгоҳҳои Тоҷикистон ҳукми ин шаҳрвандро бозбинӣ кунанд. Вай афзуд: “Тоҷикистон қонунҳои байналмиллалиро дар муқоиса бо Чин эътироф кардааст ва барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводди мухаддир ҳадди ниҳоии маҳкумият аз озодӣ то 20 сол муқаррар шудааст. Агар Хайриниссо Ғуломалиева далелҳои сабуккунандаи гуноҳи худро дошта бошад, додгоҳи Тоҷикистон метавонад ҳукми ӯро сабуктар кунад”.
Сомонаи “The Diplomat” соли 2015 аз қавли Комиссиюни миллии мубориза бо маводи мухаддири Чин навишт, ки ҷиноятҳои марбут ба қочоқи нашъа ба феҳрасти чаҳор ҷинояти сангинтарин шомил мешаванд.
Тасвиби созишномаи миёни Тоҷикистону Чин дар мавриди бозпас гардонидани маҳкумшудагон дар ҳолест, ки то кунун Тоҷикистон бо Русия, Эрон, Украина, Афғонистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамин гуна шартномаҳо бастааст. Бино ба иттиллои додситони кулли Тоҷикистон, ҳоло ҳудудан 7 ҳазору 700 нафар маҳбуси тоҷик дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳар сол то сад нафари онҳо ба маҳбасҳои Тоҷикистон интиқол меёбанд.