Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Роҳзан”-ҳои асри 21. Се сол ҳукми зиндони як зани тоҷик дар Дубай


Шаҳри Дубай. Акс аз бойгонӣ.
Шаҳри Дубай. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи Дубай як занро, ки аз Тоҷикистон аст бо ҷурми ҳамдастӣ дар ғорати беш аз 1,3 миллион доллар ба 3 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи таҷдиди назари Дубай дар Имороти Муттаҳидаи Араб 3 сол ҳукми зиндони як занро, ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст таъйид кард. Ин зан ҳамроҳ бо ду шаҳрванди Русия ба ҳамлаи ғоратгарона ва баъдан дар хонаааш пинҳон кардани пулҳои дуздӣ айбдор шудааст.

Ду шарики ин зан – ҳарду шаҳрвандони Русия – дар моҳи май 5-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд ва додгоҳи таҷдиди назар рӯзи 18 июл ҳукми онҳоро низ бетаъғир гузошт. Тибқи ҳукми додгоҳ, ҳарсе узви ин гурӯҳи ҷиноӣ баъд аз адои ҷазо дар яке аз зиндонҳои Имороти Муттаҳидаи Араб, аз ин кишвари халиҷи Форс ихроҷ карда мешаванд.

Қаблан дар бораи чанд мавриди бо иттиҳомоте, чун тақаллуб, дуздӣ, нақзи шароити кору иқомат ва ҳатто танфурӯшӣ дастгир ва маҳкум шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб гузориш шуда буд, вале ин барои бори аввал аст, ки як шаҳрванди тоҷик ва он ҳам зан дар ин кишвари арабӣ бо ҷурми даст доштан дар ғорати дар маҷмӯъ 1,3 миллион доллар маҳкум ба зиндон мешавад.

Бино ба гузориши нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла сомонаи инглисии “Gulfnews” ва сомонаи русии “Русские Эмираты”, ин ду шаҳрванди Русия бо ҳамдастии як зани тоҷикистонӣ дар моҳи сентябри соли 2014 дар паҳлуи нуқтаи саррофии яке аз бонкҳо дар кӯчаи Ноифи шаҳри Дубай ба Т.Б ном соҳибкор аз Чин ҳамла карда, ҷузвдони ӯро бо 2,8 миллион дирҳам, муодили тақрибан 800 000 доллари ин чиноиро ба ғорат бурдаанд. Ин шаҳрванди Чин гуфтааст, 2 миллион дирҳамро аз нуқтаи саррофӣ ва 800 000 дирҳами дигарро аз бонк гирифта буд, вале дар роҳ аз бонк ба меҳмонхона ҳамлааш кардаанд.

Пулиси Дубай мегӯяд, ин ҷиноят бо шарофати наворҳои камераҳои назоратӣ, ки тамоми ҷараёни ҳамлаи ғоратгаронаро сабт карда буданд, ошкор шуд. Исми аъзои ин гурӯҳ нашр нашудааст, вале “Gulfnews” ду шаҳрванди маҳкумшудаи Русияро М.М ва А.С ва зани тоҷикистониро З.А. ном бурдааст.

Дар бораи зани тоҷикистоние, ки бо ҷурми ҳамдастӣ бо ҷинояткорон, таҳрик ба содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ ва нигоҳ доштани як қисми пулҳои ғоратшуда ба 3 соли зиндон маҳкум шудааст, иттилои зиёде дастрас нест. Ду ҳамлагари аввал дар бозпурсиҳои муқаддамотӣ дар бораи дар таҳияи нақшаи ин ҳамлаи ғоратгаронанақш доштани ин зан ва як гумонбари дигар, ки соҳибкори чиноиро бо мошинаш то бонк оварда буд, хабар додаанд.

Ин занро ҳамроҳ бо гумонбари чорум моҳи октябри соли 2014 дар гузаргоҳи марзии Ал-Бураймӣ дар марз бо ҳамсоякишвари Умон вақте дастгир карданд, ки ҳарду мехостанд қаламрави Иморотро тарк кунанд. Шоҳидон гуфтаанд, ки ин зан ва гумонбари чорум ҳангоми ҳамла ба шаҳрванди Чин ҳамлагаронро дар дохили мошин мунтазир будаанд.

Пулис 2 миллион дирҳам, муодили тақрибан 540 000 доллар аз пулҳои дуздишударо аз манзили ҳамин зани тоҷикистонӣ дар Ал-Бураймӣ кашф ва мусодира кардааст. Дар ҷараёни мурофиа, ба навиштаи “Gulfnews” ва сомонаи русии “Русские Эмираты”, ин зан эътироф кардааст, ки дар бораи молики сарватманди ширкате, ки пайваста аз тариқи бонк маблағҳои бузург дарёфт мекунад, маҳз ӯ ба ҳамлагарон хабар додааст.

Аммо гумонбари чорум, ки шаҳрванди кадом кишвар будани ӯ нашр нашудааст, ҳар навъ даст доштанаш дар ғоратгариро рад карда, гуфтааст, ки ӯ як ронандаи кирокаш буд ва дар бораи қасди ҷиноят доштани мусофиронаш хабар надошт.

Ба навиштаи “Gulfnews”, зани тоҷикистонӣ аллакай бо як парвандаи монанд, ки дар он сухан дар бораи ба ғорат бурдани 2 миллион дирҳам, муодили тақрибан 540 000 доллар мерафт, ба 3 соли зиндон бо ихроҷи баъдӣ аз қаламрави Иморот маҳкум шуда буд, вале бо супурдани гаравпулӣ шартан дар озодӣ қарор дошт. Баъд аз ҳамлаи дувуми ғоратгарона, ки бино ба ҳукми додгоҳ, аз сӯи гурӯҳи афрод бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст, додгоҳи “Gulfnews” Дубай гуноҳи ин занро собитшуда номид ва 3 сол ҳукми зиндони ӯро ба қувваи худ боқӣ гузошт.

Консулгарии Тоҷикистон дар Дубай мегӯяд, дар маҷмӯъ дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҳудуди 1200 шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Манучеҳр Икромов, намояндаи консулгарии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, агар дар гузашта ба Иморот ва асосан ба Дубай асосан тоҷирони тоҷик меомаданд, ҳоло бисёриҳо бо дарёфти визаи иқомат дар шаҳрҳои мухталифи Иморот дар меҳмонхонаҳо, мағозаҳо ва ҳатто дар ширкати давлатии такси кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG